Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Панди зиндагӣ
Дар бемористон
Тифл таби баланд дошт. Модару бибии тифл аз тарс даступохӯрда шуда буданд. Модаркалон ба ақрабаки соат назар андухта, аз дил гузаронд, ки дар ин поси шаб ягон духтурро меёфта бошанд?
Такси дархост намуда, ба роҳ баромаданд. Саҳни беморхона равшану мардуми корафтода равуо доштанд. Чун ба шуъбаи кӯдаконаи беморхона наздик шуда, дарро кушоданд, шаби беморхона шабеҳи рӯз буду табибону ҳамшираҳои шафқат андармони кор. Модаркалон оҳи сабуке кашида, ба шуъбаи кӯдаконаи беморхона ворид гашт.
Ҳамшираҳо кӯдаку модарро ба назди духтур оварданду, дар як лаҳза ҳамагӣ даст ба кор шуданд. Таби тифлро паст фароварда, ба ӯ сӯзандору гузарониданд. Баъди чанд соати давобахшӣ ҳолати кӯдак хуб гашт. Модари кӯдаку бибӣ хеле хушнуд шуда, гаштаю баргашта ба духтури навбатдор изҳори миннатдорӣ мекарданд.
- Мо вазифаи касбии худро иҷро кардаем,-гӯён табиби навбатдор Шодӣ Азизович онҳоро то баромадгоҳи шуъбаи кӯдакона гусел кард. Дар берун аллакай субҳи содиқ медамид…
Шодӣ Азизович, ки дар қатори дигар кормандони тиб он шаб нахуфта буд, каме хаста ба назар мерасид. Аммо аз он, ки дар навбатдории шабонаи онҳо чанд нафар сокинон аз дари беморхона хушҳолу қаноатманд баромада мерафтанд, вай бехобию мондашавиро эҳсос намекард. Баръакс, дар баробари пайвандони тифлакони шифоёфта ҳисси хушҳолӣ дошт, ки аз заҳмати шабонаи онҳо мушкиле осон, модаре хурсанд, садои хандаи тифле боз танинандоз шуд...
Равзанаи ошноӣ
Шодӣ Сафаров дар деҳоти Дарғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар оилаи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сафаров Азиз ба дунё омадааст. Ҷиддияту сахтгирии падару модар дар тарбияи онҳо буд, ки фарзандони хонавода бо баҳои хубу аъло таҳсил мекарданд. Шодӣ дастпарвари Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, фаъолияти меҳнатияшро аз соли 1987 ҳамчун духтури минтақавӣ дар шаҳри имрӯза Бохтар шурӯъ намудааст. Давоми фаъолияти меҳнатӣ то инҷониб дар вазифаҳои гуногуни соҳаи тандурустии вилояти Хатлон содиқона ифои вазифа менамояд.
Оиладор, соҳиби чор фарзанд аст.
Фаъолияти корӣ
- Дар даврони донишҷӯӣ ба собиқ шаҳри Қӯрғонтеппа барои таҷрибаомӯзӣ омада буд. Мардумони ин маконро чун одамони зодгаҳаш чеҳракушоду заҳматқарин, меҳрубону меҳмоннавоз дарёфт, ки ба зудӣ дилбастаи ин шаҳри ҳамешасабзу хуршедӣ гашт. Овони таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз зумраи донишҷӯёни фаъолу аълохон маҳсуб меёфт. Аз ин лиҳоз, баъди хатм устодон пешниҳод намуданд, ки барои фаъолияти минбаъда дар донишгоҳ бимонад. Аммо Шодӣ нахост, ки аз роҳи интихобнамудааш баргардад, аз ин хотир бо хоҳиши худаш ба шаҳри Қӯрғонтеппа имрӯза Бохтар фиристода шуд. Як сол ба ҳайси духтури таҷрибаомўз фаъолият намуда, сипас, чун духтури минтақавӣ дар дармонгоҳи шаҳр ба фаъолият пардохт. Ҳамзамон, тӯли дар ин солҳо ҳамчун омӯзгор дар омӯзишгоҳи тиббии шаҳр ва донишгоҳи имрӯза ДДБ ба номи Носири Хусрав ба донишҷӯён дарс медод.
Донишу малакаи баланди касбӣ ва корҳои пурсамари Шодӣ Сафаров аз назарҳо дур намонд, ки соли 1991 ӯро мудири шуъбаи кӯдаконаи шаҳри имрӯза Бохтар таъйин намуданд. Фаъолияти омӯзгориро низ идома дода, ҳамзамон дар доираи як лоиҳаи Ҷамъияти “Дониш”, ки ба хотири омода намудани ҳамшираҳои ояндаи тиббӣ роҳандозӣ шуда буд, ба ҳайси таълимдиҳанда даъват мешавад. Ҳамин сон, барои саъю талошҳо ва саҳми арзандааш дар ин ҷода ӯ аз ҷониби Ҷамъияти «Дониш» бо медали «Барои хизматҳои аъло» сарфароз гардид.
Хизматчии давлатӣ
Шодӣ Азизович давоми солҳои зиёд дар Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва Беморхонаи клиникии ба номи Бурӣ Воҳидов содиқона фаъолият намуда, дар рушди соҳаи тандурустии вилоят саҳми худро гузоштааст. Барои хизмати софдилонааш бо ифтихорномаву сипосномаҳо ва нишони «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гаштааст. Баъдан, бо тақозои замон чанд муддат дар шуъбаи рушди иҷтимоии мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон фаъолият карда, феълан мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мебошад. Аммо дар баробари масъулияти хизматӣ аз фаъолияти касбии хеш табиби кӯдакон дар канор намондааст. Ин аст, ки ӯро пайваста дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ҳам (дар вақти берун аз корӣ) гоҳе дар Беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар вомехӯрем, ки ҳамеша серкору дар тараддуд аст.
-Ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ ва баъдан, аснои таҷрибаомӯзӣ дарк намуда будам, ки дар интихоби ихтисос-духтури бачагона хато накардаам. Баъдан, таҷрибаи бисёрсола дар ин ҷода бори дигар собит намуд, ки табиби кӯдакон аз ихтисосҳои барои соҳаи тандурустӣ ниҳоят муҳим аст. Барои табиби хуби кӯдакон будан заковату донишмандӣ ва ҳам таҷрибаи зиёдро металабад, зеро тифлон мисли бузургсолон дарду ҳолати худро иброз карда наметавонанд ва табиби кӯдаконро мебояд, ки нозукбин бошанду донишу истеъдоди баланд дошта бошанд. Яъне, табиби кӯдакона будан хеле масъулияти ҷиддӣ дорад,- мегӯяд Шодӣ Сафаров.
Дар ин рӯзҳои файзбори тирамоҳ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҷашни фархунда 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд, мухотаби мо табиби маҳбуби кӯдакон Шодӣ Азизович ба синни мубораки 60 солагӣ мерасад. Бо гузашти умри пурбаракати хеш ифтихору хушнудӣ аз он дорад, ки бо ҳукми сарнавишт ин пешаи пурифтихорро интихоб намудааст. Ба гоҳи ёдоварӣ ба рӯзу рӯзгорони гузашти он лаҳзаҳои фараҳбахши аз беморхона гусел кардани кӯдакону модарони хушҳол, таҳнияту миннатдорӣ баён намудани пайвандони атфоли шифоёфта нигоҳҳои пурмеҳру самимии мардумони корафтода пеши назараш ҷилвагар мегарданд. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш шукронаи тинҷиву осоиштагии кишварро мекунад, ки бо шарофати Истиқлоли кишвар ва имконоти барояш фароҳам гардида, ӯ аз зинаҳои мактабу донишҷӯӣ то мақоми табиби ҳозиқ ва шахсияти соҳибэҳтироми ҷомеа ба камол расидааст.
"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ”
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД
Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда
Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад