Бойгонӣ

“Лағмон”- нишонае аз бостон

Мусоҳибаи ходими адабии маҷаллаи “Сафо”  бо Нуриддин Сайфуллоев, мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
   -Аз хатираи бостоншиносии Тоҷикистон бароямон маълум шуд, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар баробари ёдгориҳои таърихии Ҳалевард шаҳри қадимаи Лағмон низ мавҷуд будааст, лутфан дар ин бора маълумот медодед.
   -Дар ҳақиқат Лағмон яке аз шаҳрҳои қадима дар водии паҳновари Вахш буда, таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Он дар масофаи 12 километр аз ёдгории таърихии Ҳалевард дар соҳилҳои шарқии дарёи Вахш, имрӯза дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгир мебошад.
   Аввалин маротиба дар бораи ин қалъа соли 1875 маълумот пайдо шудааст, ки дар он олимон оид ба гузаргоҳ ба воситаи дарёи  Вахш дар наздикии харобаҳои қалъаи қадимаи Лағмон, на он қадар дуртар аз шаҳри Қӯрғонтеппа, имрӯза Бохтар ёдовар  шудаанд. 

    Дар китобу таърихномаҳо ин шаҳрро Ляхман, Локман, Лехман, Лагман ва Лағмон ном бурдаанд. 
   Дар водии Вахш якчанд шаҳрҳои қадима мавҷуд буд, ки Лағмон низ аз љумлаи онҳост. Соли 1774 вақте бо ҳуҷуми  арабҳо Қофирқалъа вайрон шуд, пойтахро инҷо кӯчониданд. Арабҳо ин шаҳрро обод ҳам карданду баъдан боз ба хок яксон намуданд. Як қисмати шаҳр ба дарёи Вахш часпида буд. Дар натиҷаи тохтутозҳои кӯчманчиён нисфи зиёди шаҳри Лағмонро об шуст, боқимондаро онҳое аз байн бурданд, ки дар бораи таъриху тамаддун чизеро намедонистанду ба он арҷ намегузоштанд.  
-Ин шаҳрак чӣ гуна шакл дошт?
  - Шаҳраки қадимаи Лағмон тахмин чоркунҷа буда, майдони боқимондаи он беш аз чил гектарро ташкил медиҳад. Он чор дарвоза дошт. Дарвозаҳо дорои механизми мураккаб буда,  бо маноараҳо мудофиа карда мешуданд. Вале дақиқан муайян нест, ки дарвозаҳо дар куҷо ҷойгир буданд. Айни ҳол нишонаҳои дарвозаҳо дар маркази деворҳои шимолӣ ва кунҷи ҷанубу шарқии шаҳрак мавҷуданд. Маҳз ҳамин нишонаҳо ва шакли мавҷудияти инфрасохтори Лағмон аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрак низоми муҳофизатии устувор дошт. 
   Аммо тибқи маҳазҳои таърихӣ дар соли 1221 шаҳраки Лағмон аз ҷониби чингизиён забт карда шуд. Аз рӯи бозёфтҳо он ба асрҳои Х давраи шоҳ Исмоили Сомонӣ рост меояд. Ин қалъаҳо ба осонӣ аз дасти душман ҳифз нашудаанд. Зеро дар ҷангҳо  дурудароз  идома ёфтаасту шаҳр осеби зиёд дидааст. Димнаи Лағмон низ аз ҳамон вайронаҳои водии Вахш мебошад, ки замоне аҷдодони мо онҷо зиндагӣ кардаанд. Дар давраи тохтутозҳои кӯчманчиён ин шаҳр чанд бор вайрон шуда, аз нав эҳё шуд. Мутаассифона, баъд аз сад соли давраи Сомониён инҷо ба сукут рафт. Қарахониёну Салчуқиён ва Чингизиён омада онро вайрону валангор намудаанд.  
  - Қаблан олимон дар бораи қалъаи қадимаи Лағмон корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурдааанд?
   -Бале, бо шарофати бозёфтҳои олимону таърихшиносон баъд аз гузашти беш аз ҳазор сол нисбат ба ин гўшаи тамаддуни бостон дар китобҳо маълумотҳо пайдо шудаанд. Аввалин маротиба дар адабиёт оид ба вайронаҳои қалъаи Лағмон дар водии Вахш Э. А Маев зикр кардааст:
   ”Дар чақрими 25-уми дуртар аз Қӯрғонтеппа мо дар соҳили Вахш вайронаи қалъаи Лағмонро во хӯрдем, ҳеҷ нафаре дар хотир надорад, кай ва киҳо ин қалъаро сохтаву, киҳо онро вайрон кардаанд. Он бо се қатор девор иҳота шудааст, ки аз онҳо танҳо боқимондаи як девор ва манора бо тиркашҳо боқӣ мондаанд. Назди харобаҳои қалъаи қадима гузаргоҳ аз Вахш бо қаиқи нимшикаста истодааст”
   Ҳамчунин ӯ ривояти маҳаллиро навишта гирифт, ки яквақтҳо аз болои дарёи Вахш пул, яъне гузаргоҳ вуҷуд дошт. “дар гузаргоҳ ба мо ду теппаи рехташуда, ки болояшон пул рост кардаанд нишон доданд”, -навиштааст ӯ. 
   Нисбати худи қалъа Э. А. Маев боз чунин маълумот медиҳад: “ деворҳо аз хишти пухта, ки қалъаро иҳота мекунанд, то замони мо расидаанд байни сангҳо ва қисмҳои хишти пухта сафолҳои сирдор, шикастапораҳои зарфҳои гилӣ ва шишагї  ёфт шудаанд”. 
   Аҳолии маҳаллӣ маҷрои ҷӯйро нишон доданд, ки вақтҳои пеш майдони кишту кори Лағмонро обёрӣ мекарданд. Зеро дар ин макон соҳаи кишоварзӣ хеле тараққӣ карда буд. 
   Баландиҳо ва теппаҳо, ки дар атроф ҳастанд низ боқимондаҳои ҷои зисти қадимаро нишон медиҳанд. Дар наздикии қалъа боқимондаи манора дида мешавад. Мумкин аст ин манора нақши дидбонгоҳро иҷро мекард. Девори атрофи шаҳр ғафс ва шаш метр баланди дошта, дар ҳолати хуб боқӣ монада буд. Нақши чаҳор дарвоза, манора ва пораи девори дуқабата дида мешавад. 
   Инкишофи Лағмон ба асрҳои  Х-Х11 рост омад, аммо ривоятҳои халқӣ асоси ин шаҳрро ба даврони Кайковус ва гул-гулшукуфиашро ба қаҳрамони безаволи “Шоҳнома” Зол ва Золи зар ва ё Золи зард нисбат медоданд.

-Ҳоло “Лағмон” дар чӣ вазъ қарор дорад  ва он ҳифз мешавад?
   -Дар замони кунунӣ шаҳр пурра бо биноҳо ва заминҳои наздиҳавлигии деҳа ишғол шудааст. Қисмати деворҳои берунии муҳофизатӣ ва боқимондаи чанд манора муҳофизат гардидаасту халос. Қисми ғарбии шаҳри Лағмонро дарёи Вахш шустааст.
   Ҳамин тавр, дар лаби дарёи шусташавандаи Вахш боқимондаҳои деворҳо бо хиштҳои хом ва пухташуда, сафолҳо ва заҳбурҳо то чуқурии 10-12 метр, ки  А.М.Беленитский зикр карда буд, хуб ба назар мерасад.
    Дар 200 метр ба тарафи шимол аз девори шаҳр, дар ҷарии лабидарёӣ боқимондаҳои амборхонаҳо бо қаторҳои хум, ки барои нигоҳ доштани маҳсулоти хӯрокворӣ буд, ёфт шуданд. 
   Зиёда аз ин, шаҳр дар роҳи маҳали  савдо, ки ба шабакаи Роҳи абрешим дохил мешуд, воқеъ буд. 
   Он аз гузаргоҳи Мелла ва ё Тахти Қубод аз болои дарёи Панҷ гузашта, лаб- лаби дарёи Вахш ва дар ноҳияи ҳозираи Файзобод Вашгирди куҳан бо роҳи Қаротегин ва ё Бохтар ҳамроҳ мешуд.
-Аз ин қалъа бостоншиносон кадом бозёфтҳо ба даст оварданд?
   Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон аз ҷумлаи мардумони бофарҳанг ва тамаддуни бостонӣ ҳастанд. Дарёфтҳои археологии аз мавзеи Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боз ҳам ифодагари он аст, ки миллати куҳанбунёди мо ҳазорсолаҳо боз шикасту рехти таърихро аз сар гузаронида, бо талоши ҷонфидоёнаи анҷододонамон сарзамини худро ҳифз намудаанд. То ба пуррагӣ кашф гардидани мавзеи таърихии Қалъаи Лағмон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқи археологӣ боз ҳам идома меёбад. 
   То ба имрӯз дар натичаи кофтуковҳои археологӣ аз қалъаи Лағмон хиштҳои пухта бо санъати меъмории хос омодашуда, хум, пораҳои зарфҳои гилин, сафол, нӯгҳои тири найза, тангаҳои мисин, кӯзаи гилии давраи Сосониҳо бо панҷ қолаби расми паланг ёфт шудааст. 
   Дар Лағмон боз қубурҳои обгузари гилӣ, чоҳ, ки деворҳояш бо хишт чида шудааст, ёфт гардидаанд, ки онҳо гувоҳи таъриху тамаддуни қадимаи миллати тоҷик буда, дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
А. Махкамов


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019