Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ШОҲҶОИЗА - дастоварди Шукрона
Хонадоне, ки Худованд неъмати бебаҳо - фарзандро арзонӣ медорад он ҷо хушбахтист, нуру зиё ва равшанист. Зеро ҳар лутфу гуфтори тифл, қадамҳояш, сари хон бо нағмаҳо нишастанҳо ва хиромон рақсиданҳояш бахти баланди волидон буда, онро шодкомию файзу баракати қисмат меҳисобанд. Ба умед ба сўи фарзанд нигаристану дар чашмонаш ояндаи некро дидан орзуи модарон аст.
Мутаассифона, бо амри тақдир баъзан тифлакони бегуноҳ бо иллатҳои модарзодӣ ба дунё омада, модаронро дилрешу навмед мегардонад ва ё бар асари ҳодисае нахли ояндасози мо гирифтори бемориҳое мегарданд, ки имкониятҳои онҳоро маҳдуд мегардонад. Аммо модарон дар ҳама ҳолат таҳаммулро пеша карда, бо розҳои дар қаъри дил ниҳонашон меваи ширини боғи умеди хешро ба камол мерасонанд. Зеро фарзанд новобаста ба бемориву солимӣ барои модар фарзанд аст, ки ба меҳрубониву тарбияи зодмандон ниёз дорад. Модар табибвор барои солимии фарзанд талош мекунад, дар ҳаққи дурдонаи ҳаёташ дуо мекунад ва барои фардои дурахшони фарзанд кўшиш мекунад, то ба вай умри дубора бубахшад.
Соли 2011 моҳи ноябр дар оилаи Бахтиёр ва Миҷгона Зоировҳо духтари нозбўе ба дунё меояд, ки шодии волидайнро ҳадду канор набуд. Миҷгона дар дил орзу мепарварид, ки соҳиби ду писару ду духтар гардад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Феълан онҳо соҳиби чор фарзанданд. Лек бо амри Худо Шукронаи дустрўяк на дар нўҳмоҳагӣ, балки дар моҳи ҳафтум чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
- Пас аз ба дунё омадани Шукрона мо бо ҳамроҳии табибон барои ҳаёти атфол талоши бисёр намудем, то шифо ёбад. Зеро ҳолаташ хуб набуд. Вақте мо аз беморхона рухсат шудем, шукрона намудем, ки ҳама дарду ранҷҳо паси сар шудаву ба ҳаёт баргаштани тифлаки норасидам хости Худованд будааст. Бисёр эҳтиёт мекардему пайваста зери назорати мутахассисони соҳаи тиб қарор доштем. Вале ҳанўз ба синни яксолагӣ норасида, пас аз ташхис маълум шуд, ки Шукронаҷон гирифтори фалаҷи майнаи сар будаву ба табобати ҷиддӣ бояд қарор гирад,- мегўяд Миҷгона Зоирова.
Феълан Шукрона Зоирова хонандаи синфи 4-и МТМУ №33-и Ҷамоати деҳоти Қадриддин Ғиёсов, деҳаи Тоҷикистони сурхи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Ин духтарак аз хурдӣ ҳамаро ба ҳайрат гузоштаву истеъдоди худододӣ дорад. Ҳамагӣ 6 моҳ дошту ширин – ширин бо лаҳни кўдакӣ ба сухангўӣ пардохту дар яксолагиаш ба омўзиши китоби аввал - Алифбо шурўъ намуд. Аз оне, ки роҳ рафта наметавонист, бисёр мехост шеърҳо азхуд намудаву барои пайвандонаш қироат кунаду ҳамагон қарс бизананду таърифу тавсифаш кунанд.
Дастгирии зодмандонаш буд, ки аз хурдӣ ин тифлаки дустрў ба эҷодиёти шоирони тоҷику муосир майл пайдо карда, пайваста шеърҳо аз худ мекард. Бо қироати шеър ва нутқи бурою суханварӣ аз хурдӣ дар чорабиниҳои оммавӣ иштироки фаъолона дошт.
- Шукрона дар хона чун кўдаки имконияташ маҳдуд худро дар канор намегирад. Ба апаву додараконаш дар хондану мутолиа кардани шеъру асарҳо кумак мекунад. Зеҳни хуб, қобилияти баланд ва истеъдодаш аст, ки Шукронаҷони мо аллакай якчанд шеърҳо эҷод намудааст, ки ин оғози амалишавии орзуҳои ўст,- мегўяд Бахтиёр Зоиров падари Шукрона.
Шукрона ҳоло ба синни 10 солагӣ нарасида бошад ҳам, аллакай 58 китоби бадеӣ хонда, 100 шеъри шоирони классик ва 200 шеърҳои гуногун, инчунин 100 рубоӣ аз Умари Хайёмро ҳифз намудааст. Бо ин қобилияти баландаш соли сипаригашта дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” сазовори ҷойи аввал гаштааст. Феълан Шукрона ба даври вилоятии ду озмун - “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст ” ва “Донояк” омодагии ҷиддӣ мебинад.
Шукрона Зоирова инчунин дар озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо шумоем”, ки барои кўдакони имконияти маҳдуддошта бо дастури Раиси ҲХДТ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўи се номинатсия “Қироати шеър ва маҳорати суханварӣ, “Сурудхонӣ” ва “Навохтани асбобҳои мусиқии халқӣ ва муосир” дар се давр роҳандозӣ шуда буд, ғолибият ба даст оварда, сазовори шоҳҷоизаи озмун гашт. Фароҳам овардани чунин имкониятҳо баҳри озмоиши маҳорату истеъдоди ин табақаи ҷомеа дарвоқеъ, кушодани равзанаи умед барои ояндаи онҳо буд. Маҳз ташкили чунин озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ наврасони имконияташон маҳдудро аз ғаму андешаҳои навмедӣ наҷот бахшида, дар замири онҳо шавқу рағбатро ба худсозиву пешрафт кардан бедор менамояд.
Дар озмуни мазкур, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид, аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат 1087 нафар довталаб ширкат намуда буданд, ки аз ин шумора 34 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтаанд.
Баъдан дар вазъияти мутантан шоҳҷоиза- сертификати хонаи истиқоматии иборат аз ду ҳуҷраи муҷаҳҳаз бо тамоми ашёи рўзгорро муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ба ғолиби озмун Шукрона Зоирова тақдим намуд.
Шукрона модарашро дўсти беҳтарини ҳаёт медонад. - Ҳамеша бо ман будану дар ҳаёт табибу ҳам ҳабибам буданашон маро ба ин муваффақият насиб гардонд. Модарҷонам лаҳзае бе ман ва ман бе модарам буда наметавонам ва маҳз зодмандонам бо муносибату меҳру шафқаташон барои шодии ман бисёр талош мекунанд. Ин ба ман ангезае бахшид, ки дар васфи волидонам шеъре эҷод кунам,- мегўяд Шукрона Зоирова.
Маҳз ҳамин озмун ба Шукрона имкон дод, то бо садои қалби кўчакаш дигаронро ошно созад. Ба эҷодаш баҳо диҳанд ва бо ҳамсолони хеш аз тамоми манотиқи кишвар ошноӣ пайдо кунад.
-Духтарам ҳарчанд мисли ҳамсолонаш роҳ рафта наметавонад ва барои иҷрои баъзе амалҳо маҳдудиятҳо дорад, аммо бо ҳамин маҳорати баланди суханвариаш ў дар ҷомеа мақоми худро дарёфтааст. Майли зиёд ба мутолиаи китоб дошта, аз ашъори шоирони бузургу зиндаёди тоҷик қироат карданро меписандад,-қисса мекунад, модари Шукрона.
Пайвандони Шукрона бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлоливу тинҷиву осудагии ватани азиз ва дастгириҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат изҳор медоранд, ки аз ин баъд ҳам дар тарбияи фарзандон ва саҳмгузорӣ дар ободиву рушди ватани худ саъю талоши бештар хоҳанд намуд. Ин хонаводаи хушбахту саодатманд аз роҳбари ҶДММ «Сарманзил» Маҳмудҷон Муродов сипосгузоранд, ки ҳамчун сарпарасти ин озмун мукофоти махсус, яъне, хонаи истиқоматиро дар шаҳри Душанбе барои барандаи шоҳҷоиза тахассус додааст.
Махфират ШОИМОВА
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД