Бойгонӣ

Балҷувон – Бале Ҷавон

    
   Балҷувон дар гузашта яке аз қадимтарин ва калонтарин вилоятҳои таърихӣ дар аморати Бухоро ба ҳисоб рафта, бозёфтҳои таърихшиносӣ аз қаламрави ин ноҳия  шаҳодат медиҳанд, ки  ин сарзамин  ба ҳудуди Бохтар дохил буд. Дар сарчашмаҳои қадима Бохтарро сарзамини 100 шаҳр ва маркази он - Балхро модари шаҳрҳо номидаанд. Ба ақидаи муйсафедони рӯзгордидаю донишмандони таҳљоӣ, Балҷувон яъне, маънояш Бале-ҷавон аст. Сайидаҳтам Юнусов, Ҷонибеки Асрориён дар китоби худ «Авроқи рангини Кӯлоб» ва корманди Академияи  улуми Тоҷикистон Ҷумъахон Алимӣ мутахассиси соҳаи луғатшиносӣ дар чунин ақидаанд, ки Балҷувон шакли вайроншудаи  вожаи  Балхиён аст.  Балҷувон чун вилояти мустақил дар давраҳои бекигарии Сарахон (1856-1870) ба аморати Бухоро хамроҳ буда, ба воситаи дарёи Вахш бо Ҳисор ҳамсарҳад буд. Ба ҳайати бекигарии Балҷувон ҳудуди ноҳияҳои ҳозираи Данғара, Темурмалик, як қисми Восеъ, Ховалинг, Кангурт, Сари Хосор, Ҷорубқул ва Тутқавул дохил мешудаанд.
  Мувофиқи маълумоти сайёҳи рус Покатило соли 1886 дар 15 амлоки  бекигарии Балҷувон 20 ҳазор хоҷагӣ мавҷуд буд, ки 60 ҳазор аҳолӣ дошт. Бозори калони Балҷувон ҳафтае ду маротиба рўзҳои чоршанбе ва шанбе мегузашт. Балҷувон дар ибтидои асри ХIХ чун вилояти мустақил соҳиби танга сикка буда, бо бекигариҳои Ҳисор, Дарвоз, Қаротегин, алоқаи тиҷоратӣ дошт. Ба бозорҳои Балҷувон аз Туркистон, Ҳиндустон, Афғонистон ва Россия маҳсулот ворид мешуд. 
Балҷувон яке аз аввалин ноҳияҳои дар ҳудуди имрӯзаи Хатлон таъсисёфта мебошад, ки ҳанӯз 23-юми ноябри соли 1930 ба расмият шинохта шуда буд. Он вақт бо Укази  Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  деҳшӯроҳои зерин ба ҳайати ноҳияи Балҷувон шомил гардида буданд: Балҷувон, Саталмуш, Садайбарда, Дараи Калот, Хам, Дашти Гулҳо, Дектур, Афардб, Дошмандӣ ва Хазлаат. Дар ҳудуди ноҳия 260 деҳаҳои  аҳолинишин мавҷуд буда, аз ин деҳаҳо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7696 нафар ба фронт рафта, аксарият  дар ҷанг шаҳид гаштаанд. Аз ин сарзамини кӯчаки Балҷувон сазовори номи олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудани 3 нафар фарзандони шуҷои он Саидқул Турдиев, Исмат Шарифов ва Сафар Амиршоев далели гуфтаҳои болост. Ноҳияи Балҷувон мувофиқи Укази Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 15 октябри соли 1954 барҳам дода шуд. Баъдан, бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми феврали соли 1996, №245 дар ҳайати вилояти Хатлон аз ҳисоби қаламрави ноҳияҳои Совет (имрӯза Темурмалик) ва Ховалинг ноҳияи Балҷувон таъсис дода шуд.
   Ноҳия дорои 5 ҷамоати деҳот: Ҷамоати деҳоти Балҷувон, Тоҷикистон, ба номи Сафар Амиршоев, ба номи Сайф Раҳим ва Сари Хосор буда, шумораи аҳолии он 32 ҳазору 550 нафарро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии ноҳия 1326 км.кв мебошад. 
        Саноат, меъморӣ ва нақлиёту алоқа    
   Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 6445,9 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 фоиз зиёд мебошад.  Дар нимсолаи якуми соли 2021 ҳаҷми сармояи асосӣ иҷро гардида, 20 миллиону 42 ҳазору 900 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,2 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми маблағгузориҳои давлатӣ 6,3 миллион сомонӣ, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 2,9 миллион сомонӣ ва хусусӣ қариб 7,1 миллион сомониро ташкил додааст. 
   Масофаи умумии роҳҳои ноҳия 69,5 километрро ташкил медиҳад, ки 42,5 километри он роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 27,0 километри он аҳамияти маҳаллидошта мебошанд. Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 71900 сомонӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30000 сомонӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷудо гардида, барои таъмири ҷории роҳҳо бо пуррагӣ масраф шудааст. 
          Кишоварзӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа   
  - Дар нимсолаи аввали соли 2021 ҳаљми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 40 миллиону 982 ҳазору 300 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 1 миллиону 365 ҳазору 900 сомонӣ зиёд иҷро гардидааст. Дар майдони 3625 га ғалладонагӣ ва лўбиёгиҳо кишт карда шуда,  истеҳсоли гӯшт ба 1323 тонна, шир 992 тонна, тухм ба 437,3 ҳазор дона, гӯшти моҳӣ 0,3 тонна расонида шуд. Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 24674 сар, моли майда ба 47261 сар, саршумори парранда ба 41090 сар расонида шудааст. 
Маориф, илм, тандурустӣ ва кор бо занон
 Дар 49 муассисаи таълимии ноҳия 7 ҳазору 150 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки ба онҳо 701 омўзгор, аз ҷумла, 193 нафар зан таълим медиҳад. Аз ин шумора 458 нафар бо маълумоти олӣ, 210 нафар олии нопурра, 33 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Дар 2 муассисаи томактабӣ 92 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 17 муассисаи таълимии ноҳия 221 нафар кўдакони синни 5-6 сола ба маркази инкишофи кӯдак фаро гирифта шудаанд. Аз 136 нафар довталабоне, ки тариқи квотаи Президентӣ ҳуҷҷат пешниҳод карданд, 35 нафарашон ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ роҳхат гирифтаанд. Айни замон дар ноҳия сохтмони 6 муассисаи таълимӣ ва 24 синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ идома дорад. 
Дар соҳаи тандурустии ноҳия 214 нафар, аз ин шумора 41 нафар табибон, 183 нафар кормандони миёнаи тиб, 72 нафар кормандони хурди тиббӣ ва 100 нафар дигар кормандон фаъолият доранд. Беморхонаи марказӣ аз 7 шуъбаи бистарикунонӣ, як шуъбаи ёрирасон ва 3 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат мебошад. 
Шумораи умумии занҳо дар ноҳия 16367 нафарро ташкил дода, 45 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 13 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 43 нафар вакилони ҷамоатҳо, 11 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд ва 122 нафари дигар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.
               Фарҳанг, варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ 
Дар ноҳия 19 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 хонаи фарҳанг, 4 клуб, 1 китобхонаи марказӣ, 7 китобхонаи деҳотӣ, 4 осорхона ва 1 мактаби ҳунарҳои мардумӣ ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд. Хазинаи умумии адабиётҳои 8 адад китобхонаҳои ноҳияи Балҷувон ба 25 ҳазору 459 нусха мерасад. Ҳамзамон, тайи солҳои охир дар назди 34 корхона, муассиса ва ташкилотҳо 34 китобхонаи идоравӣ ташкил ва бо 5523 нусха китоб таъмин карда шуданд.
Шумораи ҷавонон 9600 нафар мебошанд, ки аз ин 3213 нафарашро хонандагони муассисаҳои таълимӣ ташкил медиҳанд. Дар ҳудуди ноҳия 40 адад майдончаҳои варзишӣ 3 толори варзишӣ арзи вуҷуд доранд. Дар муассисаи мактаби варзишии кўдакону наврасони ноҳия бошад, 452 нафар кӯдакон аз рўи 4 намуди варзиш ба тамринҳо фаро гирифта шуданд. 
Дар ноҳия 5 меҳмонхонаи замонавӣ ва 2 тарабхона фаъолият доранд. Шумораи умумии иншооти сайёҳӣ 41 ададро ташкил дода, тибқи мушоҳидаҳо ташрифи сайёҳон ба мавзеъҳои гуногуни ин ноҳияи сайёҳатбоб афзуда истодааст. 
     Омодагӣ ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолият  
Тибқи нақша чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон 375 иншооти гуногуни хизматрасонӣ сохта ба истифода дода мешавад, ки 80 дарсади ин иншоот бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ амалӣ гардида истодааст. То ин давра, аз шумораи умумии иншооти ба нақша гирифташуда сохтмону азнавсозии 343 лоиҳа пурра иҷро шуда, дар 46 адад иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дорад. Маврид ба ёдоварист, ки қисмати асосии ин иншоотҳои ҷашнӣ  ба соҳаи иҷтимоию хизматрасонӣ равона карда шудааст, ки  дар рушди инфрасохтори соҳаҳо ва беҳтаршавии сатҳи зиндагии сокинони ноҳия нақши муҳим доранд.  

                          Таҳияи С. ХАЛИЛИЁН, 
                             ноҳияи Балҷувон  
         
    
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019