Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Фурӯғи ситораҳо
Дар гузори таърих чандин кишварҳои дар арсаи ҷаҳон пешрафту тараққиёфтае сабти ном гардидаанд, ки дар масири эҳёву бунёдгузории давлату давлатдорӣ идеяи баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва рушди зеҳниву маърифатнокии мардумро ҳадафи меҳварӣ қарор дода, ба ин васила ба рушду пешрафтҳои бузург ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ноил гардидаанд. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки таҳти сарпарастии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, дар ҳаёти мардуми кишварамон таҳаввулоти бузурги фарҳангӣ бахшид.
Биноан, сол аз сол афзудани шумораи довталабон барои иштирок дар ин озмун далели рӯшани бедории фикрӣ ва таваҷҷуҳу шавқмандии қишрҳои гуногуни ҷомеа ба китобу китобхонаҳо ва тарғибу ҳидояти фарзандон ба олами илму адаб мебошад. Диловаршоҳ Исматов, сокини рустои Муъминободи Ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ноҳияи Носири Хусрав аз зумраи нафаронест, ки ҳама ҳастии худро барои таълиму тарбия ва ташаккули зеҳниву рушди маҳорату истеъдоди фарзандон бахшидааст.
-Бекориву зичии аҳолӣ ва дигар мушкилоти зист боис шуд, ки соли 2007 аз зодгоҳам ноҳияи Восеъ ба ноҳияи Носири Хусрав кӯч бастем. Баъди анҷоми хонасозиву руҷуъ ба ободонии макони нави зистамон ҳамеша ҳушу хаёлам ба таълиму тарбияи фарзандонам буд. Зеро дашту марзҳои беканори ин сарзамини хушобу ҳаворо дида, орзуманди он будам, ки бо мурури солҳо сафи қувваҳои корӣ дар ин диёри навбунёд зиёд шуда, тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ ин гӯшаи Тоҷикистонро ободу зебо мегардонем,- аз солҳои аввали зиндагӣ дар ин ноҳия қисса оғоз кард Диловаршоҳ Исматов.
– Гарчанде худ таҳсилоти олӣ надошта бошам ҳам, тарбияву омодагии кадрҳои ҷавону кордонро омили асосии рушду тараққиёти ин ноҳияи дурдасти кишварамон медонам. Ин буд, ки ҳангоми пайдо шудани имконият барои фарзандонам китоб мехарам ва китобхониву таҳсилоти олиро дар ҳаёти онҳо дар мадди аввал мегузорам. Зеро ҳанӯз дар овони навхонадориамон вақте тифли нахустинам аз олам гузашт, ба худ қавл додам, ки агар фарзанддор шавам, ҳама буду шуди худро баҳри донишманд шудан ва беҳтарин кадрҳои замони худ шудани онҳо мебахшам.
Шукри Офаридгор дар ин миён соҳиби 4 писару ду духтари нозанин шудем ва новобаста ба саргармиҳои кори саҳро барои тарбияи фарзандонам вақт ҷудо мекунам. Ростӣ, мо чаҳор писарамонро бар асари тафсири хоби падарамон исмҳои фариштаҳои осмониро гузоштаем. Натиҷаи шавқу истеъдоди онҳо ба мутолиаи китобҳои бадеӣ буд, ки ба синну соли худ нигоҳ накарда, ҳар нафари онҳо аз 200 то 1000 китобҳои гуногунро мутолиа намуда, вобаста ба завқу салиқаи хеш дар номинатсияҳои гуногуни Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар озмуни гузашта фарзандонам- Ҷабраил, Азроилшоҳ, Асрофил, Микоил ва Омина дар номинатсияҳои гуногуни озмун то даври вилоятӣ роҳ ёфтаанд.
Ҷабраил имсол таҳсилоти миёнаи умумиро хатм карда, тариқи Маркази миллии тестӣ ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дохил шуд. Итминон дорам, ки сарфи назар аз интихоби касбу ҳунарҳои гуногун фарзандони ман дар оянда мутолиаи асарҳои бадеиро ҳамчун шуғли дӯстдоштанӣ канор намегузоранд.
Омина духтари калонии хонавода, ки имсол синфи 5-умро хатм кардааст, аллакай бо иштироки фаъолаш дар озмуну маҳфилҳои сатҳи гуногун номбардори падару модар ва мактаби деҳкадаи зисти худ мебошад.
– Дар пешрафту дастовардҳои донишандӯзиам падари азизам саҳми бузург мебозад. Чунки илова ба таъмини мо бо китобҳои гуногун падарам ба ҷойи ман ҳама корҳои хонаро иҷро мекунанд, то ман дарсҳоямро аз рӯи реҷа тайёр карда, ҳар рӯз чанд соати муайян саргарми мутолиаи китобҳои бадеӣ бошам,- иброз медорад Омина.
Муҳити зисту шароити таълиму тарбияи фарзандони ин хонаводаи маърифатпарвари рустои дурдасти ноҳияи Носири Хусрав касро ба андеша водор менамояд, ки кош тамоми падару модарон ба мисли ин хонаводаи аз шаҳру марказҳои маъмурӣ дар канор ба тарбияи фарзандон ба ин ҳад таваҷҷуҳ медоштанд.
Ю.СОБИР, н. Носири Хусрав
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


