Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Ҳамдиёрони азиз, халқи тоҷик бо ҷасорату шуҷоат, донишу илм ва бо эҷоди тамаддуну кишваркушоии хеш дар саҳифаҳои таърихи ҷаҳон аз худ дарак додааст. Халқе, ки соҳиби забон, китоб ва марзу бум асту дар рушду пешрафти олам саҳми арзишманд дорад, ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ вақт аз хотираи таърихи башар зудуда намегардад, балки ба хотири ҳастии халқҳои соҳибкитобу соҳибзабон, ҳатто нигораҳои таърихӣ ҳамчун шоҳиди воқеаҳо бо далелҳои раднопазир забон бароварда гӯё мешаванд. Мардуми тоҷик дар тӯли ҳастиаш борҳо ба душвориҳо рӯ ба рӯ шудааст. Вале хиради азалӣ, ки дошт нагузошт, ин миллат дар тундбоди рашк маҳв гардад, балки ин сарзамин бо тавону ҷасорати ҷавонмардони шуҷову далераш ва илму хирадаш аз нав эҳё шуда, мавқеашро устувор мекард.
Охири асри ХХ ба халқи тоҷик номеҳрубониро раво дид, тӯфони бухлу кинро рақибони ин марзу бум ба рӯи шонаҳои халқи Тоҷикистон бор карданд, ки дар натиҷа хисороти сангини ҷонию молиро ба бор овард. Бесарусомонӣ, тарсу ваҳм ва парокандашавӣ ватани азизамонро таҳдид мекард. Дар ҳамон лаҳзаҳои ҳассос хиради азалӣ ба кор омад, ки самарааш доир намудани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд буд.
Шукри иқболу бахти баланди миллату кишвар, ки халқ ва вакилон ҷавонмарди соҳибирода, сиёсатмадор, ватандӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуда, зимоми давлатро ба ихтиёри ӯ вогузор намуданд. Аз нахустин сухан ва қадамҳои аввал дар ҷодаи сиёсати баланд вожаи сулҳ, ваҳдат, иттиҳод ва якпорчагии халқу Ватан аз забони нобу покаш ба гӯши мардум расида, андар вуҷуду мағзи қалбҳо маскан гирифт. Ва нахуст андарзе, ки аз минбари Қасри Арбоб иброз доштанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам», «То як тоҷику тоҷикистонӣ берун аз марз аст, ман худро ором ҳис намекунам». Тариқи радиову телевизион пахш ва ба воситаи расонаҳо интишор шуд, ки қалбҳои сардро гарм кард. Дар дилҳои тира чароғи муҳаббатро фурӯзон намуд. Зеро суханони зикршуда натанҳо панду андарз, балки сокинони кишвар онро ҳамчун барномаи сулҳофарии Раиси Шӯрои онвақта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз самими қалб пазируфтанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон ба тамоми мардуми кишвар эълон карданд: «Имрӯз аз минбари баланд бо сарфарозӣ ба мардуми Тоҷикистон изҳор менамоям: мо ҳама якҷо аз имтиҳони сангини таърих бо матонату сарбаландӣ гузаштем. Яъне вазифаҳои асосиеро, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат муайян гардида буданд, бо вуҷуди ҳама монеаву мушкилот дар амал татбиқ намудем: як миллион гурезаҳои иҷбориро ба Ватан баргардонидем, Созишномаи сулҳро ба имзо расонидем, фаъолияти тамоми шохаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонунро барқарор намудем ва роҳи бунёдкориву созандагиро пеш гирифтем. Вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву рисолати инсонии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос, ватандӯст миллати мо, таҳкими дӯстиву бародарӣ, сулҳу созиш, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мебошад.
Мо бояд Ватани худро самимона ва аз таҳти дил дӯст дорем ва барои ободиву шукуфоии он пайваста талош варзем. Дар ин сурат мо метавонем эътимоду эътиқоди мардумро ба ғояи ваҳдати миллӣ истиқлолият ва давлатдории миллӣ қавитар гардонем ва нақшаҳои азими созандаро пайгирона татбиқ созем». Иҷлосия 16-уми Шӯрои Олӣ, ки эҷоди хираду дониш, иқболи баланди халқи Тоҷикистони азиз ва заковати намояндагони мардумӣ буда, барои рушду пешрафти мамлакат асос гузошт. Имрӯз ҷилои парчами Тоҷикистон дар баробари дигар мамлакатҳои ҷаҳон, дар кохи Созмони Милалӣ Муттаҳид ҳар бинандаро мафтун месозад ва халқи мо аз ин тозакориҳо ифтихор дорад.
Мардуми бо шарафу сарбаланди Ватани азизамон, бахусус сокинони вилояти Хатлони бостонӣ дар арафаи ҷашни арзанди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истиқболи 24-солагии Ваҳдати миллӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти вилоят дастаҷамъона заҳмат кашида, ба мақсадҳои дар наздашон гузошта ноил гардида истодаанд. Дастранҷи деҳқонони хатлонӣ имрӯз на танҳо дастархони сокинони мамлакатро пурбаракат мегардонад, балки меваҳои шаҳдбори боғҳои кишоварзони ватани мо коми инсонҳои бурунмарзиро низ ширин мекунад, ки ин аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ ва сиёсати бобарори Президенти кишвар сарчашма мегирад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳадафҳое, ки Пешвои муаззами миллат дар назди худ ва халқ гузошта буд, бо сифати баланд ва ба талаботу меъёрҳои замон ҷавобгӯ амалӣ гардида истодаанд.
Коршиносону ҷомеашиносони байналмилалӣ ба навгониҳое, ки дар олами сиёсат Пешвои миллат эҷод кард, баҳои арзишманд дода, онро «таҳаввулоти тозае дар ҷаҳони сиёсат» номиданд. Ва ба мамлакатҳое, ки мардумонаш бо ҷангу низоъ рӯ ба рӯ ҳастанд, аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон истифода намуданашон тавсия доданд. Дар ҳақиқат, инсоне, ки бо хираду заковаташ инсонҳоро ба хони оштӣ даъват намуда, ба он муваффақ мешавад, таърихи нави халқу меҳани худро месозаду менависад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат аз ҳамин зумра шахсияти шинохтаи ҷаҳони муосир мебошад.
Амалҳои неку сиёсие, ки дар вохӯрӣ ва дидорбинии судманду таърихие, ки рӯзи 10 ва 11 июн бо Сарвари кишвари бо мо дӯсту ҳамсоя Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович доир гардид, тақвияти гуфтаҳои зикршуда мебошад, ки ин дӯстии онҳо аз қаъри асрҳо рӯйи кор омада, дар ҳолатҳои пуртазоди фарҳангию сиёсӣ ба якдигар дасти дӯстӣ дароз мекарданд, имрӯз он риштаҳои кандаи дӯстӣ аз нав пайванд шуда, муносибатҳои сард гарм ва қулфи дарҳо шикаставу дарвозаҳои бародарию якдигарфамӣ ба рӯи якдигар боз шуда, робитаҳои сиёсии ҳар ду кишвар муътадилу бомарому босамар барқарор шуд.
Инсонҳое, ки дар он солҳо заҳри талхию дарди фироқ мечашиданд, бо шикастани девори бухлу кина, бо дамидани субҳи сулҳу дӯстӣ ба висоли якдигар расиданд. Робитаҳои ҳамкорию ҳамсоягӣ, иқтисодӣ, фарҳангию хешутаборӣ аз нав эҳё шуд.
Ҳамоишу маҳфил ва нишастҳои фарҳангию илмӣ, бахусус форуми иқтисодию тиҷоратие, ки бо ташаббуси ҳар ду кишвар ба тасвиб расида буд, дар маркази вилоят шаҳри Бохтар доир гардид ва ба мавриди истифода қарор додани Беморхонаи муосир барои дусад ҷой дар ноҳияи Қубодиён аз ҷониби Ӯзбекистон ва ба истифода додани мактаб, муассисаи томактабӣ дар вилоятҳои Самарқанд ва Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби Тоҷикистон ин нишонаи баланди эҳтироми Сарварони ҳар ду кишвар нисбати халқу сарзаминҳои хеш мебошанд.
Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон рост омад, мардуми сарбаланди вилоятро фараҳманд намуд. Пешвои миллат бо сокинони ноҳияҳои аз офати табиӣ зарардидаи Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, шаҳри Кӯлоб аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, баҳри бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта дар вохӯрӣ бо масъулин ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои болозикр дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Зимни ин сафар Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара иштирок намуд. Ҳамзамон бо фаъолони вилоят вохӯрӣ доир намуда, баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи замин, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ, фаъолгардонии коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд.
Бо боварии комил гуфта метавонам, ки сокинони бонангу номуси вилояти Хатлон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави ҳидоятҳои муфиду созандаи Роҳбарияти олии сиёсии кишвар дастҷамъона заҳмат кашида, баҳри сазовор таҷлил намудани санаҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.
Бори дигар, ин рӯзи таърихӣ ва шоиста, Рӯзи Ваҳдати миллиро ба тамоми мардуми вилоят муборакбод гуфта, тансиҳатию хонаободӣ ва саодати абадии рӯзгорро бароятон таманно дорам.
Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак ҳамдиёрони азиз.
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



