Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
12 фев 20:45Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Иҷтимоъ / Маслиҳати муфид
Омилҳои дарозумрӣ ва серҳосилии боғистон
Яхобмонӣ, шурии хокро кам, ҳашароти зараррасони бехи дарахтро нест, ба ҳосили ниҳолони боғу токзор таъсир мерасонад. Нарм кардани замини боғу токзор ва зери дарахт, решаро мустаҳкам, қувваи ниҳолро зиёд, қадкашии дарахтро таъмин месозад. Шохабурӣ ё ба қавле қаламчаи мавсимӣ бошад, ҳосилнокиро зиёд ва ҳолати дарахтони мевадиҳандаро беҳтару солим мегардонад.
-Барои дуруст анҷом додани ин ҳама таҷриба, завқу заҳмат лозим асту риояи қоидаҳои агротехникӣ,- иброз медорад боғпарвари соҳибтаҷриба Абдусалом Назаров. Ӯ аз зумраи мутахассисони варзидаи соҳаи боғу токпарварӣ аст, ки назарияҳои илмии самти боғпарвариро дар амалия таҷриба намуда, ҳанӯз аз овони ҷавонӣ маҳорати худро сайқал медиҳад.
Ба гуфтаи Абдусалом ба даст овардани ҳосили фаровон, меваи хуштамъу босифат ва дарозумрии дарахтони мевадиҳандаи боғистонҳо ва серхаридор гардидани меваҷот аз риояи технологияи парвариши дарахтони мевадиҳанда вобастагии зиёд дорад.
Вобаста ба иқлими минтақа, боғдоронро зарур меояд дар як сол ду маротиба, дар моҳҳои декабру феврал боғу токзори хоҷагии худро яхоб монанд. Зеро бо дарназардошти тағйирёбии иқлим зарурат ба яхобмонӣ пайдо мешавад, аммо дар сурати сард омадани боду ҳаво, анҷоми корҳои яхобмонии боғу токзорҳо зарурат надорад,- мегӯяд Абдусалом Назаров.
Иқлими водии Вахш тӯли панҷсолаи охир нисбатан гарму камбориш буд, ки ин хоҷагидоронро водор месохт, то аз роҳу василаҳои гуногун ва донишҳои соҳавӣ истифода баранд. Ҳамин тавр бо анҷом додани яхобмонӣ, хусусан, ба боғдорон имкон дод, ки ҳатто бо гарм омадани фасли зимистон ҳам аз замину боғоти хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳосили хуб рӯёнанд.
Яхоб, ҳашароти зараррасонро кам, ҳосилро фаровон мекунад!
“Аксар аз боғдорон фикр мекунанд, обмонӣ дар фасли сармо дарахтро ба хушкшавӣ оварда мерасонад, вале баръакс намнокии решаву тани ниҳолон онҳоро аз таъсироти ҳарорати сарди фасли сармо нигоҳ медорад. Чун дарахтон бо сард омадани ҳарорати ҳаво карахт шуда, баъдан дар фасли баҳорон аз нав нашъунамо мекунанд. Бинобар ин, ба боғпарвароне, ки аз ман маслиҳат мепурсанд, тавсия медиҳам, ки шурӯъ аз моҳи декабр, пас аз хазонрезию оғоз гаштани фасли зимистон маъракаи яхобмониро ба таъхир нагузоранд. Чун агар яхоб дуруст анҷом дода шавад, намнокӣ дар хок захира гардида, ҳашаротҳои зараррасон несту нобуд шуда, касалиҳои гуногуни ниҳолон бартараф ва ҳосилхезии замину дарахтон зиёд мешавад”.
Ба гуфтаи ӯ бинобар тағйирёбии иқлим тайи чанд соли охир, дарахтони бодому зардолу ва шафтолу аз асари гармии боду ҳавои минтақа, бармаҳал гул мекунанд, ки баъдан дар ҳолати барфу боронҳои пасомад гулу муғҷаи дарахтон мерезанд. Аммо дар сурати гузаронидани яхоб дар моҳи декабр дарахтон дар ҳолати карахт монда, нашъунамои онҳо ба таъхир мемонад.
Чаро бехи дарахтонро нарм бояд кард?
Нарм нигоҳ доштани бехи дарахти мевадиҳанда, таъсирнокии нуриҳои минералиро ба дарахтон зиёд ва саривақтӣ мекунад, мегӯяд коршиноси соҳа Сабоҳатулло Музаффаров. - Вақте ки бехи дарахтонро нарм карда, онро аз ҳама алафҳои бегона тоза мекунем, пору ва дигар нуриҳои минералии ба зери дарахтон пошидашуда танҳо ба ниҳол мерасад, ки дар раванди қадкашӣ ва ҳосилхез гаштани боғу токзорон мусоидат мекунад.
