“Маснавии маънавӣ” –оташе дар сӯхтагони олам

30-юми сентябр - Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ



Мусоҳибаи вижа бо директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Мавлоношиносӣ» -и назди ДДБ ба номи Носири Хусрав, номзади илмҳои филологӣ Раҷабалӣ Худоёрзода.

- Нахуст каме дар мавриди ҳадаф аз таъсиси Маркази илмӣ-таҳқиқотии  «Мавлоношиносӣ» ва иқдомҳои дар ин самт гирифташуда ибрози андеша мекардед?
- Соли 2020 зимни як Конфронси илмӣ дар мавзӯи «Ҳифзи мероси хаттии ниёгон дар Академияи миллии илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон  масъалаи вусъат бахшидани фаъолияти олимону пажўҳишгарон дар самти ба хатти кириллӣ баргардонидани осори пурғановати ниёгонамон ба миён омад. Зеро то даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳазорон ҳазор асарҳои оламшумули  гузаштагонамон шумори ночизи онҳо аз хатти форсӣ ба криликӣ баргардонида шуда, боқӣ  махзани  бузурги адабии тоҷик дар осорхонаҳо маҳфузанд. Дар конфронси мазкур пешниҳод намудем, ки вақти он омадааст, ки дар самти баргардонидани адабиётҳо аз ҳуруфи форсӣ ба кириллӣ олимону пажўҳишгарони ДДБ ба номи Носири Хусрав низ ҷалб карда шаванд. Бо ёдоварӣ аз саҳми Маркази илмии «Камолшиносӣ» дар вилояти Суғд, ки дар таснифи китобҳои қадимӣ аз хатти форсӣ ба алифбои криликӣ корҳои назаррас анҷом дода шудааст, мо назди худ мақсад гузоштем, ки чунин як Маркази илмӣ-таҳқиқотиро ба ифтихори ягон нафар аз бузургони илму адаби Хатлон таъсис диҳем. 
Ҳамин тавр, баъди бозгашт аз конфронси мазкур мо як гурӯҳ олимону пажўҳишгарони риштаи адабиёт барои таъсиси Маркази илмӣ- таҳқиқотии «Мавлоношиносӣ» ба унвонии раиси вилояти Хатлон муроҷиат намудем. Азбаски, аксари имзокунандагони ин нома олимону устодони ДДБ ба номи Носири Хусрав буданд, дастур дода шуд, ки Маркази «Мавлоношиносӣ» дар назди донишгоҳи мазкур таъсис дода шавад. Ҳамин тавр 11-уми феврали соли 2021 Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Мавлоношиносӣ»  таъсис ёфта, банда ба ҳайси сарвари он ба фаъолият оғоз бахшидам.
- Устод ин муддат Марказ чӣ корҳоеро ба анҷом расонидааст?
-  Моҳи марти соли ҷорӣ бо баргузории як Конфронс бо иштироки доираи васеи олимон, донишманду пажўҳишгарон ва донишҷӯёну устодони ДДБ ба номи Носири Хусрав Маркази «Мавлоношиносӣ»-ро муаррифӣ намудем. Инчунин, маводи Конференсияи илмӣ - амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мақоми Мавлонои Ҷалолиддини Балхӣ дар рушди илму адаби тоҷику форс»  ба табъ расид. Ҳамзамон, 250 ғазал аз китоби «Гузидаи ғазалиёти Шамс» -и Шафеи Кадканӣ, ки аз тарафи мо бо хатти кириллӣ баргардон шуда буд, ба иштирокчиёни конференсия тақдим намудем.  Дар ин миён зимни ташрифи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомов ба Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ «Мавлоношиносӣ» пешниҳод намуданд, ки Маркази мазкур доираи васеи донишмандону пажўҳишгарон ва дигар толибони ашъори Мавлоноро дар бар гирифта бошад. Алъон аъзоёни Маркази «Мавлоношиносӣ» ба 50 нафар расидаанд. Аз ҷумла, ташкилоти Ҷамъиятии «Маҳфили оммавии Бонги най»-и деҳоти Сангтўдаи ноҳияи Данғара, ки роҳбариашро Сайҳомуддин Назруллоев ба уҳда дорад, аз аъзоёни фаъоли Маркази «Мавлоношиносӣ» мебошанд, ки дар тарғибу ташвиқи ҳаёту осори Мавлоно миёни мардум хизматҳои шоёне анҷом дода истодаанд.  Чанде пеш аъзои дигари мо профессор Абдулҳай Комилӣ китоби «Шамс ва Мавлоно дар ойинаи муштоқон-ро ба табъ расонид, ки роҳнамои хонадагону пажўҳишгарон дар шинохти ҳаёту эҷодиёти ин мутафаккири бузург нақши муассир дорад. 
-  Дар мавриди фаъолияти ояндаи Марказ ва барномаҳои рӯи даст гирифтаатон чӣ гуфтаниҳо доред?
-  Дар доираи ҷашни  815 - солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки ба соли 2022-юм рост меояд,  бо ташаббусу дастгирии ДДБ ба номи Носири Хусрав баргузории конференсияи байналхалқӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин ҳамоиш донишмандону муҳаќқиқони сатҳи байналхалқӣ даъват шуда, бори дигар атрофи ҳаёту фаъолият ва паҳлуҳои гуногуни  эҷодиёти Мавлоно суҳбат хоҳем кард. Умедворем, то ин нишаст ҷилди дувуми ѓазалиёти Шамсро, ки аллакай аз ҳуруфи форсӣ ба кириллӣ баргардон шудааст, интишор ва пешкаши толибони ашъори ин нобиғаи ҷаҳонӣ гардонем. 
Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани завқи истеъдодҳо ва  сайқали донишу маҳорати эҷодии эҷодкорони ҷавон ояндаи наздик дар назди Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Мавлоношиносӣ» маҳфили адабӣ таъсис дода мешавад. 
- Дар баробари ашъори Мавлоноро ба хонандагон расонидан, мегуфтед, ки дар самти шарҳу тавзеҳи маънии Маснавӣ  чӣ иқдомҳо гирифта мешаванд?
Бо василаи аз хати форсӣ ба алифбои криликӣ баргардонидани шарҳу тавзеҳҳои адибони классик дар бораи маъниҳои “Маснавӣ” имкон медиҳад, ки мардуми тоҷик бо дарки афкору андешаҳои пурмазмун аз панду насиҳатҳои ин нобиғаи машҳури олам баҳравар гарданд. Дарвоқеъ ҳам;
“Маснавӣ”-и маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.
Мутаассифона, дар замони собиқ Шӯравӣ “Маснавӣ”-и Ҷалолиддини Балхиро ҳамчун асари динӣ-ирфонӣ дар барномаҳои таълимӣ ҷой надода буданд. Танҳо дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳёи арзишҳои миллӣ дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии кишвар қарор дошта,  зарурати муаррифӣ ва пешкаши мардум намудани  ҳаёту фаъолияти пурғановати адибони класскии тоҷик аз ҷумла, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба миён омад. Аз сӯи дигар, шахсият, афкору андешаҳои оламгир ва ганҷинаи маънавии Мавлоно ва “Маснавии маънавӣ”- и ӯ ҳар яке дар алоҳидагӣ баҳри беканорро мемонад. Биноан, омӯзиши афкори Мавлоно кори на як солу ду сол буда, аз замони ҳаёту фаъолияти ӯ то кунун адибону донишмандон вобаста ба мазмуну ғояҳои “Маснавии маънавӣ”-и садҳо асару рисолаҳо таълиф намуда, аммо ҳоло ҳам кулли асрори он нокушода боқӣ мондааст.  Бузургии ин мутафаккири равшанзамир аз он зоҳир мегардад, ки ба гуфте баҳри маъниҳоро дар кӯзае ғунҷондааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки атрофи байти аввали “Маснавӣ”;
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.
То имрӯз садҳо фикру андешаҳои гуногун эҷод шудаву тафсирҳои гуногунмазмуни  он аз ҷониби донишмандони илму адаб ҳоло ҳам идома дорад. 
Қобили зикр аст, ки ашъори панду ахлоқии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бахусус, “Маснавии маънавӣ” ба чандин забонҳои дунё тарҷума шуда, айни замон серхонандатарин китоби ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Файласуф Ҳенри Моссе гуфтааст, “Адабиёти порсӣ бо чор сутуни аслӣ абадан пойбарҷост: Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Мавлоно. Фирдавсӣ дар муқоиса ҳамсанг ва ҳамтои Ҳомери юнонӣ буда, балки бартар аз ӯст. Саъдӣ дар қиёс Анатол Франсӣ файласуфро ба ёд меорад ва ҳатто донотар аз ӯст. Ҳофиз аз Ҳётеи олмонӣ қобили қиёс аст, ки Ҳёте худро шогирди Ҳофиз мешуморид. Аммо Мавлоно чӣ? Дар ҷаҳони ҳеҷ чеҳраеро пайдо накардам, ки битвонам Мавлоноро ба ӯ қиёс кунам.Ӯ беҳамтост ва беҳамто боқӣ хоҳад монд. Ӯ фақат шоир нест, ба вижа, бештар ҷомеашинос ва равоншинос ва инсони комил аст, ки зоти башар ва Худовандро дақиқ мешиносад. Қадри ӯро бидонед ва ба василаи ӯ шиносои вуҷуди хештан бошед  ва Худоро бишносед”.
-Ташаккур, барои суҳбати самимӣ. Итминон дорем,  Маркази илмӣ- таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ”-и ДДБ ба номи Носири Хусрав дар шинохти ин нобиғаи беназир ва шарҳу тафсири ашъори оламафрӯзи ӯ хизматҳои бузурге анҷом дода, дар тарбияи маънавӣ ва ҳисси худшиносии мардум нақши муассир хоҳад гузошт. 
- Сарбаланду пирӯз бошед.
Мусоҳиб Юсуфи Собир


Добавить комментарий