Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Истиқлолият – рамзи саодат
Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, пулҳои калон аз болои дарёи Панҷ ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд, ки дар даврони Шӯравӣ вақти фаромадани тарма, ё дар мавсими фасли зимистон ба муддати 3-4 моҳ баста мешуд. Тамоми ин роҳҳо маҳз даврони соҳибистиқлолӣ мутобиқ ба меъёрҳои замонавӣ таъмир гардиданд. Ҳамчунин дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон роҳҳои автомобилгарди Восеъ – Ховалинг бо маблағҳои калон пурра азнавсозӣ шуда, бунёди роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Муъминобод дар арафаи анҷомёбист. Азнавсозии роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин бошад, идома дорад. Инчунин дар ояндаи наздик сохтмони роҳи автомобилгарди Қурбоншаҳид-Темурмалик оғоз меёбад. Бояд гуфт, ки бинобар солиёни зиёд таъмирро надидан дар замони собиқ Шӯравӣ ҳаракати нақлиёт дар ин роҳҳо мушкил буд. Тавре ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардида буд, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии “Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ” гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50–умро ишғол намуд.
Арабзода ХУРШЕД, сардори муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои минтақаи Кӯлоб:
Ҷон фидо хоҳам намуд
Ман барои меҳани худ ҷон фидо хоҳам намуд,
Баҳри сулҳу ваҳдати ў ман дуо хоҳам намуд.
Ҳамчу Пешвои накуи миллати фарзонаам,
Ман ба гетӣ ин Ватанро пурҷило хоҳам намуд.
Ин диёри нозанинам чашмаҳо дорад басе,
Ман даруни шеърҳоям ҳамнаво хоҳам намуд.
Ин ҷаҳонгардони дунё шефтаи мулки мананд,
Русторо баҳри эшон дилрабо хоҳам намуд.
Ман барои Тоҷикистон ҷон намедорам дареғ,
Номи поку парчами ў дар само хоҳам намуд .
Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол шукр аз он мекунем, ки ҳодисаҳои нобасомони солҳои 90-умро надидем, аммо аз баъзе кишварҳое, ки солҳои дароз нотинҷӣ ва ҷанг аст, дарси ибрат гирифта, ба қадри ин неъмати бузург ва ватани амну осоишта бирасем. Зеро истиқлолияту сулҳу оромии мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Неъмат замоне аз даст меравад, ки инсон ба қадраш намерасад. Аз ин сабаб хоки Ватанро мисли гавҳар ва хорашро ба мисли лолаву райҳон азиз бидонем. Сабаби ҳамаи пешравию гулгулшукуфии мо аз баракати Истиқлолияту оромии кишвар аст. Барои Тоҷикистони азиз на бо забон, балки сидқан ҷонфидо бошем.
Комилзода ҚОБИЛӢ, шаҳри Маскав
«Нобурда ранф ганф муяссар намешавад» Миллати тофик тӯли таърих ранфу азиятҳои зиёде кашидааст. Аз истисмори арабҳо то фишори муғулҳо ва ғайраҳо... Дар солҳои 90-ум низ бо таъсири қуввањои беруна миллати мо ба душворию шиканҷаҳои тоқатфарсо рў ба рў шуд, ки хомаи банда тоқати шарҳи ҳамаи он ҳаводисро надорад… Шукрона мекунем, ки имрӯз мо дар фазои ободу озод нафас мекашем ва ҳамқадаму ҳамсоли истиқлолем...
Истиқлолият бахти худодод ва Ваҳдат- офтоби дурахшони Ватан мебошад, ки аз гармии нури он вуҷуди ҳар фарди ватандўсту худогоҳ неру мегирад. Сарвату мол, дороӣ, бахту саодат ва тамоми ҳастии мо аз Ватан аст. Модари асил бо доштани фарзанди наку дилпур аст, ватан низ бо афроди боғурур ва ҳисси миллияш болову ҳимоятгар ва побарҷост. Сангу хор, гарду чангаш низ барои мо фарзандони боҳисиёташ неъматест нуҳуфта... Қуллаҳои баландаш фахри сарамону обҳои мусаффояш сафои рӯҳамон аст. Ман ҳамчун як фарзанди содиқи ин меҳан ҳар як қатраи обу зарраи хоки зарнисори ин Ватан ҳастам, хораш гулу сангаш бароям парниён аст. Кӯҳсоронаш макони ганҷу обшоронаш манбаи ҳаётанд... Ҳамаи ободкорию бунёдкорӣ ва созандагӣ оромиву осоиштагиҳо, инчунин хони пурнозу неъмат, хотири осудаи мо натиҷа ва самараи истиқлолият ва ваҳдати миллати бузургу хирадманди мо мебошад. Бигзор Худованд ин атои бебаҳояшро аз чашми бад нигаҳ дорад ва ҳидоят кунад ҳамаро ба оромиву ободкорӣ!
Дар роҳи иқболи худ бошӣ илоҳи мустақил
Ҳар даму ҳар рӯзи умрат ҷашни истиқлол бод!
Эҳсони РИЗО, вилояти Суғд
Истиқлолият ганҷинаест, ки барои ба даст овардану аз он нигаҳдорӣ кардан, масъулияту қадршинос бояд буд. Мо аз ҷумлаи он насли хушбахтем, ки бо истиқлолият зода шудем ва бо он зиндагӣ дорем. Насли нави истиқлол ҳамакнун ҳамагӣ рушд доранд ва умед аст, ки самараи ба даст мегирифтаи онҳо хеле ширину гуворост. Бовар дорам, ки бо ин бахти бузурге, ки дорем истиқлолият пойдор мемонад ва миллати тоҷик ба рӯзҳои неку хотирмонтар хоҳанд расид.
Барно БЕГМАД, ш. Кӯлоб
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД
Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ”