МАРДИ ДАРЁДИЛ

   Донистани таърихи миллату ҳунар, урфу анъанаҳои неки ниёгони хеш ва ин арзишҳоро ба наслҳои оянда боқӣ гузоштан амали хайру мондагори инсон дар зиндагӣ маҳсуб меёбад.
   Сокини деҳаи Девдори Ҷамоати деҳоти Шўроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, раиси Ассосиатсияи занбўри асалпарварони ҳамин ноҳия Сулаймон Бозоров бо ифтихори баланд аз саргузашти гузаштагонаш, ки мардони баору номуси диёри хеш буданд, расму ҳунарҳои падару бобоёни худро идома дода истодааст. Бобои ў аввалҳои асри 20 – ум аз деҳаи Мушккорони деҳоти Саричашма ба деҳаи Девдори Ҷамоати деҳоти Шўрообод кӯчида, дар ободонии ин гўшаи Ватан саҳм гузоштаанд. Дар ҳамин деҳа падари Сулаймон муаллим Бозор Худойбахшов ба дунё омада, солиёни зиёд ҳамчун омӯзгор, раиси деҳот ва ба ҳайси роҳбари хоҷагии «Чкаловск» фаъолият намудааст. Дар баробари таваҷҷуҳ ба таълиму тарбияи насли наврас дар ободии деҳот ва рушди хоҷагӣ саҳми арзанда гузоштааст. 
   Бозор Худойбахшов солҳои 1941-1945 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуда, аз фронт захмин бармегардад. Аз зиндагии якҷоя бо Момагул Назарова соҳиби 10 фарзанд шуданд. Фарзандони хонадон Бобохон, Алқосбӣ, Юсуф (рўҳаш шод бод) Сулаймон, Исроил, Иброҳим, Ҳабибулло, Сайфиддин, Кибриё, Маҷид, Шамсиддин дар вазифаҳои масъул кор карда, дар шукуфоӣ ва пешрафту ободии ин гўшаи Ватан саҳми арзанда гузоштанд. 
   Дар ҳамин хонаводаи бузург соли 1955 қаҳрамони мо   Сулаймон Бозоров чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.- Рафтору гуфтори падар натанҳо барои фарзандон, миёни ҳамдеҳагонамон низ намунаи ибрат маҳсуб меёфт. Бо хислатҳои инсондӯстӣ ва хоксориву ҳисси баланди ватандӯстӣ дар муносибатҳои ҳамсоядорӣ назири худро надошт. 
  - Боре саги ҳамсоя поямро газид хуншор кард ва ман аз қаҳру ғазаб сангеро сӯи саг андохтанӣ шудам, аммо санг ба  чойники ҳамсоя расид. Вақте ҳамсоя чойники шикастаро бардошта, барои шикоят омад, падарам ба рўям як шаппотии обдор зада буд. Баъди ду рӯз падарам ба ҳамсоя ду чойник харида оварда, товони чойникро талофӣ намуд. Баъдан падар сарамро сила намуда, ба захми поям малҳам молида мегуфт: «Писарам, захмҳои ҷисмонӣ шифо меёбанд, муҳим он аст, ки дили ҳамсоя аз мо наранҷида бошад», - ба ёд овард аз рафтори падараш Сулаймон Бозоров.
   Сулаймон Бозоров нахуст дар дабистони № 9 – и деҳаи Девдор таҳсил карда, баъдан солҳои 1964 – 1971 дар мактаб–интернати Саричашмаи ноҳияи имрӯза Шамсиддин Шоҳин таълим гирифтааст. Бо ёдоварӣ аз устоди нахустинаш Фозил Ниёзов ҳама дастовардҳои минбаъдаи худро аз натиҷаи заҳмати ин марди шариф медонад.
   Барои ӯ падар ва директори собиқ хоҷагии овозадори ба номи Саидқул Турдиеви ноҳияи Москва (ҳозира Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) Толиб Роибов шахсиятҳои идеалӣ ба ҳисоб мераванд.
  - Насиҳати падарамон буд, ки ҳаргиз сухани дурӯғро ба забон наоварем, ки дурӯғгӯӣ файзу баракати зиндагиро аз байн мебарад,- бо ёдоварӣ аз суҳбатҳои зодмандонаш қисса мекард Сулаймон Бозоров. Толиб Роибов бошад, мутахассиси варзида, роҳбари оқилу ташаббускор буду маро рафтору гуфтор ва фарҳанги либоспўшии ў хуш меомад. 
   Бо гузашти айём Сулаймон Бозоров роҳи падар ва раиси номдор Толиб Роибовро интихоб кард. Соли 1981 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияти худро ба ҳайси аграном аз ноҳияи Ховалинг оғоз бахшида, дар ноҳияҳои имрӯза Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин идома бахшид. Дар ин миён ба ҳайси директори совхози тухмипарварии «Доғистон» ва раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ифои вазифа намуд. Баъди хатми мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд муддате дар созмони собиқ комсомол ва баъдан дар шуъбаи ташкилӣ ва  кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия фаъолият намуда, дар ин ҷода, шогирдони зиёде низ тарбия намудааст. 
   Сулаймон Бозоров аз соли 2006 то соли 2010 дар Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати муовини сардори Раёсати стандартизатсия, бозрасии назорати давлатии пахтаро ба уҳда дошт. Аз соли 2010 то соли 2018 дар вазифаҳои муовини директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон ва 4 моҳи охир ба сифати директори маркази зикргардида содиқона ифои вазифа дошт. Ифтихор аз он дорад, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СММ, даҳҳо созмонҳои бонуфузи дунё, аз ҷумла, узви Созмони умумиҷаҳонии савдо буда, имрўз дар бозори ҷаҳонӣ маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда ва маҳсулоти кишоварзии аз нигоҳи экологӣ тоза содирот карда метавонад. Баргузор гардидани Форуми байналмилалии тиҷоратии «Бохтар Фуд - 2021» дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри  Бохтар бо иштироки 30 ширкату ҷамъиятҳо, намояндагон аз давлатҳои Федератсияи Россия, Ўзбекистон, Қазоқистон, Амрико далели он буд, ки фардо содирот рушд ёфта, Хатлонзамин ҳам метавонад ба молу маҳсулоти саноативу кишоварзӣ муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон бошад.
   Имрўз Сулаймон Бозоров роҳбарии Ассосиатсияи занбўрпарварони ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро ба уҳда дорад. Аҳли оилаи вай парвариши 250 оилаи занбӯри асалро ба роҳ монда, аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст меоранд.  Соли гузашта як тонна асали хушсифат ба Афғонистон содирот намуданд. Дар бозори марказии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мағозаи «Занбўри асал» - ро бунёд намудаанд.   Сулаймон Бозоров соҳиби 6 фарзандони тарбиядида, донишманду соҳибҳунар мебошад. Соҳиби 7 нафар набераи дўстрў буда, ҳаёти хушу хуррамонаро дар кори неки фарзандон ва нигоҳи шарарбори наберагон мебинад.
  - Табиати зебою дилфиреби  атрофи деҳаи Девдори Ҷамоати деҳоти Шўроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо қуллаҳои осмонбўси сабзу хуррам, олами набототу ҳайвонот, гиёҳҳои шифобахш диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Ин табиати дилкаши як гўшаи Тоҷикистони биҳиштосоро самимона бояд дўст дошту  онро ҳифз намуд  Сулаймон Бозоров дар ин гўшаи зебои Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолияти соҳибкориашро рушд бахшида, дар пешрафту ободии диёри хеш саҳми назаррас гузошта истодааст.  
                                                                 
Саидзода ШЕРАЛӢ, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин


Добавить комментарий