Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Хоҷа Машҳад- нишонае аз ниёгони тамаддунофари тоҷикон
Нақши мадраса дар пешрафти илми тоҷик
Муаррих ва бостоншиноси маъруфи рус Алесандр Маркович Беленитский дар матлаби «Мавзолей у селения Саят» чунин овардааст: «Мадрасаи Хоҷа Машҳад ҳамчун мадрасаи калонтарини Осиёи Миёна аҳамияти таърихӣ дорад ва аз маркази илму маданият будани Қубодиёни қадим шаҳодат медиҳад».
Дар воқеъ мадрасаи Хоҷа Машҳад аз ҳунари волои ниёгони гулдасту мумтоз шаҳодат медиҳад. Ба гуфти муҳаққиқон доир ба ин ёдгории беназири таърихӣ то асри ХIХ ягон маъхази хаттӣ пайдо нашудааст.
Нахустин бор соли 1894 узви Ситоди генералии Русияи подшоҳӣ, афсари рус Лиментак дар ёддоштҳои худ нисбат ба бекигариҳои Бухоро қайд намудааст, ки дар деҳаи Сайёд ёдгории қадимии хуштарҳе мавҷуд аст, ки барои сокинони атрофаш ҳамчун оромгоҳ ва масҷид хизмат мекунад.
Ёдгории таърихии Хоҷа Машҳад аз нимаи дуюми асри гузашта, вақте аллома Бобоҷон Ғафуров роҳбарии ҷумҳуриро ба уҳда дошт, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Соли 1947 Академияи илмҳои кишвар Экспедитсияи бостоншиносии Суғду Тоҷикистонро таҳти роҳбарии академик А.Ю.Якубовский ба деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритус фиристод, то мадрасаи Хоҷа Машҳадро мавриди омӯзиш қарор диҳанд. Дар ҳайати гуруҳ қатори дигарон муарриху бостоншиноси маъруф А.М..Беленитсий ҳам шомил буд. Ӯ баъдан навиштааст, ки навиштаҷоти пешгоҳи бинои мадрасаи Хоҷа Машҳад дертар баъд аз бунёди он ҳаккокӣ шудааст.
Солҳои 1948-1950 низ гурўҳҳои кории бостоншиносони ватанӣ ва соли 1959 як ҳайати вижа бо роҳбарии мудири сектори бостоншиносӣ ва нумизматикаи Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон Б.А.Литвинский барои таҳқиқу омўзиши ёдгории нотакрору арзишманди миллат–мадрасаи Хоҷа Машҳад ташриф оварданд. Баъдан соли 1965 бо дархости Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон барои ташкилу гузаронидани корҳои таъмирӣ– омӯзишӣ дар мадрасаи мазкур аз шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ўзбекистон як гурӯҳи нави корӣ ба шаҳри Душанбе омада, бо роҳнамоии бостоншиноси тоҷикистонӣ Н. Б. Немтсова озими ноҳияи Шаҳритус гардиданд. Онҳо дар мадрасаи Хоҷа Машҳад ковишҳои бостоншиносӣ гузаронида, бо андозагирии ёдгории меъморӣ машғул шуданд. Инчунин дар соли 1972 бо сарварии муарриху бостоншиноси рус С. Г. Хмелнитский як гурўҳ донишҷўёни шуъбаи меъмории Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ва дар соли 1978 гурўҳи кории Вазорати фарҳанги кишвар ба мадрасаи Хоҷа Машҳад омада, тўли чанд ҳафта ба корҳои ҳафриёту таҳқиқот машғул шуданд.
