Бойгонӣ

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Муҳтарам табибон,
ҳамватанони азиз!
  Истиқлолияти давлатӣ барои рушду тараққиёти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид гузошта, ҷиҳати фароҳам сохтани шароити созгор барои пешрафти ҷомеа такони ҷиддӣ бахшид.
   Дар баробари дигар соҳаҳои муҳим, соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳиши бузург намуда, бо биноҳои замонавӣ, таҷҳизоти муосир, табибони таҷрибадору соҳибтахассус таъмин гардида, вазъи хизматрасонии тиббӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
   Вохӯрии Пешвои муаззами миллат бо кормандони соҳаи тиб ба муносибати Рӯзи кормандони соҳа, 18 августи соли 2020, нишонаи олии таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати рушди кори соҳа ва қадрдонӣ намудани хизматҳои шоёни кормандони соҳаи тиб мебошад.
   Боиси ифтихор ва сарфарозии миллати тоҷик аст, ки фарзандони барумандаш ба монанди Абуалӣ ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Исмоили Ҷузҷонӣ ва чанде дигарон барои ҳифзи саломатии аҳолӣ аз тамоми имконияту воситаҳо истифода намуда, дар ин ҷода заҳматҳои зиёд кашида, дар ҷаҳон маъруф ва миёни халқ маҳбубият пайдо кардаанд.
   Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ҳазор сол муқаддам бо китоби беназиру арзишманди худ “Қонуни тиб” собит намуд, ки халқи фарҳангпарвари тоҷик дар соҳаи тиб низ метавонад мақоми ҷаҳонӣ касб намояд.
Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамасола 18 август дар сартосари кишвар нишонаи қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба хизмати ворисони Синои бузург мебошад.
   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо ҳидояти фардосози Пешвои муаззами миллат ва бо дарназардошти мақоми соҳа ва нақшу манзалати табибон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ин соҳаи муҳим шароити корӣ ва хизматрасонӣ беҳтар гардад. Дар ин раванд диққати асосӣ барои баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонии тиббӣ, мувофиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани шароити кору хизматрасонӣ, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои тандурустӣ, таъмин намудан бо таҷҳизоти замонавӣ ва бо кадрҳои баландихтисос, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва монанди ин дода мешавад.
   Бояд эътироф намоем, ки маҳз ба шарофати сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи мазкур бесобиқа рушд намуда, заминаи моддию кадрӣ ва техникии муассисаҳои тиббӣ беҳтар гардонида шудаанд.
   Ифтитоҳи Маҷмааи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи вилоятии сироятӣ дар ноҳияи Данғара, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказҳои ташхисию таълимии тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Данғара, Вахш, Кӯшониён, Ёвон, Ховалинг бори дигар аз дастгириҳои Роҳбарияти олии сиёсии кишвар дар самти рушди соҳаи тиб гувоҳӣ медиҳад.
   Табибони вилояти Хатлон дар баробари пизишкони ҷаҳон дар пешорӯи бемории сирояти нав коронавирус қаҳрамонона истодагарӣ намуда, шабу рӯз баҳри ҳифзи сиҳатии мардум мубориза бурда, намунаи баланди ватандӯстиву инсондӯстӣ нишон доданд ва садоқати худро ба касби интихобнамудаашон исбот карданд. Ба ҳар яки онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям.
   Маврид ба зикр аст, ки дар вилоят ҷиҳати дарёфт ва муайян намудани бемории сирояти нави коронавирус айни ҳол 4 Маркази ташхисию таҳлилии вирусологӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Қубодиён бо таъмини таҷҳизоти зарурӣ фаъолият карда истодаанд.
   Тавре ба ҳамагон маълум аст, ин бемории ҳамагир тамоми донишмандони олам, бахусус олимони соҳаи тиб ва вирусологияро ба ташвиш оварда, дар ин самт корбарӣ доранд. Заҳмату талоши хастанопазирии роҳбарияти олии мамлакат ва донишу малакаи табибон, маърифати баланди тиббии мардуми бофарҳанги кишвар аст, ки ин беморӣ идорашаванда буда, вазъияти васеъшавии он рӯз аз рӯз бо кумаки табибон маҳдуд гардида истодааст.
   Дар заминаи сиёсати беҳдоштии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назари неки Пешвои миллат нисбати солимии аҳолӣ, тадбирҳои ҳадафманди иҷтимоӣ амалӣ гардида истодааст. Маҳз ворид гардидани беш аз 750 ҳазор воя ваксина ба вилоят ва гузаронидани иммунизатсия байни аҳолӣ аз сиёсати дурандешонаю хирадмандонаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар дарак медиҳад. Дар ҳамаи марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки маҳз барои гирифтани воя пешбинӣ шудааст, иммунизатсия бо суръат идома дорад.
