Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҚОҚУ
• Қоқу барои ҳазми хўрок фоида дорад. Истеъмоли пайвастаи он равғанҳои баданро об карда, ба харобшавӣ мусоидат мекунад.
• Қоқу барои системаи асаб низ манфиатбахш аст. Агар шумо камқуввату афсурдаҳолед ё аз ҳад зиёд асабонӣ шудаед, қоқу барои шумост. Гулдастае аз қоқу чида ба гулдонатон гузоред. Бо дидани гулҳои зебову зард ва ранги баланди он таъбатон хушу табассум мекунед.
• Қоқу ба дарди буғуму мушакҳо дармон бахшида, ҷароҳатҳоро табобат мекунад.
• Пас аз истеъмоли доруи зиёд заҳрҳоро аз бадан тоза мекунад.
• Аз витамин ва минералҳо бой буда, дар таркибаш мис, оҳан, калий, магний, натрий, витаминҳои гурўҳи А,С,А,В ба миқдори зиёд мавҷуд аст.
• Барг, гул ва решаи онро барои табобат хушконида то 5 сол истифода бурдан мумкин аст.
Табобат бо афшураи қоқу
Дар аввали фасли баҳор баргҳои наврустаи қоқуро гирифта, онро тоза мешўем. Пас аз шустан дар оби тоза 20-30 дақиқа нигоҳ медорем. Сипас, бори дигар дар оби хунук шуста, аз болояш оби ҷўшомада мерезем.
Оби баргҳоро хушконида аз гӯштқиммакунак гузаронида, оби онро ҷафида, аз дока ё матои дигар мегузаронем. Ба афшӯраи ҳосилшуда каме об (1х1) ҳамроҳ мекунему 2-3 дақиқа меҷӯшонем. 50 милилитри онро рўзе ду маротиба 20 дақиқа пеш аз истеъмоли хўрок нўшидан лозим аст.
Хўриш аз қоқу
Баргҳои ҷавони қоқуро дар оби хунук шуста майда реза мекунем. Намак, қаламфур ва хуштамъкунанда (приправа)-ро мувофиқи хоҳиши худ илова мекунем. Ба хўриш 1 қошуқ (метавонед кам ё зиёд резед) равған ҳамроҳ мекунем. Ба хўриш метавонед дигар намуди кабудиҳоро илова кунед.
Мураббо аз қоқу
Мураббо давои беҳтарин барои рафъи шамолхўрӣ ва беҳолӣ мебошад. Субҳи барвақт 500 дона гули қоқуро (танҳо гулашро) мечинем. Гулро тоза шуста, муддати як шабонарўз дар оби хунук нигоҳ медорем. Хуб мешуд агар оби онро якчанд бор иваз намоем. Рўзи дигар оби онро мерезем. Гулҳои дар об истодаро намеҷафем, то ки намуди худро дигар накунад. Ба болои қоқу 1 литр оби хунук рехта, муддати 10 дақиқа меҷўшонем. Пас аз ҷўшидан оби онро полида (гулҳои қоқуро низ ҷафида) мегирем. Ба ин об 1,5 килогамм шакар ва афшўраи 2 лимўро ҳамроҳ мекунем. Онро дар оташи паст муддати 1 соат меҷўшонем.
Дар зарфи тамизшуда гирифта, маҳкам мекунем. Мураббо аз қоқу хушлаззат буда, барои кўдакон низ фоидабахш аст. Лекин бояд фаромўш накунем, ки ба кўдакон аз 1 қошуқча зиёди мураббо тавсия дода намешавад...
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо






