Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
РӮЗНОМАНИГОРОН МИЁНИ ҲАМ ТАБОДУЛИ АФКОР НАМУДАНД
Имрӯз дар Кохи фарҳанг ва иттилооти шаҳри Бохтар дар мавзӯи «Вазифаҳои нави матбуоти даврӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» семинар-машварат доир гардид.
Тадбири мазкур таҳти раёсати муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардида, ки дар он сармуҳаррирони нашрияҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, соҳавӣ, маҷаллаҳои даврӣ, роҳбарони идораҳои таъбу нашр, почта, масъулини кафедраи рӯзноманигории донишгоҳҳо, ҳуқуқшиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи электронӣ ширкат варзиданд.
Дар семинар рӯзноманигорони миёни ҳам табодули таҷрибаву афкор намуда, дар мавзуъҳои «Инъикоси мавзуъҳои сиёсӣ ва вокуниш ба матолиби ВАО", «Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ва «Вазифаҳои нави матбуоти маҳаллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» маърӯза намуданд.
Баҳри боз ҳам беҳтар гардидани сифати матолиб ва чопи нашрияҳо, таъсис додани мактаби устоду шогирд дар назди идораҳои матбуот, бо роҳу услҳои нав пешниҳод намудани маводҳои журналистӣ, истифодаи самаранок аз имконоти сомонаҳои иҷтимоӣ ва бо матолиби сареъу ҷолиб ҳарчи бештар ҷалб намудани хонандагон фикру мулоҳизаҳои гуногун баён гардид.
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
БОНУИ МАТИНИРОДА
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД




