Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Баҳовиддин Азизов, роҳбари муассисаи КАТС-и ноҳияи Восеъ
Таъсис ва ба фаъолият оғоз бахшидани Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара аз муҳимтарин рӯйдодҳои соҳаи тандурустӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар арзёбӣ мегардад. То соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҳамагӣ ду коллеҷи тиббии давлатӣ, ду коллеҷи ғайридавлатӣ фаъолият доштанд. Имрӯз бошад шумораи онҳо ба 7 адад мерасад.
Дар умум норасоии мутахассисони дорои маълумоти миёнаи махсуси тиббӣ дар вилоят ҳалли худро ёфтааст. Итминон дорам, ки дар солҳои наздик камбудии духтурони маълумоти олидор низ ҳалли худро меёбанд. Яъне, ба маротиб зиёд шудани муассисаҳои миёнаи махсуси тиббӣ дар рушди тибби оилавӣ низ нақши ниҳоят муҳим мебозад. Маврид ба ёдоварист, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории соҳаи тандурустиро сол аз сол зиёд намуда истодааст. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба ин соҳа ба 2,1 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Ин ҳам аз дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки тибқи таҳлилҳои оморӣ давоми 30 соли охир дар Тоҷикистон зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ омода гардидаанд. Айни замон дар соҳаи тандурустии кишвар қариб 110 ҳазор нафар кормандон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 75 ҳазор нафарашон табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ буда, беш аз 68 фоизро занон ташкил медиҳанд.
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



