«Чилучорчашма» - муъҷизаи табиат

«Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ  ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо  вазифаи  муқаддасу ватандӯстонаи мову шумост».                                                 
                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

Яке аз ҳадафҳои асосии эълон гардидани Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ин муаррифии шоистаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад. 
Аз рӯи маълумотҳои оморӣ дар ҳудуди вилоятамон зиёда аз 1000 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ – фарҳангӣ, табиӣ ва мавзеъҳои сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки яке аз онҳо «Чилучорчашма» мебошад.
Ин макони афсонавӣ тақрибан 10-12 километр дуртар аз маркази ноҳияи Шаҳритус дар ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав воқеъ гардидааст. Мувофиқи сарчашмаҳо ва навиштаҳои муаррихон ноҳияи Носири Хусрав Чилучорчашма аз мавзеҳои машҳури дорои ёдгориҳои таърихӣ ва табиати нотакрор аст. Дар воқеъ, бори аввал шунидан боварии кас намеояд, ки дар як мавзеи баланди дар иҳотаи теппае, аз байни сангҳои начандон калон оби хунуку мусаффо ва таъмаш ширин ҷорӣ мешуда бошад. Ин обҳои мусафову пурасрор аз чилу чор чашма ҷорӣ шуда, як наҳри калонро ташкил медиҳанд. Ин руди обаш софу бағоят сард ба самти ҷанубии ноҳия ҷорӣ шуда, баъди 30-35 километр нопадид мешавад. Муъҷизаи дигар Чилучорчашма ин моҳиҳои зебову морҳои обии он аст, ки сайёҳон аз тамошои он сер намешаванд. Солҳои охир дарахтони ҳархелаи сояафкану мевадор, гулу ниҳолҳои ороишӣ ба симои мавзеъ ҳусни дигар бахшидааст. Байни ҷӯйҳое, ки оби чашмаҳо аз ҳар тараф ҷорӣ мешаванд, кӯпрукчаҳои зебои чӯбину оҳанӣ сохта шудааст, ки сайёҳону меҳмонон метавонанд саргаҳи чашмаҳоро аз наздик бубинанд. Тибқи гуфтаи мутахассисон таркиби оби чашмаҳо дорои 9 намуди маъданҳои минералӣ буда, оби ҳар як чашма барои бемориҳои гуногун хусусияти шифобахшӣ доранд. Ин аст, ки бештари сайёҳони дохилӣ аслан бо мақсади шифо ёфтан аз оби ин чашмаҳои мусаффо ба ин макон меоянду аз ин чашмаҳои пурсафо об менӯшанду ҳам дар зарфҳои обгирӣ бо худ мебаранд.
Тамошои табиати гирду атроф, чашмаҳои шифобахшу мусаффо, моҳиёни гуногуну зебо ва боду ҳавои тозаи ин мавзеъ имконият медиҳад, ки кас хастагиашро рафъ намуда, саломатиашро барқарор созад.
Дар баландии болои мавзеи Чилучорчашма мақбараест, ки онро зиёратгоҳи Бобо Қамбар (шакли дурусташ Қамар яъне Моҳ аст) ном мебаранд. Теъдоди зиёди одамон аз рӯи ихлосу эътиқод ба зиёрати ин мақбара меоянд. Оид ба ин бузургвор аз адабиётҳои таърихӣ низ ягон иттилои саҳеҳ пайдо карда нашудааст. Аз рӯйи баъзе ривоятҳо номи аслии ин шахс Сайид Ҷаъфар ибни Нуъмон буда, яке аз ашрофзодаҳои Шом (Сурия) мебошад. Сулолаи онҳо гӯё зиёда аз 200 сол пеш аз пайдоиши дини ислом, яъне дар давраи бутпарастӣ дар давлати Шом ҳукмронӣ намудаанд. Худи Ҷаъфар ибни Нуъмон низ 14 сол ҳокими Шом будааст. Баъди густариши ислом аз ҳокимӣ даст кашида, ба назди Ҳазрати Муҳаммад (с) меояд ва дини исломро пазируфта, мусулмон мешавад. Ҳамроҳи Салмони Форс дар набардҳои зиёд  ба Ҳазрати Расулуллоҳ (с) ёрӣ мерасониданд. Ҳамеша дар паҳлӯи Ҳазрат буда, ҳамчун ҳамсафони вафодор дар паҳн намудани дини ислом бо тамоми нерӯю ғайрати худ хизмат намудаанд. Гӯё барои ҳамин садоқатмандӣ нисбат ба ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) ӯро «Моҳтоб», яъне равшанидиҳандаи ислом (Қамар) номидааст.
Олими таърихнигор Табарӣ менависад, ки соли 705 Қутайба ибни Муслим бо лашкари зиёде аз рӯди Ому гузашта, ба Мовароуннаҳр ҳуҷум мекунад. Сайид Ҷаъфар ибни Нуъмон дар яке аз муҳорибаҳо ҳалок мегардад. Ӯ пеш аз маргаш ба ҳамроҳонаш васият кардааст, ки турбаташро дар як мавзеи хушбоду ҳаво, ки Чилучорчашма ном дорад, ба хок супоранд. Ёронаш баъди чанде бо душвориҳои зиёд ин мавзеъро ёфта, ҷасади ӯро дар ҳамин баландӣ ба хок месупоранд.
Умуман, меҳмонону сайёҳон аз тамошою сайругашти ин мавзеи биҳиштосо ҳаловат бардошта, бо таасуроти зиёд ба зодгоҳашон бармегарданд.
Рӯзе, ки мо дар ин мавзеи тамошобоб қарор доштем, шоҳиди он гаштем, ки як гуруҳ сокинони деҳаи «Орзу»-и ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав гирду атрофро тоза карда, дар қисмати баландии он ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз мешинониданд.
Аз суҳбату вохӯриҳо бо меҳмонону сайёҳон маълум гардид, ки онҳо боз хоҳиши тамошо ва дидани ин макони зеборо доранд. Бинобар ин, барои боз ҳам бештар ҷалб намудани меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ ба мавзеи «Чилучорчашма» корҳои зиёди ташкилӣ ва бунёдкорию созандагиро ба сомон расонидан лозим аст. Зеро танҳо бо беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ метавон сайёҳони дохилу хориҷиро ба ин мавзеҳои тамошобоб ҷалб намуд. 
Ҳама сола, меҳмонону сайёҳони зиёде барои сайру гашт ва тамошои Чилучорчашма меоянд, вале мутаасифона аз сабаби набудани меҳмонхона меҳмонону сайёҳон аз як рӯз зиёд дар ин макон истиода наметавонанд. Бояд гуфт, ки дар ин мавзеъ бунёди меҳмонхонаи замонавӣ, ташкили маркази иттилоотии сайёҳӣ, ошхонаю чойхона, мағозаи фурӯши армуғонҳо, толори варзишӣ ва бунёди инфрасохторҳо хеле муҳим аст.  Ҳамзамон, роҳи мошингарди аз самти маркази ноҳияи Шаҳритус то мавзеи Чилучорчашма ва маркази ноҳияи Носири Хусрав ба таъмиру тармим эҳтиёҷ дорад. Зеро, дар баробари таъмини шароитҳои маишӣ бояд роҳҳои мошингард то мавзеҳои сайёҳӣ низ таъмиру ҳамвор бошанд, то ин ки сайёҳон баъди бозгашт ба ватани худ орзу намоянд, ки бори дигар ҳам ба сайёҳати Чилучорчашма биёянд.
           Аъзам Бобоев, рӯзноманигор 

Добавить комментарий