Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
12 янв 12:21Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Иҷтимоъ / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
“Тоҷик-азот” фаъолиятро оғоз хоҳад кард
Ба хотири истиқболи шоиста аз ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Левакант то ин ҷашни фархунда корхонаи азими саноатии ҶСК “Тоҷик – азот” мавриди истифода қарор дода мешавад.
Тавре замини суҳбат Олимҷон Шералиев, мутахассиси пешбари бахши саноату манзилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иброз кард, айни замон дар корхона таҷдиду барқарорсозӣ бомаром идома дорад ва бо ворид шудани гази табиӣ аз давлати ҳамсояи Ӯзбекистон он ба фаъолият оғоз мекунад.
-Дар ин корхонаи азим мутахассисони пеш фаъолияткунанда дубора ба кор ҷалб шудаанд ва дар ин баробар коргарони нав низ ба кор қабул шуданд. Айни замон дар ин корхона зиёда аз 700 нафар ба кор ҷалб шудаанд ва дар баробари ба фаъолият оғоз намудани он шумораи кормандон то 1,5 ҳазор расонида мешаванд, - гуфт О. Шералиев.
Феълан дар шаҳри Левакант 26 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар 11 моҳи сипаригардидаи соли 2022 ин корхонаҳо ба маблағи 235 миллиону 132 ҳазору 200 сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд. Ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи беш аз 54 миллион сомонӣ зиёд мебошад
Сулаймон СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