Тавре ки Абдусалом Назаров иброз медорад, онҳо аз моҳи декабр беш аз 5 гектари боғи мевадиҳандаи худро нарм карда, атрофи дарахтонро аз алафҳои бегона тоза мекунанд. Барои сари вақт ва хушсифат анҷом додани нармкунии бехи дарахтон онҳо аз техникаи соҳавӣ истифода мебаранд. Айни замон бошад саҳмдорони хоҷагии онҳо ба ғизодиҳии ниҳолу дарахтони мевадиҳанда машғуланд. Бинобар гуфтаи боғпарвари собиқадор ҷуфти байни қаторҳои боғотро дар охири фасли тирамоҳ мегузаронанд, зеро баъди нарм кардани растаҳои дарахтон, ҳашароти зараррасон, ки зимистонро дар зери хок мегузаронанд, ба болои замин баромада ва аз таъсири сардиҳои зимистон несту нобуд мешаванд. Инчунин замини мулоим ба ҷабидан ва захиракунии намӣ мусоидат мекунад ва ин амал махсусан барои боғҳои лалмӣ ва ҷойҳое, ки танқисии обёрӣ доранд, муфид аст.
Ниҳоли шафтолу ҳам умри тӯлонӣ мебинад, агар...
Ба гуфтаи Абдусалом Назаров бо дарназардошти иқлими мусоиди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати рушди соҳаи боғпарварӣ, бахусус, парвариши дарахтони меваи шафтолу боғпарварон дар қисми бештари заминҳои наздиҳавлигӣ ва қитъаҳои ёрирасони хеш парвариши ин навъ дарахтонро рушду ривоҷ медиҳанд. Аз ҷумла, дар боғистони бобои Абдусалом 11 навъи дарахтони шафтолуи хуштамъ парвариш карда мешавад. Ӯ низ дар солҳои аввали ба парвариши ниҳолони шафтолу таваҷҷуҳ пайдо карданаш ба ин бовар буд, ки дарахти ин меваи серхаридор умри кӯтоҳ дорад. Бо мурури таҷрибаи боғдорӣ ва дуруст ба анҷом расонидани шохабурии мавсимӣ ва шаклдиҳии ниҳолони боғистони заминҳои наздиҳавлигӣ боварӣ ҳосил намуд, ки дар сурати дуруст анҷом додани шохабурӣ дарахтони шафтолу ҳам умри тӯлонӣ дида, сол аз сол ҳосили бештар медиҳанд.
-Ҳоло қисми зиёди дарахтони шафтолуи хоҷагии оилавии мо зиёда аз 15 сол умр доранд, зеро шохабурии дарахтони боғамонро ҳар мавсими зимистон сари вақт ва дуруст анҷом медиҳам, - мегӯяд Абдусалом Назаров. – Тибқи қоидаҳои агротехникӣ мо навдаҳои болои дарахтонро бурида, шохаҳои ҳосилдеҳи қисмати поёнии онро парвариш медиҳем. Агар навдаи қисмати болои ниҳолро бурида нагирем, шохаҳои ҳосилдеҳи қисмати поёнии дарахт хушк мешавад, зеро қувваи дарахтро навдаҳои боло гирифта, оқибат дарахтро шикастаю нобуд месозад.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дарахтони боғи бобои Абдусалом косашакл бурида шудааст, ки ин имкон медиҳад, ниҳол умри дароз дида, ҳосил фаровон ва меваи босифат диҳад. Бинобар ин, барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, аз ҷумла, меваҷоти лазизу ба содирот мувофиқ боғпарвари соҳибтаҷриба Сабоҳатулло Музаффаров тавсия медиҳад, ки шохабуриро дуруст ва саривақт бояд анҷом дод. Ба андешаи ӯ шохабурӣ тарзу усул ва муҳлати муайян дошта, вобаста ба навъу хусусиятҳои биологӣ, дарахтон башакл дароварда шаванд. Дар баробари сари вақт анҷом додани шохабурӣ ҳамзамон тасмими дигаре бо ном буриши санитариро анҷом бояд дод. Бо анҷом додани буриши санитарӣ деҳқон ҳамаи навдаҳое, ки гирифтори касалиҳо ва лонаи ҳашаротҳои зараррасон шудаанд, аз тани дарахтони боғ бурида ҷудо карда мешаванд. Ҳамзамон, дар доираи буриши санитарӣ меваҳои мумиёшударо аз дарахтон буридану шохаҳои хушк, шикаста ва иллат доштаро тоза кардан лозим меояд.
Низоми ИСО, “Сафо”

Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД