Бойгонӣ
Апрель 2025 (19)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
Ноябрь 2024 (24)
Октябрь 2024 (27)

“БОХТАР ФУД-2021” - муаррифии маҳсулоти Хатлон

   Дар макази маъмурии вилояти Хатлон Форуми байналмилалии тиҷоратии “Бохтар Фуд – 2021” баргузор гардид, ки дар доираи он ҳашт созишномаи ҳамкорӣ миёни мақомоти давлатии соҳавӣ, соҳибкорон ва истеҳсолкунандагону содироткунандагони маҳсулоти озуқаворӣ баста шуд.   
   Тадбири мазкур тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ, истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои рушд, баланд бардоштани сатҳи ҳамкорию муомилот байни истеҳсолкунандагон, коркард ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар афзоиши имконоту иқтидор, инчунин ҳаҷми содироти маҳсулот ташкил ва роҳандозӣ гардид.
   Дар кори Форуми мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, роҳбарияти Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, мақомоти давлатии соҳавӣ, роҳбарону намояндагони корпуси дипломатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ, мудирон ва аъзоёни ширкатҳои дохиливу хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Федератсияи Россия, Белорус, Украина, Эрон, Литва, Туркия, Покистон, Грузия ва дигар кишварҳои дуру наздик иштирок намуданд. 
Дар доираи Форуми тиҷоратӣ молу маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, аз ҷумла меваҷоту сабзавоти тару тоза ва хушк, полезӣ, асал, ғалладонагиҳо, маҳсулоти ширӣ, нӯшобаҳои гуногун ва дигар номгӯи маҳсулоти ғизоии ба содирот нагаронидашуда ба намоиш гузошта шуд.
  Зимни боздид аз намоишгоҳ меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар ба сифати меваҷоти вилояти Хатлон бахусус таъму лаззати он баҳои баланд дода, лимӯ зардолую шафтолу, анор, полезиҳо ва хушкмеваҳоро дар бозорҳои байналмилалӣ рақобатпазир номиданд. 
Вобаста ба усули ҷамъоварии ҳосил, захира ва нигоҳдории он дар шароити гуногун иттилоъ дода шуд, ки пайваста миёни хоҷагидорону боғдорон ва содироткунандагон омӯзишҳои амалӣ гузаронида шуда, барои табодули таҷриба ба кишварҳои аз лиҳози кишоварзӣ пештарфта низ сафарбар карда мешаванд.   
  Зикр гардид, ки вилояти Хатлон бо назардошти мавқеи ҷуғрофиву иқлими мусоидаш иқтидори баланди истеҳсолӣ дошта, дар баробари таъмини фаровонии бозори истеъмолии мамлакат ҳамчунин ҳамасола ҳазорҳо тонна маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаро ба хориҷи кишвар содирот менамояд. 
   Ин аст, ки бо мақсади ҳифзи маҳсулот аз талафёбӣ ва таъмини устувори бозорҳои дохилӣ дар ҳамаи фаслҳои сол дар шаҳру навоҳии вилоят 55 адад сардхона бо ғунҷоиши 20 ҳазор тонна маҳсулот мавҷуд буда, дар ин раванд ҳоло ҳам кор идома дорад.
Дар доираи ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саноатикунонии босуръат унвон гирифтааст, вобаста ба шароиту имконоти мавҷуда корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва истеҳсолкунандагони афшураву нӯшобаҳо маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. 
   Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки дар аксари минтақаҳои кишвар бахусус вилояти Хатлон имконияти истеҳсоли қариб ҳамаи номгӯи асосии маҳсулоти озуқаворӣ мавҷуд мебошад. 
Ин аст, ки дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо Шарикони Рушд, аз ҷумла Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон дар ин самт лоиҳаҳои гуногун амалӣ гардида истодаанд, ки он дар рушди устувори соҳаи кишоварзӣ мусоидат намуда истодааст. 
Идомаи Форуми байналмилалии тиҷоратии “Бохтар Фуд – 2021” дар толори Кохи фарҳанг ва иттилооти шаҳри Бохтар барпо гардид. Қисми расмии чорабиниро муовини аввали сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омодаи ҳамкории мутақобилан судманд бо дигар кишварҳо ва созмону иттиҳодияҳои минтақавию байналмилалӣ мебошад. 
   Дар баромади худ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидааст, ёдовар шуда, афзуд, ки: "Имкониятҳои истифоданашудаи рушди содироти молҳои саноатӣ ва кишоварзӣ хеле зиёданд ва бо мақсади баланд бардоштани нишондиҳандаҳои содироти молу маҳсулоти ватанӣ дар доираи занҷираи ашёи хом-истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ - дарёфти бозори фурӯш" таҷрибаи ҷаҳониро омӯхта, ҷиҳати татбиқи он дар кишвар тадбирҳои заруриро амалӣ созем. 
   Таъкид гардид, ки таъмини амнияти озуқаворӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру тамоюли содиротдошта, таъминоти корхонаҳои коркард бо ашёи хом ва дар ин замина баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ҳиссаи комплекси агросаноатӣ муҳим ва калидӣ дорад. 
Дар доираи Форуми байналмилалии тиҷоратии “Бохтар Фуд-2021” созишномаҳои ҳамкорӣ байни Агентии содироти назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Авруосиё ва Донишкадаи байналмиллалӣ менеҷменти Киеви Ҷумҳурии Украина, Ёддошти тафоҳум байни корхонаи воҳиди давлатии  "Тоҷагропромэкспорт"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ "Анас Менсукат Санаяи ве Тикарет"-и Ҷумҳурии Туркия, созишномаи ҳамкорӣ байни ҶСП "Аввалин"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, "Йотагрис"-и Ҷумҳурии Литва ва якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ байни корхонаҳои истеҳсолию соҳибкорон ва содироткунандагони маҳсулот баста шуд, ки дар доираи он ҳамкорӣ дар самти рушди содироти Тоҷикистон дар оянда дар назди Агентии содирот ташкили мактаби содирот барои омода кардани мутахассисон доир ба пешбурди фаъолияти содиротӣ, ҷорӣ кардани стандартҳои содироти маҳсулот, таҳияи қарордодҳои содиротӣ, харидорӣ намудани маҳсулоти меваи хушк ва нахи пахта, содироти мева, сабзавоти тарутоза, содироти пиёзи барвақтӣ, ангур ва ғайра ба роҳ монда мешавад. 
   Баъди ба имзорасии ҳусни тафоҳум миёни иштирокчиёни Форум муҳокимаи ҳамкориҳо сурат гирифт. Дар ин қисмат оид ба имконоти содиротии мамлакат, тадбирҳо барои дастгирии содирот дар шароити муосир, стандартҳои тиҷоратӣ, таҷрибаи пешқадами кишоварзӣ, тамоюлҳои ҷаҳонии талаботи сифат барои меваю сабзавот, рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва дигар масоили марбута табодули афкор карда шуд. 

Амонҷон МАҲКАМОВ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019