   Мо эҳсос менамоем, ки имрӯз мардум якдилона баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён аз ин воя истифода мебаранд, ки барои саломатии имрӯзу ояндаи аҳолӣ фоидаовар аст.
   Боварӣ дорам, ки мардуми бофарҳанг ва шарафманди вилояти Хатлон бо сафсатаю дурӯғбофиҳои хоинони миллат бовар накарда, ин маъракаи муҳимро, ки дар ду марҳила сурат мегирад, ба анҷом мерасонанд ва саломатии худ ва пайвандонро аз ҳама гуна бемориҳо эмин медоранд.
   Мавриди қайд аст, ки баҳри пешрафти кори соҳа, беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла дар деҳот ва бартараф намудани мушкилот бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон ва бо муосидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорони бонангу номус, шахсони эҳсонкор ба ифтихори ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 909 иншооти соҳа, аз ҷумла 62 беморхона, 95 маркази саломатӣ, 287 бунгоҳи тиббӣ, 40 таваллудхона, 273 дорухона ва 152 нуқтаи хатна ба нақша гирифта шудааст.
   Ба ҳолати 1 августи соли 2021, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 890 адад иншооти соҳа мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ба мардум хизмати хуби тиббӣ мерасонанд.
   Ҳамзамон ёдовар бояд гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 19 иншооти соҳаи тиб, аз ҷумла бинои Маркази вилоятии стоматологӣ, бинои Маркази перинаталии Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар, беморхона барои 20 кат ва шуъбаи таваллудӣ дар ноҳияи Фархор, 2 маркази саломатӣ дар ноҳияи Темурмалик ва ба ин монанд ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.
   Лозим ба ёдоварист, ки дар вилоят барои рушди тибби хусусӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, дар сатҳи вилояти Хатлон шумораи муассисаҳои тиббии хусусӣ 155 адад, аз ҷумла Маркази тибби Хатлон, Маркази “Даво”, “Дурахш” ва “Акси Шифо” дар шаҳри Бохтар, Маркази ташхисию табобатии “Исмоил” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Маркази ташхисию табобатии “Сино” дар ноҳияи Вахш, Маркази бемориҳои чашм дар шаҳри Кӯлоб, Маркази ҷарроҳӣ дар ноҳияи Ховалинг, Маркази таълимию табобатии “Нури тиб”, маркази табобатии хусусии деҳаи Хуррамзамин дар ноҳияи Данғара барои ба табобат фаро гирифтани беморон ташкил карда шудаанд, ки бо истифода аз таҷҳизоти ҷадид ба мардум хизмати сифатноки тиббӣ мерасонанд.
   Барои саҳмгузорӣ ва бунёди муассисаҳои тиббии муосир дар қаламрави вилояти Хатлон ба соҳибкорони бонангу номус ва шахсони эҳсонкор самимона арзи сипос менамоям ва боварӣ дорам, ки ин анъана дар оянда низ идома меёбад.
   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри ҳавасмандсозӣ ва дастгирии кормандони соҳаи тиб Ҷоизаи раиси вилояти Хатлонро ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ, инчунин барои ҳимояи рисолаи докторӣ дар соҳаи тиб ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва барои дифои рисолаи номзадӣ 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар кардааст. Ин ҷоизаҳо ҳамасола ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ супорида мешаванд, ки ин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ натиҷаи дилхоҳ дода истодааст. Ҳамзамон озмуни вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» ҳамасола натиҷагирӣ карда мешавад, ки барои ҳар як номинатсия 5000 сомонӣ мукофот муқаррар гардидааст.
   Итминони комил дорам, ки табибони вилояти Хатлон ҳамчун ворисони ҳақиқии Сино кору пайкори ин шахсияти барҷастаи тибби ҷаҳониро идома дода, бо дарки масъулияти баланди касбӣ, инсондӯстию ватанпарастӣ, барои ҳарчи беҳтар гардидани тансиҳатию некуаҳолии мардум саҳми арзандаи худро мегузоранд.
   Бо ҳамин нияти нек, тамоми кормандони соҳаи тандурустии вилоятро ба муносибати иди касбиашон самимона табрик гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ ва дар фаъолияти пуршарафу башардӯстонаашон барору комёбӣ орзумандам.
Идатон муборак, ворисони Синои бузург!
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019