Бойгонӣ

КӮҲИ НАМАК

   Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, аз рӯи мавқеи ҷуғрофиаш дорои захираҳои бепоёни табиӣ мебошад, ки кӯҳи намаки Хоҷамуъмин аз ҷумлаи онҳост.  
   Ин сарвати бузургу нодири табиат дар қисмати ҷанубии мамлакат дар соҳили чапи дарёи Яхсу – ҳудуди ноҳияҳои Восею Ҳамадонӣ воқеъ аст. Он дар миёни 50 кони намаки ошӣ дар Тоҷикистон калонтарин маҳсуб ёфта, дар миқёси ҷаҳон бошад, ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Гунбази кӯҳи мазкур аз дурии даҳҳо километр ба назар намоён буда, шакли он ба замбурўғи азиме шабоҳат дорад.
   Ба гуфтаи доктори илмҳои таърих Давлаталӣ Алимов, пайдоиши ин кӯҳ ба замонҳои хеле қадим мансуб дониста мешавад. Намак дар қуллаҳои шӯр охирҳои давраи Юра аз таҳшиншавӣ ҳосил шудааст. Тахмин мекунанд, ки гунбази намак ҳазорҳо сол пеш аз ин қабати ҷисмҳои болохобидаро рахна карда баромадааст. Замоне инҷо баҳр будааст ва бо гузашти вақту таъсири иқлим он ба хушкӣ мубаддал гаштааст. Гунбази намак дар рӯи замин ва пояаш дар зери замин ҷойгир буда, ҷуқурии он то ба ҳол маълум нест.
   Ҳанўз дар асри VII сайёҳи чинӣ Сюан-Сзан ва дар садаи XIII олим ва ҷаҳонгарди венетсиягӣ Марко Поло дар хотироташон иброз намуданд, ки "Мардум аз ин ҷо беҳтарин намаки дунёро мегиранд. Он намак хеле дурушт буда, танҳо бо фонаҳои калони оҳанин мешикананд ва ҳаҷмаш чунон бисёр аст, ки ба ҳамаи олам кифоя аст. То даме дунё вуҷуд дорад, кӯҳи намак ба ҳама мерасад".
   Ҷуғрофидон Ҷумахон Баротов мегӯяд, ки бори нахуст соли 1931 дар кони намаки "Хоҷамуъмин" таҳқиқоти ҷустуҷӯии геологӣ аз тарафи Раёсати геологии Осиёи миёнагӣ гузаронида шудааст. 
   Тибқи он захираи намак дар қисмати болоии кон ба миқдори 30 миллиард тонна муайян гардида, баъдан мутахассисон ҳаҷми онро то ба 60 миллиард тонна тахмин кардаанд. 
   Намаки Хоҷамуъмин дар миқёси ҷаҳон аз лиҳози сифатнокӣ мақоми аввалро ишғол менамояд. Ин баҳои мусбиро солҳои 80-ум асри гузашта дар озмуни махсуси байналмилалии Фаронса сазовор гаштааст. Ба гуфтаи олимон намакинтарин кӯҳи олам низ Хоҷамуъмин аст, зеро 98 фоизи онро хлориди натрий ташкил медиҳад. 
   Гунбази намаки ин кӯҳ ниҳоят калон буда, тарҳи он аз боло доирашакл аст ва аз паҳлу ба конуси сарбурида монандӣ дорад. Қутб ё диаметри гунбаз беш аз 8 километр мебошад. Қуллааш аз сатҳи баҳр 1336 метр ва аз сатҳи водии дарёи Яхсу қариб 700 метрро ташкил медиҳад. 
Кӯҳ аз намаксанги сафед, сабзтоб, бунафш ва сурхчатоб иборат аст, ки рӯи онро қабати ҷисмҳои сахт пӯшидаанд. Нишебиҳои сар ба поён овезони ин қабатҳо мисли рангҳои тирукамон ҷило медиҳанд. Ва онҳо ҷаридор, баъзан рости девормонанданд. Баландии ҷариҳо аз 50 то 150 метр буда, аз шӯшаҳои овезони намак иборатанд. 
   Кӯҳи намаки Хоҷамуъмин инчунин бо чашмаҳои шифобахши худ машҳур аст, - иброз менамояд Бобомурод Ғафуров, дотсенти илмҳои химия. - Аз  163 чашма, ки аз қаъри кӯҳ берун мешаванд, 29-тои он доимоҷоришаванда буда, боқимонда мавсимӣ мебошад. Дар ин кӯҳ чашмаҳое низ мавҷуданд, ки аз он оби ширин фаввора мезананд. Оби тозаи ошомидание, ки аз нишебиҳо ба доманаи кӯҳ ҷорист, ба шохаҳо тақсим шуда, тадриҷан шӯр мегарданд. Ҳатто соҳилҳои атрофи чашмаҳо бо доманаи булӯр пӯшонида шудаанд. Дар ҳамворӣ ин ҷараёнҳо барои истихроҷи намак хизмат мекунанд. Пештар пораҳои аз як метр дарозро аз санг бурида мегирифтанд. Имрӯз намак тавассути бухоршавии табиӣ истихроҷ мешавад. Дар пойгоҳ зарфҳои махсуси таҳшинӣ мавҷуданд, ки аз оби чашма пур карда шудаанд, - илова намуд устоди донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Б. Ғафуров.
   Дар давоми ҳазорсолаҳои гузашта боришот дар қуллаи кӯҳи Хоҷамуъмин тавассути селобаҳо чуқуриҳои зиёдеро ба миён овардаанд, ки шабеҳи чоҳҳо, ба умқи қабатҳои замбурўғи намакин фурӯ рафтаанд. Баъди чунин ҳодисаҳои табиӣ аз болои кӯҳ ба поёни он ҷӯйборҳои намакин ҷорӣ мегарданд. Аҷоиб аст, ки аз чашмаҳои қуллаи кӯҳ обӣ ширини ошомиданӣ фаввора мезананд. Аз афташ дар қабати намаксангҳо боз дигар маъданҳо мавҷуданд, ки зери таъсири фишори онҳо оби ширин ба қулла баромада,  ҷо-ҷо чун чашмаҳои оби мусаффо фаввора мезананд. 

   Дар ибтидои асри ХХ таҳқиқотчии маъруфи рус Логофет, ки аз сайёҳони ин мавзеъ  буд, ба хусусияти обҳои Хоҷамуъмин диққати махсус дода, чунин менигорад: “Сокинон ин мавзеъро муқаддас мешуморанду обҳои онро шифобахш медонанд. Бо шарофати кӯҳи намаки Хоҷамуъмин ин ҷо доимо маризони муолиҷагиранда ҳастанд, ки фақат бо як оббозӣ дар намакоб табобат мегиранд.”  
   Дар кӯҳи намак ғорҳои бешуморе ҳастанд, ки дохили онҳо аз пораҳои намакини аз замин ба боло баромада ва баръакс аз шифт ба поён овезоншуда иборатанд. Баландии ғорҳо дар баъзе ҷойҳо ба 8-10 метр мерасанд, - иттилоъ дод Облоқул Каримов, сармутахассиси Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. -Калонтарин ғори Хоҷамуъмин  350 метр дарозӣ дошта, бо садои табиии мусиқимонанд ва баъзан овози воҳиманоки худ шинохта шудааст. Дар ин ғор оҳангу садоҳои гуногун бо шарофати боде, ки аз байни шӯшаҳои тунуки намак мегузарад, ба вуҷуд меоянд. Сабаби инро муҳаққиқон гузариши шамоли ба дохили ғор дохилшаванда ва бархурдани он ба шӯшаҳои намак рабт медиҳанд. Ҳамчунин нақбҳои танги ғор нур мепошанд, ки одатан онҳоро чашмаҳои намак зер мекунанд, - афзуд О. Каримов.
   Таровати табиат дар кӯҳи Хоҷамуъмин бар машоми кас мерасад. Тобистонаш гарм ва зимистонаш сард мебошад. Ҳавои софу беолоши ин мавзеъ роҳи нафасро кушода, хастагиро дур мекунад. Як-ду соат хуфтан дар оғўши табиати кӯҳи Хоҷамуъмин авлотар аз шаберо субҳ кардан дар боғу бустон аст. Ин ҷо олами набототу ҳайвонот низ мавҷуд мебошад. Аҷиб он аст, ки дар болои намаксангҳо чи гуна растаниҳо мерӯянду мавҷудоти зинда дар шӯрӣ ба сар мебаранд? Ба гуфтаи табиатшиносон ҷазираҳои замини кӯҳи намак ғубори бодҳои вазидае мебошанд, ки дар тӯли ҳазорсола ҷамъ шуда, як қабати ғафси хокро ба вуҷуд овардаанд. Дарахтону гиёҳҳои арча, писта, бодом, дӯлона, муруд, туғ, ров, зира, шакунг, испанд, намудҳои сархасшаклон ва буттаю алафҳои гуногун табиати кӯҳи номбурдаро бой гардонидаанд. 
   Олимон таъкид мекунанд, ки садсолаи охир нобудшавии ҳайвонот дар кӯҳи Хоҷамуъмин ба амал омада, дар натиҷаи муносибати нодурусти инсон ба табиат аксари онҳо аз байн рафтаанд. 50-60 сол пеш олимон 300 сар гўсфанди ёбоӣ ва охири солҳои 60-ум якчанд сар бузи кӯҳиро мушоҳида карда буданд. Ҳоло шумораи ками баъзе намудҳои парандаву хазанда ва дарандаҳо боқӣ мондаанд, ки аз мавҷудияти олами ҳайвоноти ин мавзеъ дарак медиҳанд. 
   Бо назардошти захираву имконоти кӯҳи намаки Хоҷамуъмин, манзараи зебову дилфиреб, ҳавои софу беғубор, оби чашмаву ҷўйҳои мусаффо, шӯшаҳои овезони нишебиҳо, садои мусиқимонанди ғорҳо, сарсабзии гулу гиёҳ ва дарахту растаниҳо, ки  дар маҷмўъ ҳамаи онҳо аз муъҷизаҳои табиати афсункори як гӯшаи диёранд, олимону муҳаққиқон ва донишмандону мутахассисон пешниҳод менамояд, ки мавзеи мазкур ба мамнуъгоҳи давлатӣ табдил дода шуда, дар назди он истироҳатгоҳу табобатхонаҳо бунёд ёбанд, то сокинону сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ин неъмати бебаҳои Тоҷикистон баҳравар гарданд. 
М. АМОНҶОН, ноҳияи Восеъ


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019