Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Файзи гули як хонадон
Дар яке аз чорабиниҳои фарҳангӣ дар қатори фаъолони шаҳри Бохтар собиқадори меҳнат Файзигул Ҳакимова низ барои иштироки фаъолонааш дар ҳаёти Шўрои собиқадорон, чорабиниҳои оммавӣ-сиёсӣ ва фарҳангии шаҳр, саҳми арзандааш дар тарбияи ватандўстиву хештаншиносии ҷавонон ва ба муносибати 76- умин солгарди Рўзи Ғалаба дар Ҷангӣ Бузургӣ Ватании солҳои 1941-1945 бо сипоснома сарфароз гардид. Симои нурониву андешаҳои таконбахши ин бонуи собиқадор маро водор намуд, то бо ин шахсияти рӯзгордида ҳамсуҳбат гардам.
Аз овоне, ки худро мешиносад дастёри модари меҳрубонаш буд, ки ба қавле кору бори хонаашон аввалу охир надошт. Ҳамин сон, дар баробари машғулиятҳои хонаводагӣ модар Файзигулро ба ҷойи кори худ Корхонаи трансформаторбарории шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) мебурд.
Файзигули кӯчак аз лаҳзаҳои нахустини вориди ин коргоҳи азим шудан, ҳар гӯшаи аз шиорҳо оро ёфтаву дукону асбобҳои касбӣ диққаташро ҷалб менамуд. Бахусус, гузаштан аз миёни ду сутуни оҳанини паррадори чархзанандаи гузаргоҳи корхона, ки коргарон яке ба даруни коргоҳ медаромаданду аз дигараш аз он берун мешуданд, ӯро хуш омада буд. Нигоҳи пурмеҳри навбатдори либоси махсус ба бар дошта, ки ҳуҷҷатҳои коргарону меҳмононро аз назар мегузаронд, ба Файзигул неруи тоза бахшид. Дар он рӯз мушоҳидаҳои зиёде дар бораи коргоҳи модар ва вожаҳои аз ҳампешагони модар шунидааш; “Сменаи мо тамом”, “Сменаро қабул кунед”, “Трансформатор”, “иқтидор” ва ғайраҳо фикру андешаҳои вайро мағшуш карда буд. Бо мурури солҳо вақте ба маънии онҳо сарфаҳм мерафтагӣ шуд, ки худ коргари ин корхона гардид.
- Ёд дорам, ки ҳини бори аввал ҳамроҳи модарам ба ин коргоҳ омаданамон назоратчии даромадгоҳ «Пропуск!» гӯён хитоб карда буд. Модарам аз нигоҳи назоратчӣ рамуз гирифта, оромона гуфт: “Барои духтарам, ки шояд дар оянда коргари ин корхона шавад, аз директори завод иҷозатнома гирифтаам, - бо шавқ гузаштаро ба хотир меорад мусоҳиби мо. - Назоратчӣ ҳам зимни ба қабулгоҳи роҳбар занг задан аз модари Файзигул ному насаби наврасро пурсида, баъди суҳбати телефонӣ сӯи ману модар «Иҷозат ҳаст – марҳамат гузаред!» гуфт.
Дохили корхонаи трансформаторбарорӣ ва сехҳои болобаланду технологияи барқӣ ба назари Файзигул як олами беканор менамуд. Модар аз шавқу эҳсосоти Файзигул итминон ҳосил мекард, ки духтараш бо таассуроти бузург ба хона баргашта, рӯзу ҳафтаҳои дигар бо суолҳои беохираш аз зодмандон пурсон хоҳад шуд.
Ҳамин тавр бо гузашти солу моҳҳои интизорӣ Файзигул дар соли 1975 фаъолияти худро дар ин коргоҳ оғоз намуд ва устоди нахустинаш ҳам дар ин ҷода модараш буд. Ҳамчунин, ҳамкори модараш Галина Кузнетсова низ давоми 6 моҳ ба ӯ нозукиҳои корро омӯзонид. Файзигул аз рӯзҳои аввали фаъолияташ ба як суоли худ посух меҷуст, ки чаро дар миёни даҳҳо нафар коргарзанони ин корхона ягона бонувони тоҷиктабор ӯву модараш буду халос?
Баъди издивоҷ аз соли 1979 дубора ба кор баргашта, ҳамроҳи шавҳараш Ҳакимов Маҳмадамин 11 соли дигар дар инҷо фаъолият намуданд.
Писараш Абдуламин омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад. Файзигул Ҳакимова соли 2014 ба нафақа баромад, вале гӯшанишиниро ихтиёр накард ва то имрӯз ба ҳайси тозакор дар Хоҷагии коммуналии шаҳри Бохтар кору фаъолият дорад.
Бо ҳама шебу фарози рӯзгор Файзигул Ҳакимова аз солҳои паси сар намудаву зиндагии имрӯзааш қаноатманд аст. Иродаи матин доштану дар пешорӯи мушкилоти зиндагӣ мубориз буданро асоси пешрафту муваффақиятҳои бонувон мешуморад. Зеро ба қавли ӯ мақсад аз ҳаёти инсоният дар рӯи замин ин худшиносиву худсозист ва аз худ боқӣ гузоштани номи неку корномаи ибратомӯз.
Зарнигори С
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



