Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҷавонон- неруи бунёдкору пешбаранда
Ҷавонон неруи бузурги созанда ба шумор рафта, дар рушди ҷомеа нақши муассир доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ҳамчун ояндасозони миллат таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуда, барои ҳалли масоили гуногун марбут ба тарбияву ташаккули ин насли ояндаи кишварамон ғамхории зиёд зоҳир менамоянд. Тавре Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷавонони кишвар иброз намуданд: «Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем».
Боиси хушнудист, ки имрўз ҷавонони кишвар, аз ҷумла ҷавонони саодатманди вилояти Хатлон рисолати ватандорӣ ва масъулияти худро дар назди халқу Ватани хеш дарк намуда, дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ фаъолона ширкат менамоянд. Ҷавонони вилояти Хатлон бо ҳисси баланди ватандўстию иқдомҳои наҷиб дар сафи пеши корҳои созандагию бунёдкорӣ қарор доранд.
Дар вилояти Хатлон тибқи омори расмӣ шумораи умумии ҷавонон 1 миллиону 026 ҳазору 145 нафарро ташкил менамояд, ки аз ин теъдод 338 ҳазору 636 нафар ҷавонони вилоят ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Роҳбарияти вилояти Хатлон дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти кишвар мутарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили ҷавонон диққати махсус дода, барои ҳавасмандии онҳо тадбирҳои судманд андешида истодааст. Таъсиси стипендияҳои раиси вилояти Хатлон барои олимону муҳаққиқони ҷавон, хонандагону донишҷӯёни аълохони муассисаҳои таълимӣ, ҷоизаи махсуси вилоятӣ барои дифои рисолаҳои номзадию докторӣ дар соҳаи илмҳои тиб, табиатшиносӣ, риёзӣ ва ғайра аз ҷумлаи иқдомҳои шоёни раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аст, ки ҷиҳати ҳавасмандии ҷавонон ва баланд бардоштани савияи донишу малакаи ин неруи созандаи кишвар нигаронида шудааст.
Дар маросими идона бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, ки дар маркази вилоят шаҳри Бохтар баргузор гардид, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз саҳми ҷавонон, соҳибкорони ҳимматбаланд дар рушду шукуфоии Ватан, бунёди иншооти ҷашнӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардид. Мавсуф иброз дошт, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон танҳо аз ҳисоби 68 нафар ҷавонони соҳибкор бунёди 70 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст.
- Хамчунин дар ин шабу рӯз шумораи зиёди ҷавонони ихтиёрӣ дар корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Вахш, Восеъ, Фархор, Данғара, Шамсиддин Шоҳин фаъолона ширкат намуда истодаанд. Инчунин ташаббусҳои шоистаи ҷавонони вилояти Хатлон, ки дасти зарардидагон гирифта, саҳми худро дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ гузошта истодаанд, боиси таҳсину офарин аст.
Раиси вилояти Хатлон зимни суханронии хеш дар маросими идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамчунин, аз сарбозоне, ки дар қазияи Ворух қаҳрамонона аз марзу буми диёр дифоъ кардаанд, ёдовар гардида, корнамоии онҳоро намунаи олии хизмати содиқона ба Ватан номид. - Тамоми мардуми Тоҷикистон ёди он сарбозону афсарони марзбонеро, ки дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ҷон бохтанд, то абад гиромӣ медоранд ва Тоҷикистон бо чунин фарзандони баҳодуру диловари ватан ҳамеша ифтихор хоҳад дошт, - иброз дошт Қурбон Ҳакимзода.
Раиси вилоят изҳори умеду боварӣ намуд, ки ҷавонон ба қадри осоиштагӣ, истиқлолият ва ин марзу буми аҷдодӣ мерасанд ва бо меҳнати ҳалол на танҳо зиндагии шоистаи худ, балки рушду ободии Ватани хешро таъмин месозад.

Дар вохўрӣ як зумра ҷавонони фаъоли шаҳру навоҳии вилояти Хатлон суханронӣ намуда, бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳу дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо нисбат ба кадрҳои ҷавон изҳор доштанд, ки хизмат ба Ватан ва саҳмгузорӣ дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи кишварро масъулияти худ дар зиндагӣ мешуморанд. Баъдан, даҳҳо нафар ҷавонони фаъоли вилоят бо сипосномаҳои раиси вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
«Сафо»
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД



