Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Панҷ корхонаи саноатӣ бунёд гардид
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 33 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо истеҳсоли маҳсулот асосан бо ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Ин нуқтаро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи болозикр Холмурод Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ иброз кард.
Маълум гардид, ки соли 2022 ин корхонаҳо ба маблағи 252 миллиону 769 ҳазору 800 сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 53 миллиону 792 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки дар ноҳия ба миқдори 341 ҳазору 722 тонна семент, 2343,3 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 608,4 ҳазор дона хишти сементӣ, 2633,7 тонна нахи пахта, 4382,2 тонна чигит ва 5917,5 тонна орд истеҳсол шудааст, ки дар маҷмӯъ ҳамаи нишондиҳандаҳо аз нақша зиёд мебошанд.
Соли сипаригардида дар ҳудуди ноҳия панҷ коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ аз қабили корхонаи хурди пахтатозакунии ҶДММ “Илҳоми Илҳомиддин”, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти тиббии ҶДММ “Ғолибҷон Холов”, коргоҳи дӯзандагии ҶДММ “Фирӯзаи Исматулло”, корхонаи истеҳсоли хишти сементии ҶДММ “Каримов Тоҳир” ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии Кооперативи истеҳсолии “Муҳаммадҷон А” сохта, мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Сулаймон СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


