Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Вохӯриҳои судманди раиси вилояти Хатлон
14 марти соли равон дар шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Растислав Врбенский — мушовири калони директори UNOPS (Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба хадамоти лоиҳавӣ) мулоқот кард. Дар ин мулоқот имкониятҳои рушди ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи иҷтимоию гуманитарӣ баррасӣ шуданд.
Давлаталӣ Саид бо изҳори қаноатмандӣ аз равобити судманду самарабахши бисёрсола қайд кард, ки имсол 30-юмин солгарди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид ҷашн гирифта шуд. Ӯ гуфт: “Итминон дорам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ ташаббуси ҷаҳониро дар Созмони Милали Муттаҳид пешбарӣ карда, ҳамкориҳоро бо тамоми сохторҳои он, аз ҷумла UNOPS тақвият медиҳад”.
Гуфта шуд, ки имрӯз СММ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони дигари рушд ҳамкорӣ намуда, дар амалӣ намудани ҳадафҳои миллии рушд ба Тоҷикистон кумак мерасонад.
Иттилоъ дода шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба буҳрони COVID-19 ва таъсири манфии иҷтимоию иқтисодии он тавассути таҳияи Барномаи вокуниши ҳамаҷонибаи иҷтимоию иқтисодӣ барои Тоҷикистон 61 миллион доллар кумаки фаврӣ расонидааст.
Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо Растислав Врбенский ҳамчунин доир ба зарфиятҳои иқтисодию тиҷоратии вилояти Хатлон маълумот дода, зикр кард, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои нав пешниҳодҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба дастгирии молиявӣ, грантҳо ва кумакҳои техникӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла барои бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ ба инобат гирифта шаванд.
Растислав Врбенский — мушовири калони директори UNOPS афзуд, ки Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади таъмини Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушд барои соли 2016-2030 дар Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба хадамоти лоиҳавӣ (UNOPS) як бахши амалиётии Созмони Милали Муттаҳид буда, лоиҳаҳоро барои системаи СММ, институтҳои байналмилалии молиявӣ, ҳукуматҳо ва дигар шарикон дар саросари ҷаҳон амалӣ менамояд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Эрик Лебедел — кордори муваққатии сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат кард.
Зимни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса баррасӣ шуд.
Гуфта шуд, ки имрӯз СММ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони дигари рушд ҳамкорӣ намуда, дар амалӣ намудани ҳадафҳои миллии рушд ба Тоҷикистон кумак мерасонад.
Иттилоъ дода шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба буҳрони COVID-19 ва таъсири манфии иҷтимоию иқтисодии он тавассути таҳияи Барномаи вокуниши ҳамаҷонибаи иҷтимоию иқтисодӣ барои Тоҷикистон 61 миллион доллар кумаки фаврӣ расонидааст.
Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо Растислав Врбенский ҳамчунин доир ба зарфиятҳои иқтисодию тиҷоратии вилояти Хатлон маълумот дода, зикр кард, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои нав пешниҳодҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба дастгирии молиявӣ, грантҳо ва кумакҳои техникӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла барои бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ ба инобат гирифта шаванд.
Растислав Врбенский — мушовири калони директори UNOPS афзуд, ки Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади таъмини Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушд барои соли 2016-2030 дар Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба хадамоти лоиҳавӣ (UNOPS) як бахши амалиётии Созмони Милали Муттаҳид буда, лоиҳаҳоро барои системаи СММ, институтҳои байналмилалии молиявӣ, ҳукуматҳо ва дигар шарикон дар саросари ҷаҳон амалӣ менамояд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Эрик Лебедел — кордори муваққатии сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат кард.Зимни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса баррасӣ шуд.
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



