Бойгонӣ

Моҳичаҳои ранга… ва «чораҷўӣ»- и ман

Ҳикояи воқеӣ

Боре падарам дар айёми хурдсолӣ маро ба тамошои шаҳри Душанбе бурда буд. Ба мағозаи «Варзиш» даромадем. Ман дар як зарфи калони ҳавзчамонанд, ки дар танаи девор устувор карда шуда буд, моҳичаҳои рангоранги дар об шинокунандаро дида мондам.
     Баъдтар «аквариум» будани ин ҳавзчаи моҳиҳоро фаҳмидам. Аз тамошои моҳичаҳои ранга сер намешудам. Чӣ тавр он моҳичаҳо бо даҳони кушода алафу гиёҳҳоро мехўрданд, диққатҷалбкунанда  буданд. Аз тамошои ашёҳои дар мағозабуда, ба ман ҳавзчаи моҳиҳои ранга бештар маъқул гардида буд.
     Падарам базўр маро аз мағоза берун кард. Аз ҳамон вақт мехостам, ки худам ҳавзи моҳичаҳои ранга дошта бошам. Баъди калонсол гаштанам аз пайи амалишавии орзуҳоям гаштам. 
      Аз ҳамон мағоза асбобу анҷоми моҳипарвариро харида, ба хона овардам. Чизеро, ки намефаҳмидам, таввасути телефон аз фурўшанда пурсида аниқ мекардам.
Як аквариуми калонҳаҷм, ки барои ғунҷоиши даҳ моҳича муқаррар шуда буд, дар дохили он бист литр об рехта, баъд алафҳои дар шароити об сабзандаро, аз қабили ричия, салвания, карам, сунбули обӣ, сарахси обӣ, марсилия, апоногентон ҷо ба ҷо карда гузоштам. Дар як гўшаи аквариум регу шағал ва сангчаҳои зеборо рехта мондам. Аз корам завқ мебурдам… Баъди як ҳафта моҳичаҳои аквариумии макронода, лялиус, неон, грасилис, карас, зармоҳӣ, телескоп, кометаро бо оби ҳавзчаи доимӣ нигоҳ медоштам.
Моҳҳо мегузаштанд. Шуҳрати аквариуми ман тамоми деҳа ва атрофи онро фаро гирифт. Дўстдорони табиат ва ҳатто калонсолон ба тамошояш меомаданд…
Махсусан, дар ҳолати аз ҳад зиёд мондашавӣ, асабоният зуд ба назди аквариум рафта, ҳаракату шинокунии онҳоро тамошо мекардам. Ҳатто соатҳо ба ин махлуқоти обӣ нигариста завқ мебурдам. Вале хурсандии ман тўл накашид.
         Тирамоҳ. Вақти ғунучини ғўзапоя сар шуда буд. Як рўз ба аквариум назар афкандам, ки ҳарорати дохили оби он ҳашт дараҷаи плюсаро нишон медод. Он бояд ба таври доимӣ аз ҳаждаҳ дараҷаи плюсӣ поин набошад. Ман  ин ҳолатро мушоҳида карда, аз пайи «чораҷўӣ» шудам. Чойҷўшонаки сипаршакли барқиро ба васлак (розетка) пайваст намуда, онро дохили аквариум ба мехе устувор карда гузоштам. Ба кўча баромада ҳамсояамон Каримҷонамакро дида мондам. Вай рўйи равонак (тележка) савор маро ишора карда:
      - Ҳомидҷон, биё писарам. Якчанд дарза ғўзапоя тайёр. Онро ба равонак бор кунем. Ба кумаки Каримҷонамак шитофтам. Кори ўро тамом кардем, ки Маҳмадрасули ҳамсинфам дар саҳро пайдо шуда монд. Бору кори ўро низ ба сомон расонда, ба тарафи хонам меомадам. Бобои Афзалшоҳ дар роҳ бо аробаи чаппашуда  чӣ кор карданашро намедонист. Одаму одамгарӣ беҳтарин фазилати инсонӣ гуфта, хараробаи чаппашудаи бобои  Афзалшоҳро ҳам аз нав бор карда шуда будам, ба ёдам чойҷўшонаки барқӣ расид. Ба тарафи манзил давидам. Бобои Афзалшоҳ ҳайрон- ҳайрон аз пасам менигарист…
Даруни хона пур аз буғ, тип торик. Бўйи моҳичаҳои обпазу варамида гирду атрофро фаро гирифта. Аз ин ҳолат дили кас беҳузур мегардад. Бо азобе чойҷўшонаки барқиро аз васлак канда гирифтам. Фарши хона пур аз моҳичаҳои рангаи мурда. Ҳар сў паҳну парешон.
- Оҳ моҳичаҳои зебои ман!
Шумо аз ҳарорати баланди об ҳалок гардидед,- гуфта худамро сарзаниш мекардам.
Вақтҳои охир аквариум ва моҳичаҳои тиллорангро дар телевизион ё ягон ҷойи дигар дида мондам, ваҷоҳатам тағйир меёбад, сару рўям арақ мекунад, сардард мешавам….
                                                  Ҳ. ҲОҶӢ, омўзгор

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019