Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ВАРЗИШГАР ТАНҲО БА ВАРЗИШ МАШЃУЛ БОШАД...
Соли 2012 буд. Дар шаҳри Москва мусобиқаи ҷаҳонӣ ҷараён дошт. Варзишгари тоҷик Бадриддин Умедов аз рӯи намуди каратэ-до дар вазни 84 кг баромад кард. Рӯзи якуми қувваозмоӣ ба ҳарифи худ, ки аз Туркия буд, бохт. Аз ин нокомӣ ӯ зиёд ғамгин шуд. Бо амри тақдир дар даври финалии он мусобиқа боз бо ҳамон рақибе, ки як рӯз қабл бохта буд, ба майдон баромад. То финал ҳарду варзишгар ҳафт рақибиро мағлуб карда, хело ҳам хаста шуда буданд. Рақиби Бадриддин 5 хол ба даст оварду ӯ 3 хол. Ҳамон вақт мураббии ҷонфидоаш наздаш омаду гуфт: “Бадриддин рақибатро нигар. Танҳо ту хаста нестӣ. Ӯ низ мисли ту бемадор гаштааст. Чунин имкониятро аз даст надеҳ, ки он дар ҳаёти варзишгар як-ду маротиба меояд. Бояд ту ғолиб шавӣ ва чи маҳорату неруе, ки дорӣ сарф кун!” – нақл мекунад Устоди шоиста ва дараҷаи байналмилалии варзиш Бадриддин Умедов аз хотироти ҳаяҷоновараш. Ва бо гузашти чанд дақиқа чунин ҳам шуд. Бадриддин бо сарфи тамоми маҳорату неруи худ ба пурӯзӣ мушарраф гардид. Аз он лаҳзаҳои фаромӯшношаванда нўҳ сол сипарӣ гардид. Дар ин миён Бадриддин дар даҳҳо мусобиқаҳои сатҳи гуногун ширкат варзида, дастболо гашт...
Оид ба ин ва дигар масоили марбута бо варзишгари номбардори кишвар Бадриддин Умедов мусоҳибае доштем, ки тафсилоти онро манзури шумо мегардонем.
- Шумо чӣ гуна варзишгар шудед?
- Дар назди манзили истиқоматиамон МТМУ №45 ҷойгир аст, ки он дорои толори барҳавои варзишӣ мебошад. Ин толор барои аксарияти варзишгарони ноҳияи Ёвон азиз аст. Зеро дар он солҳост, ки даҳҳо нафар наврасону ҷавонон машқу тамрин намуда, имрӯз иддае аз онҳо варзишгарони номдор ва устодони дараҷаи байналмилалӣ гардидаанд. Мо аз хурдӣ тамрин ва қувваозмоиҳои устодонро бо ҳавас нигариста, орзу мекардем, ки варзишгар шавем. Ҳамин шавқу рағбат дар 12 солагӣ дар дили ман шуъла зад. Он замон намуди варзиши каратэ-до хеле маъмулу машҳур буд. Ҳамагӣ баъд аз ду соли машқу тамрин дар назди мураббии барҷастаи каратэ-до Мансур Раҷабов соли 2001-ум дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гаштам. Баъд аз ин рағбатам ба варзиш боз ҳам афзуд ва ҳамин тавр ин роҳро интихоб намудам.
-Миёни варзишгарони Тоҷикистон гўштин маъмултарин намуди варзиш аст, чаро Шумо маҳз карате-доро интихоб кардед?
-Дуруст аст, ки гўштин маъмултар аст. Аммо солҳои 2000-ум аксари ҷавонон ба омӯзиши каратэ-до бартарӣ медоданд. Зеро ин намуди варзиш омехтаи ҷопонӣ буда, дар он усулҳои ҳам гўштин, муштзанӣ ва ҳам таэквандо истифода бурда мешавад. Аз аввал дар се толори варзишии ноҳияи Ёвон наврасону ҷавонон каратэ-до машқ мекарданд, ки мо низ аз зумраи онҳо будем. Ҳоло ҳам каму беш 200 нафар ин риштаи варзишро интихоб намудаанд. Ба онҳо устодони шоиста ва дараҷаи байналмилалӣ мураббигӣ менамоянд. Ин аст, ки варзишгарони мо сол то сол ба дастовардҳои хуб ноил гардида истодаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон каратэчиён зиёданд, аммо бояд гӯям, ки намояндагони танҳо се шаҳр - Душанбе, Хуҷанд ва Турсунзода бо варзишгарони мо рақобатпазиранду халос.
-Аз кадом дастовардҳои худ ифтихор доред?
-Чанде пеш дар Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ ман ва шогирдонам иштирок намуда, дар вазни +84 кг сазовори ҷойи аввал гаштам. Банда аз соли 2005 то инҷониб ҳамасола дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, боре ҳам бе ҷойи намоён ва медал намондаам. Шукр, ки 16 карат Чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба карате-до мебошам. Албатта, аз дастовардҳои худ ва дастпарваронам меболам, аммо ҳеҷ вақт бо он иктифо намекунам. Баръакс, мо кӯшиш намуда истодаем, ки боз ҳам аз болои худ кор кунем ва дар мусобиқаю олимпиадаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок намуда, парчами ватани азизамонро боло бардорем. Бояд гӯям, ки солҳои 1997-2010 Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои ҳамин намуди варзиш дар байни кишварҳои Осиёи Миёна ҷойи аввалро ишғол мекард. Аммо ҳоло мо ақиб мондаем. Сабаби ин камтаваҷҷуҳӣ ва ба таври бояду шояд маблағгузорӣ нагардидани ин намуди варзиш аст.
Аз соли 2005 то соли 2010 дар мусобиқаҳои АвруОсиё иштирок намуда, ҳар дафъа сазовори ҷойи якум гаштаам. Дар мусобиқаи ҷаҳонии байни донишҷӯён, ки соли 2009 дар Лаҳистон баргузор гардид, сазовори ҷойи дуюм, дар мусобиқаи Осиё, ки дар Ганконг барпо шуд, дар вазни худам ба ҷойи аввал, дар вазни озод ҷойи сеюмро мушарраф гардидам. Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ аз рӯи варзиши карате-до соли 2012 дар Москва аз рӯи вазни худ сазовори ҷойи аввал, соли 2016 дар Ҷоми ҷаҳон, ки макони баргузории он Эрон буд, ҷойи сеюм ва ахиран барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон дар Чехия мавқеи аввалро ишғол намудам.
Ҳоло ба мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки дар назар аст моҳи ноябри ҳамин сол дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардад, омодагӣ дида истодаем.
-То куҷо имрӯз наврасону ҷавонон ба каратэ-до завқ доранд?
-Албатта, ҷавонон ба ин намуди варзиш ҳам шавқу рағбати зиёд зоҳир менамоянд. Ҳоло мураббигӣ низ мекунам. Наврасону ҷавонони зиёде ҳастанд, ки ба онҳо солҳо боз каратэ-доро меомӯзонам. Аллакай чанде аз шогирдонам дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои намоён ба Ватан баргаштаанд. Аз ҷумла, Муҳаммад Тешаев соли 2019 дар мусобиқаи Осиёи Миёна сазовори ҷойи аввал гашт. Раҷаббек Раҳимов, Фариддун Каримов ва якчанд нафари дигар чандкарата чемпиони Тоҷикистон оид ба каратэ-до ва ҷоизадорони мусобиқоти сатҳи минтақавию байналмилалӣ мебошанд.
- Шумо вазъи имрӯзаи соҳаи варзиши мамлакатро чӣ гуна баҳо мегузоред?
- Албатта, ҳоло дар ҳама ҷо толору майдонча ва маҷмааҳои варзишӣ фаъолият мекунанд, аммо масъалаи љалби ҷавонон ба ин муассисаҳои варзишӣ мавзӯи дигар аст. Аз ҷумла, ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли кишвар раванди бунёди иншооти варзишӣ боз ҳам вусъат гирифт ва барои наврасону ҷавонон ва ҳатто калонсолон шароити созгор муҳайё гардида истодааст. Аммо ҳамаи ин барои ба натиҷаҳои хуб ноил шудан ҳоло ҳам басанда нест. Ба андешаи ман варзишгаре, ки зуд-зуд дар мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ иштирок намекунад, медал оварда наметавонад. Ҳарчанд вай неруву бозӯи хуб дораду солҳои сол тамрин намудааст, аммо чунин варзишгар ҳамоно ба таҷриба ва рақибони мустаҳкам ниёз дорад. Бояд гуфт, ки барои иштирок дар чунин мусобиқаҳо маблағгузории варзишгарон муҳим аст. Ҳамасола дар кишварҳои олам мусобиқаҳои бонуфузе зиёд баргузор мегарданд, ки бо сабаби маблағгузорӣ нашудани сафархарҷию дигар масоили марбута мо иштирок карда наметавонем. Лекин ба ҳадди имкон ҳамеша кӯшиш мекунем, ки номбардори Ватан бошем. Мавриди зикр аст, ки моро Федератсияи карате-дои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мактаби варзишии ноҳия, соҳибкорони бо нангу номус ба монанди Баҳриддин Ҷӯрахонов то ҷое дастгирӣ мекунанд.
-Рисолати варзишгарро дар чӣ мебинед?
-Варзиш тарзи ҳаёти солим буда, на танҳо варзишгарро бардам менамояд, балки ба ӯ зебоӣ мебахшад. Илова бар ин варзиш инсонро хушҳол, андешаи ӯро ба зиндагӣ нек мегардонад. Рисолати варзишгар бошад, дар ҳифзи шаъну шараф ва ватандории ӯ зоҳир мегардад, ки кишвари худро дар арсаи байналмилалӣ чи гуна муаррифӣ мекунад.
Варзишгар вақте ки ба майдон мебарояду тамоми кӯшишу талош ва неруву маҳорати худро сарф мекунаду бар ҳарифаш ғолиб намеояд, чандон аламовар нест. Бояд варзишгар мағлубиятро низ қабул дошта бошад. Ҳолатҳое мешавад, ки варзишгар ба майдон мебарояду вале маҳорати худро ба кор бурда наметавонад, ки он омилҳои гуногун дорад. Варзишгар танҳо бояд варзишгар бошад. Ӯро на бояд масоили иқтисодию иҷтимоии зиндагӣ халалдор кунад. Имрўз варзишгар ба омӯзгорӣ, табибӣ, бонкирӣ ва дигар корҳо низ машғул аст. Барои чӣ? Зеро зиндагӣ маҷбур мекунад. Худи ман дар бонк кор мекунам. Иқрор мешавам, ки ҳар дастоварди намоёне, ки дорам давраи беташвишиам ба даст омадааст. Ҳоло хоҳ нохоҳ пайи рӯзгор ҳастем.
Амонҷон МАҲКАМОВ, н. Ёвон
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД