Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ШУКРОНАИ ҲАР НАФАС
Сапедадам расиду Марям ашкҳои нозуки сари мижгонҳои сиёҳашро бо нармии ангуштони ларзонаш пок карда, оҳи бадарде кашиду духтарчаи дар хоби нозашро навозишкорона бӯсида мегуфт: Милоди падарат муборак бошад духтари нозбӯи модар! Дареғо, ки падари нозбардорат дигар ҳамроҳи мо нест ва бо ҳама ҷаҳду талошҳоям Худо медонад, ки оё ҷойи вайро пур мекарда бошам? Мусаллам аст, ки на...
Марям ба ёди лаҳзаҳои ҷашнгирии маросимҳои хонаводагӣ ва он лаҳзаҳои хотирмони ҳаёти оилавиашон ба фикру андеша ғутавар гардида, чӣ сон баланд шудани садои гиряҳои ҷонгудозашро нафаҳмида монд. «Магар ин дар қисмати мо навишта шуда буд, ки аз ҳам ҷудо гардем? Худоё, оё ин ҳам баҳона шуда метавонад, ки бемор шудани модари ҷавон сабабгори хонавайронии ӯ гардад? Охир тифли ҳанӯз аз шири модар ҷудонашудаи мо чӣ гуноҳ дошт, ки аз лутфу меҳрубониҳои падар маҳрум гардад?
Ин ва дигар мунозираҳои Марям бо худу Худои бузург ҳар шабонгоҳон такрор мешуд. Зеро оилаи навбунёди Марями маҳбуби шавҳар, ки зиндагиро бе ҳамдигару духтари нозанинашон тасаввур намекарданд, дар аввалин бодаҳои рӯзгор тоб наовард. Балки ин ҷуфти мадюни якдигарро, ки баъди ба дунё омадани тифли навзодашон, ҳамдигарро бештар дӯст медоштанд, модари ҳамсараш аз ҳам ҷудо кард. Шавҳари сангиндил, ки ба ҷуз иҷрои амру хостаҳои фиребои модари худ фаҳми дигар дар зиндагӣ надошт, ҳамсару духтарчаи нозанинашро дар нимароҳи зиндагӣ партофту рафт.
… Саҳаргоҳон Марям дар рӯ ба рӯи оина бо дидаҳои аз гиря сурху варамидаи худ нигариста, таъкиди табибон ба хотираш омад, ки имрӯз бояд аз ташхиси тиббӣ гузашта, ба ҷарроҳӣ омода шавад. Чун рӯзҳои дигар ғарқи сад фикру хаёлҳои гуногун гирён-гирён корҳои хонаашро анҷом дода, сӯи беморхона раҳсипор мешавад. Раҳораҳ эҳсоси навмедие вайро фаро гирифта буду ба худ мегуфт: “Мабодо, дар пайи амали ҷарроҳӣ.... аҳволи духтари падарятимам чӣ мешуда бошад...”.
Новобаста ба таъкидҳои табибон Марям ноумед аз ояндаи умри худ ба гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ розигӣ дод. Замоне Марям ба ҳуш омад, ҳанӯз чашмонашро накушода, духтарчаашро суроғ намуд. Вақте ки ҳамшираи шафқат духтарро назди модар овард, садои гиряи модар дар ҳуҷраи эҳёгарӣ танинандоз шуд....
Шояд ҳамшираҳо ҳам бори аввал шоҳиди чунин лаҳзаи дилгудоз шуда буданд, ки ашкрезон шукргузорӣ мекарданд, ки модари ҷавон аз хавф наҷотёфтаро дидори дубораи тифли дилбандаш муяссар гардидааст.
Бо мурури рӯзҳо Марям ба хубӣ шифо меёфту баъзан назди тирезаи палата андармони тамошои манзараҳои берун ба фикру андеша ғуттавар мешуд. Ҳамшираҳо ба хотири таскинбахшии вай баъзан садо мекарданд: «Марямбону! Охир ҷарроҳӣ ва мушкилот ҳама паси сар шуду ту ҳоло ҳам аз гирдоби фикру хаёлҳои ғамангезат раҳо нашудаӣ”, “Шояд бас будагист ғаму андӯҳи бефоида”...
Марям бошад орому бегумон ба ҳамшира нигоҳи пурмаъное карда, ба худ мегуфт: «Бале хоҳарони азизи ман, захмҳои теғ шифо ёфта истодаанд, аммо захмҳои дил не …».
Имрӯз ҳам гузашт, сингори як нафас,
Як рӯзи ноумед пурашку бе ҳавас
Ин рӯзи хандарез , гирён кард маро,
Ман ғам намехӯрам, ғам мехӯрад маро…
С. ЗАРНИГОР.
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД



