Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Китоб – сарчашмаи маърифат
Далерҷони Бозор дар деҳаи Садбарги Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назарови ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Соли 2009 баъди хатми МТМУ № 4 -и ноҳия ба шуъбаи рўзноманигории телевизион ва радиои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, соли 2016 онро хатм мекунад. Айни ҳол мудири клуби сайёри № 2-и шуъбаи фарҳанги ноҳияи Муъминобод мебошад. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи хондан ва азёд кардани ашъори адибони муосири тоҷик ҷойи дуюмро соҳиб гардидааст.
Ба гуфтаи ӯ довталабон танҳо дар як соли машғул шудан ба мутолиа ғолиби чунин озмунҳо шуда наметавонад. Барои ширкат дар озмун собиқаи чандинсолаи китобхонӣ мебояд, то ин ки ба саволҳои аъзои ҳакамон ҷавобҳои қонеъкунанда гуфта тавонӣ. Падар сохтмончӣ ва модар бошад, дар овони ҷавонӣ коргари хоҷагӣ буданд, аммо аз мутолиаи адабиёти бадеӣ ҳеҷ гоҳ дар канор намондаанд.

-Бинобар кам будани теъдоди китобҳои бадеӣ дар хонаамон, ман дар овони наврасӣ ин адабиётҳоро чанд маротиба пайи ҳам мутолиа мекардам. Дар ин ҷода бародарам, ки аз ҳар куҷо китобҳои бадеиро дастрас менамуд, ба ман кумак мерасонид. Бародарам Бобоҷон ҳатто дар шабҳои бебарқӣ назди пилтачароғ мутолиа мекард, - қисса мекунад Далери Бозор.
- Нақшу таъсири мутолиаи адабиёти бадеӣ дар ҳаёту фаъолияти шумо?
- Овони таҳсил дар мактаби миёна ҳамчун хонандаи фаъол дар тамоми мањфилњои фаннӣ, иду ҷашнвораҳо ва рўзи таҷлили солгарди шоирони классик ё муосири адабиёти тоҷик ширкат меварзидам. Ба ҳадди фаҳму тавоноӣ мо аз рўзгори ин шоирон саҳнаҳои ҷолиб таҳия намуда, пешкаши мактаббачагон мекардем. Айёми таҳсил дар донишгоҳ низ таҷрибаи китобхониам ба ман кумак кард. Боре устодамон Муҳаммад Алии Хуросонӣ эълон кард, ки дар ҳафтаи оянда ба нафаре, ки аз ҳама бештар ғазал азёд донад девони Шайх Аттор инъом карда мешавад. Ҳамин сон, баъди баргузории як маҳфили хотирмон девони Аттор насиби банда гардида буд.
- Таассуроти шумо аз озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ?
- Соли аввал ман дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” то даври вилоятӣ иштирок карда, сазовори ҷойи ифтихорӣ шуда будам. Баъдан, назди худ мақасад гузоштам, ки бояд дар оянда ба даври ниҳоии ин озмун роҳ ёбам. Имсол ҳам дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” довталабони донишманду шеъру ғазалдон зиёд иштирок доштанд. Аммо дар рафти даврҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ шояд тибқи талаботҳои низомномаи озмуни мазкур омодагӣ дидани ман сабаб гардид, ки имсол дар даври ниҳоӣ ҷойи дувумро соҳиб гардидам. Фикр мекунам таълими санъати қироати шеърро, ки дар донишгоҳ ба мо омӯхта буданд, дар чунин озмунҳо нақши муҳим дорад.
- Умуман, дар ин озмун бо чӣ гуна дастовезҳо иштирок доштед?
- То даври ҷумҳуриявӣ 32 роман хонда будам, ки ҳаҷми чанде аз ин романҳо баробари ду китоб мешавад. Ҳамчунин 44 повест, 6 асари ёддоштҳо ва зиёда аз 200 ҳикояву новелла хонда будам. Зиёда аз 110 ғазал, 125 рубоӣ, 400 мисраъ достон, 100 мисраъ қасида ва зиёда аз 1000 мисраи дигар намудҳои гуногуни шеъриро аз ёд карда будам.
- Аз миёни асарҳои мутолиакардаатон эҷодиёти кадоме аз адибон бештар ба шумо писанд буд?
- Албатта, дар феҳристи адабиётҳои мутолианамудаи довталабон дар номинатсияи адабиёти муосирро бе осори Садриддин Айнӣ наметавон тасаввур кард. Талаботи озмун низ ба он ишора мекард. Аз ин рӯ, дар баробари рӯ овардан ба эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ ҳамзамон меҳру муҳаббати бепоёнам ба эҷодиёти Лоиқ Шералӣ сабаби иштирокам дар номинатсияи хондан ва азёд кардани адабиёти муосири озмун буд.
- Барои нафароне, ки дар оянда шавқу иштиёқи иштирокро дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ доранд, чӣ гуфтаниҳо доред?
- Барои бедор намудани шавқи китобхонии наврасону ҷавонон пеш аз ҳама муҳити созгори оилавӣ муҳим аст. Зеро барои бедор намудани шавқи китобхонии фарзандон падару модар бояд аз дасти фарзанд гирифта, ӯро ба китобхона роҳнамоӣ кунад. Дар мадди аввал ба наврасону кӯдакон ҳатто бояд тарзи дурусти мутолиа намудани китоби бадеиро омӯхт. Ҳамзамон дар марҳилаи аввал зодмандон бояд адабиёти шавқоварро барои фарзандон интихоб намоянд, то кӯдакон дар оянда ба китобу китобхонаҳо меҳру муҳаббати беандоза пайдо намоянд.
С. ХАЛИЛИЁН, ноҳияи Муъминобод
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