Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо...
Ватан сарват, дороӣ ва ҳама чизи мост ва мо масъулият дорем то марзу буми онро ҳимоя кунем,-мегўяд ҷавони ватандўст Муҳаммадфарид Бобохонов.
Муҳаммадфарид Бобохонов намояндаи насли ҷавони даврони соҳибистиқлолии кишвар аст, ки неруву саъю талоши беандозаи худро нисбат ба Ватан дар амал собит менамояд. Ӯ дар хонаводаи хизматчии башардӯст Ситамшо Бобохонов тарбия ва ба воя расида, ҳанӯз аз овони хурдсолӣ зодмандон барои дар рўҳияи меҳандӯстию ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар ҳифзи ватан ба воя расонидани фарзандон саъю талош менамуданд. Ситамшо, ки худ хизмати ҳарбиро дар Артиши собиқ Шӯравӣ дар хоки Афғонистон сипарӣ намудааст, ба хизмати ҳарбӣ омода намудани ҷавонписаронро вазифаи муқаддаси падарон мешуморад. Ин марди ватандӯст, ки мактаби ҷасорату мардонагиро дар сангарҳои фаромӯшнопазири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон паси сар кардааст, оиларо сарчашмаи тарбияи фарзандон дар рўҳияи шуҷоату мардонагӣ медонад.
Муҳаммадфарид баъди хатми МТМУ № 20-и деҳаи «25–солагии Тоҷикистон”-и Ҷамоати деҳоти «Ғайрат»-и ноҳияи Фархор тибқи Маркази миллии тестӣ донишҷўи факултаи педагогика ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав мегардад. Даврони мактабхонӣ дар толори варзишӣ чор сол тамрин намуда, дар 22 мусобиқа иштирок ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст. Шавқи варзишгари номбардори миллат шудан ўро ба донишгоҳ оварда буд, ки дар овони донишҷўӣ бо баҳои хубу аъло таҳсил мекард. Пешқадамиву чусту чолокиашро ба инобат гирифта, вайро сардори гурӯҳ таъйин намуда буданд. Баъди хатми донишгоҳ нахуст ба хотири амалӣ намудани орзуву ҳавасҳои овони кӯдакиаш азм намуд, ки хизмати ҳарбиро адо намояд. - Дар сафи сарбози Ватан будан, ҳимояи ҳар ваҷаб замини муқаддаси он барои мо ҷавонмардон ҳам фарзу ҳам қарз аст, - изҳор дошт дар оғози суҳбат Муҳаммадфарид Бобохонов. – Ба хотири ҳаррӯза сарулибоси ҳарбиро ба бар намудан, ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ ба фанни омодагии дифои ҳарбӣ шавқу рағбати зиёд доштам. Дар ин ҷода устоди донишгоҳамон Дилшод Сатторов нақши ниҳоят муҳим дошт. Ӯ дар баробари ба донишҷӯён омӯзонидани донишу малакаи ҳарбӣ моро дар рўҳияи шуҷоатмандӣ, омода будан барои дифои марзу буми Ватан тарбия намуда, барои ҷисман обутоб ёфтани мо кўшиши зиёд ба харҷ медод. Маҳз бо шарофати таълиму тарбияи устоди меҳанпарвари мо буд, ки баъди хатми донишгоҳ чанде аз ҳамдарсонам ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ раҳсипор шуданд,- мегӯяд Муҳаммадфарид.
Аз суҳбати лаҳзаинае бо ин ҷавони ғаюр касро эҳсоси фараҳбахше фаро гирифта, ҳамду сано ба падару модарон ва устодони ӯ гуфтем, ки чунин ҷавонмарди далеру дар муҳофизати Ватан ҳамеша омодаро ба воя расонидаанд.
Тавре Муҳаммадфарид худ иқрор меояд, дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ дар кишварамон пешрафту таҳаввулоти бузурге ба вуқуъ пайваста, аз ҷумла, дар самти такмилу устувории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардидаем. Бо итминони комил метавон гуфт, ки имрӯз марзу буми Тоҷикистонро Артиши обутобёфта ва аскарону афсарони фидоии Ватан муҳофизат карда истодаанд. - Барои мо, ҷавонон, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мояи ифтихору сарбаландӣ мебошад, - изҳор медорад Муҳаммадфарид.
САФО

Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД