Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Беш аз 15 миллион зарари молиявӣ ошкор шуд
Аз ҷониби мутахассисони шуъбаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соли 2022 дар 146 ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои ҳудуди вилоят тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шудааст.Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати болозикр Карим Иброҳимзода маълумот дод.
Ӯ гуфт, ки дар натиҷа ба маблағи 15 миллиону 239 ҳазору 266 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардида, аз ин маблағ 12 миллиону 266 ҳазору 892 сомониаш барқарор карда шудааст.
Гуфта шуд, ки соли гузашта дар самти мубориза бо коррупсия 396 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта ошкор карда шудааст, ки аз ин теъдод 158 адад ҷиноятҳои вазнин мебошанд. Маблағи зарар аз рӯи онҳо 7 миллиону 144 ҳазору 860 сомонӣ буда, 4 миллиону 241 ҳазору 909 сомониаш рӯёнида шудааст. Инчунин дар ин давра 110 ҷиноят вобаста ба замин ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.
-Аз ҷониби Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон баҳри бартараф кардани сабабу шароитҳои ба содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта ба унвонии роҳбарияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳо 509 пешниҳод ва 75 дастурҳои хаттӣ ирсол карда шудааст, - гуфт К. Иброҳимзода.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД


