Бойгонӣ

Ҷон надорам, ки нисори қадамат мекардам

Давобахшам ба ҷуз шеъру сухан нест,
Касе дардошно монанди ман нест.
Ҳама раҳтўшаи ман дар ду олам,
Ба ғайри ишқи сӯзони Ватан нест.

   Ин мисраъҳои саршор аз меҳру муҳаббати бепоёни Ватан ва олами шеъру сухан ба қалами шоири зиндаёд Саид Ғоиб тааллуқ дорад. Маҳз шеъри воло, ишқи сӯзони Ватан, муҳаббат ба миллати хеш ӯро дар қалбҳои мардуми ориф зиндаю ҷовид нигоҳ медорад, зеро ў на барои худ, балки барои Ватан зиста, вожаҳои «Ватан», «миллат», «давлат» то вопасин лаҳзаҳои умраш барояш азизу муқаддас монд. Аз ӯ ашъори пурғановати саропо аз ғояҳои меҳандӯстиву арзишҳои башарӣ барои наслҳои имрӯзу ояндаи тоҷик мерос мондааст.
   Устоди шодравон Саид Ғоиб соли 1957 дар деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушода, таҳсили ҳаштсоларо дар дабистони №24–и деҳаи Алиҷон ва маълумоти миёнаро дар МТМУ №4 – и ба номи Абдураҳмони Ҷомии маркази ноҳия гирифта, то соли 1976 ба сифати китобдор фаъолият дошт. Соли 1976 ба Донишгоҳи омўзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дохил шуда, факултаи забон ва адабиёти тоҷикро ба таъбири бародари Саид Ғоиб Шоири халқии Тоҷикистон устод Муҳаммад Ғоиб «бо баҳои аъло не, бо дониши аъло» хатм кард. Аз соли 1979 то вопасин лаҳзаҳои умраш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23–и ноҳияи Данғара муаллими забону адабиёти тоҷик буд. Дар овони фаъолияти омӯзгорӣ бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст. Ҳамзамон дар баробари кори таълиму тарбия солҳо ба сифати муҳаррири телевизиони Хатлон низ  фаъолият  дошт.
   Аз деҳаи Алиҷон то деҳаи Ғиҷовак ҳар рўз роҳи байни  ду деҳаро пиёда тай карда, ба дарс мерафт, зеро мактабу шогирдон барояш азиз буд. 
 -Дар ин роҳ бо шеъру ғазал рози дили пурмуҳаббаташро мегуфт. Дар ҳамин роҳ  сармо хӯрдаву сулфа мезад ва ранҷи беморӣ мекашид, аммо то ҳадди имкон касбашро тарк накард. Дар ҳамин роҳ дидори неку бадро дид. Ман дар ин роҳи ошно бе оби дида қадам ниҳода наметавонам. Аз хати ин роҳ сарнавишти додарамро мехонам,- арзи дил мекунад шоири маъруфи тоҷик Муҳаммад Ғоиб.
   Саид Ғоиб даргоҳи падар - зодгоҳи худ, мардумони одию меҳнатқарини деҳаи Алиҷонро баробари ҷонаш дўст медошт. Инсоне, ки деҳаи худ, сокинонаш, табиати онро дўст медорад, қодир аст, ки Ватани худро самимона дўст дораду то охири умраш содиқона хизмат кунад. Дар шеъри «Даргоҳи падар» шоир панд медиҳад:
              Даргоҳи падар, туро ба қасре надиҳам,
              Як шаҳди ту бар нишоти асре надиҳам.
              Эй хоки Ватан, қисмати ояндаи ту,
              Дониста, надониста ба Насре надиҳам

  Тӯли умри кӯтоҳу пурбаракаташ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Саид Ғоиб маҷмўаи шеърҳояшро бо номҳои «Гули себ», «Парвози хаёл», «Боли оташ», «Шоҳи бутон» ва «Куллиёт» дастраси хонандагон намуда, дар қатори дигар адибони замони хеш номи худро боқӣ гузоштааст. Эҷодиёти ў аслан аз шеъру сурудҳо, ашъори бадоҳатан гуфташуда, рубоӣ ва дубайтиҳо, мухаммасу марсияҳо, қиссаи «Пири ҳақшинос ва надими носипос» ва манзумаи «Ду манзар» иборат мебошад. Ин ҳама дар китобҳои зикргардида нашр шуда, қисме аз шеъру суруд ва ғазалҳои ўро ҳофизон оҳанг баста, тараннум мекунанд.
 Ҳастӣ ва дороии шоир шеър аст. Шеъре, ки вориди дарёи сухан гардида, дилбастагони каломи бадеъ аз қаъри ин дарё дурри маънӣ меҷўянд. Саид Ғоиб дар шеъри «Пайванд», ба бародари гиромиқадраш Муҳаммад Ғоиб бахшидааш чунин ишора намудааст:
     Дили мо об  бигардад шабу рўз,
     То шавад сабз яке нахли сухан.
     То ба неруи сухан афрўзем,
     Ба диле машъале аз ишқи Ватан.

   Саид Ғоиб ҳанӯз овони донишҷӯӣ дар ҷодаи шеъру шоирӣ, дарки шеъру маъниофаринӣ миёни дигар донишҷўён фарқкунанда буд. Имрўз ҳамсабақони вай хотироти хешро саҳфагардон намуда, аз фазилатҳои неку истеъдоди фитрии Саид Ғоиб ёдовар шуда, дар симои ў дўст, бародар, инсони шарифу донишмандеро мешиносанд. 
Дар эҷодиёти шоири рангинхаёл Саид Ғоиб ғазал мақоми баланд дошта, ғазалҳои шоир бештар дар «Куллиёт» - и ў ва китоби «Шоҳи бутон» - аш нашр шуда, дастраси каломи бадеъ гардидааст. 
   Шоири зиндаёд дар орзуи он буд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун шеъри Рўдакӣ ҷавон буда, миёни дигар забонҳои дунё мақому мартабаи волоро соҳиб бошад. Соҳибзабонон ба қадри бузургии забони миллати худ бирасанд ва устодон насли забондўсту соҳибхирадро ба камол расонанд. Ин орзуяшро дар шеъри «Забони модарӣ» чунин ба қалам додааст.
    Чу шеъри Рўдакӣ бо ин ҳама пирӣ ҷавон бошӣ,
    Ту рўҳи ҷовидони Ҳофизи ширинбаён бошӣ.
    Нагардад суст маҷроят, надонад даҳр ҳамтоят,
    Ба саҳрои хаёли мо чу дарёи равон бошӣ.

         Шодравон Саид Ғоиб худ омўзгор буду ба қадри заҳмат ва бузургии шахси омӯзгор мерасид. Аз нигоҳи ў муаллим ҳамчун падару модар барои ҳар як шогирд азиз буда, тақдири насли ояндасози миллатро бар дўш дорад. Тавре ки дар шеъри «Ба муаллим» бахшидааш таъкид намудааст;
   Аз меҳру вафо қалби ту саршор, муаллим,
   Баҳри ҳама кас мунису ғамхор муаллим.
   То баҳра зи дониш бибарад тифли навомўз,
   Умри ту шавад сарф ба такрор муаллим.

   Мавзўъҳои ватандорӣ, модару падар, ишқу ҷавонӣ, баҳору васфи табиати зебои диёр, мазаммати мастию мансабпарастӣ дар ашъори шоир зиёд мушоҳида мешавад. Дар шеъри «Хоҳиш» устод сарватмандону мансабпарастон ва ҷоҳталабонро ба андеша водор месозад:
   Бар хеш ой лаҳзае, андеша кун, ки чун,
   Дунё ҳадиси Ҳотаму Қорун гирифтааст.
   Бо он ҳама бузургияш ин аждаҳои марг,
   Ҷон аз тани шарифи Фалотун гирифтааст.

   Саид Ғоиб аз ҳаёти оилавии 27 – сола бо ҳамсари азизу меҳрубонаш Солеҳамоҳ Носирова соҳиби 7 нафар фарзандони накуном гардидаанд.
- Беҳтарин фазилатҳои неки инсониро Худованд насиби шавҳари зиндаёдам Саид Ғоиб гардонида буд. Эҳтиёҷоти рўзгорро аз нўги қалам таъмин мекард. Дар замин меҳнат менамуд, то фарзандон азоб накашанд. Кўшиш мекард, ки фарзандон илму дониш омўхта, ба миллату давлати худ содиқона хизмат намоянд. Шукри Худованди бузург, ки фарзандонам қадршиносу ватандор, соҳибҳунару баркамол ба воя расиданду имрўз номи неки падарро пос медоранд,- изҳор медорад ҳамсари шоир Солеҳамоҳ Носирова.
   Рўҳи шоир шод мегардад, ки имрӯз маҷмўаи нахустини шеърҳои фарзандаш Баҳманёри Саид ба номи «Дафтари борон» дастраси дўстдорони шеър гардида, дар ҷодаи шеъру шоирӣ қадамҳои боэътимод мегузорад. Фарзанди калони хонадон Искандари Саид чандин сол боз ба ҳайси наворбардори шабакаи Телевизиони Тоҷикистон фаъолият дошта, ту гуфтӣ дуои падар дар ҳаққаш мустаҷоб гардидааст.
  -  Падарам инсони дарёдил, миллатдўст ва халқпарвар буд. Мо фарзандон бо номи неки падар, бо ашъори баландмазмуну рангини ў, мақоми шоир дар адабиёти муосири тоҷик ифтихор дорем,- мегўяд Искандари Саид.
Қисмати инсон ба дунё омадану аз дунё рафтан будааст ва Саид Ғоиб низ моҳи августи соли 2007 дунёро падруд гуфт. Дар санги мазори шоири зиндаёд, воқеъ дар пуштаи деҳаи Алиҷон мисраъҳои ў ҳаккокӣ шудаанд:
         Бар сари турбати ман оиву шарманда шавам,
        Ҷон надорам, ки нисори қадамат мекардам.

                                                   
 Шералӣ САИДЗОД, ноҳияи Данғара                                       

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019