Мадрасаи мазкур дар асрҳо IХ-ХII сохта шуда, ҳоло аз ин ёдгории таърихӣ ду бинои гунбазу равоқдори аз хишти пухта ба ҳам пайваста боқӣ мондааст. Бинои тарафи рост қисми қадимтарини ёдгорӣ буда, сохти гунбазу равоқҳо ва нижвонҳоро, ки аз хишти моил чидашуда бино ёфтаанд, хоси меъмории ҳамон давра меҳисобанд. Ба андешаи А. Л. Литвинский дертар аз тарафи ғарбии бинои дуюм равоқи пештоқдори мунаққаше илова гардидааст. Дар ду гўшаи биноҳо гулдастаҳои на чандон калон сохтаанд. Дар тарафи муқобил ё худ самти шимолии он низ аз хишти хом ва пухта ду бинои гунбаздори на он қадар калон пўшида шуда будааст, ки ба бинои қисми ҷанубӣ ва асосии ансамбл шабоҳат доштааст. Бинои мазкур дар тўли асрҳо вайрону валангор гардида, аз байн рафтааст. Чунин андеша ҳам роиҷ аст, ки шоир ва мутафаккири маъруфи тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ таълимоти ибтидоии диниашро дар ҳамин мадраса гирифта будааст.
Муҳаққиқону муаррихони ватанию хориҷӣ дар муайян намудани паҳлуҳои норавшани таърихи пайдоиш, бунёду сохтмони ин ёдгории фарҳангӣ ва муаррифии он ба ҷаҳониён саҳми арзандаю босазо гузоштаанд. Дар ин миён муарриху бостоншиноси маъруф Сергей Григоревич Хмелнитский, ки беш аз 40 сол гурўҳҳои махсуси ҳафриётию бостоншиносиро роҳбарӣ дошт, дар мадрасаи Хоҷа Машҳад корҳои зиёди илмию тадқиқотӣ бурдааст.
-Мо, собиқ хонандагони мактаби миёнаи №7– и ноҳияи Шаҳритус, тобистони соли 1965 ҳангоми таътили тобистона таҳти роҳбарии Хмелнитский Сергей Григоревич дар мадрасаи Хоҷа Машҳад бо корҳои ҳафриёти машғул будем, - гуфта буд собиқ сармутахассиси шуъбаи фарҳанги ноҳияи Шаҳритус шодравон Тошпўлод Норов. - Хмелнитский барои ҳар рўзи кории толибилмон ба маблағи 3 сумӣ дастмузд медод. Вақте ҳангоми ҳафриёт як роҳи зеризаминӣ пайдо карда, то масофаи муайян роҳрави онро аз хок тоза кардем, бостоншиноси варзида чунин хулосабарорӣ карда буд: «Аҷаб не аз роҳрави мазкур ба гўшаҳои дигари шаҳр роҳи рафтуомад ё худ баромадгоҳу даромадгоҳи махфӣ мавҷуд будааст».
Маҳз таҳти роҳбари бевоситаи ин олим дар ибтидои солҳои 60-уми асри гузашта корҳои ҳафриётию бостоншиносӣ равнақи тоза касб карда, ба бисёр масъалаҳо равшанӣ андохта шуд. Исбот гардид, ки биноҳои ёдгории зикргардида дар як вақт не, балки дар асрҳои гуногун бо ҳам пайваст шуда, 54 гўри дар дохили ҳар ду бинои ёдгории мазкур мавҷуд буда, дар асрҳои IХ-ХII не, балки дар вақтҳои истилои Осиёи Миёна аз ҷониби чингизиён пайдо шудаанд. Дар рафти ковишҳои археологӣ аз замини зери бино ва атрофи он зарфҳои гуногуни сафолӣ, шамъдонҳою маснуоти дигари қадима пайдо шудааст, ки алҳол бахше аз онҳо дар пешдолони байни ҳар ду бино ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Дар дохили бинои дуюм 13 адад хишти даври гунбаз ба назар намерасад. Мутавалӣ ё худ масъули мадрасаи Хоҷа Машҳад, Маҳмадюсуф Азимов дастпарвари факултаи филологияи тоҷики ДМТ иброз дошт, ки хиштҳои кандашуда гўё бо навиштаҷоти арабиасоси зарҳалонидашуда будаанду дар даврони Шўравии собиқ бо тавсияи С.Г.Хмелнитский барои таҳқиқу омўзиш ба Осорхонаи Санкт-Петербург интиқол дода шуда, то ҳол баргардонида нашудаанд.
Хмелнитский доир ба таърихи мадрасаи Хоҷа асаре бо номи «Ходжа Машад» дорад, ки он бо таҳрири Муҳаммад-ар-Рашид аз 233 саҳифа иборат аст.
Азизи ФАТТОҲ, ноҳияи Шаҳритус
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР