Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дар Бохтар Рӯзи омӯзгор ботантана таҷлил карда шуд
Бахшида ба иди касбии омӯзгорон бо иштироки раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода дар Литсеи давлатии №1-и шаҳр, рӯзи 3 октябри соли равон чорабинии хотирмоне баргузор гардид.
Сараввал ҳайати меҳмонон аз дастоварҳои хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки дар саҳни Литсей ба намоиш гузошта шуда буд, дидан карданд.
Сипас дар толори маҷлисии муассиса вохӯрӣ бо ҳайати омӯзгорон доир гардид.
Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода зимни баромади хеш қайд кард, ки намоядагони тамоми касбу кор зери дасти омӯзгор тарбия меёбанд ва маҳз заҳмату машаққати эшон аст, ки шогирдонашон номбардори худу атрофиён мешаванд, аз ин рӯ, эҳтироми омӯзгор бояд дар мадди аввал бошад.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор омӯзгорони собиқадору он омӯзгороне, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштаанд ва шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, Сипосномаю Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, Раёсати маорифи вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Инчунин барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ 12 нафар кормандони соҳаи маорифи шаҳри Бохтар бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Сараввал ҳайати меҳмонон аз дастоварҳои хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки дар саҳни Литсей ба намоиш гузошта шуда буд, дидан карданд.
Сипас дар толори маҷлисии муассиса вохӯрӣ бо ҳайати омӯзгорон доир гардид.Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода зимни баромади хеш қайд кард, ки намоядагони тамоми касбу кор зери дасти омӯзгор тарбия меёбанд ва маҳз заҳмату машаққати эшон аст, ки шогирдонашон номбардори худу атрофиён мешаванд, аз ин рӯ, эҳтироми омӯзгор бояд дар мадди аввал бошад.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор омӯзгорони собиқадору он омӯзгороне, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштаанд ва шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, Сипосномаю Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, Раёсати маорифи вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Инчунин барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ 12 нафар кормандони соҳаи маорифи шаҳри Бохтар бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД 14:30ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН


