Бойгонӣ

ОДАМИ АҶОИБ

         
  (ҳикояи  воқеӣ)

Ӯро бобои  Шокир  мегуфтанд. Дар деҳа калонсолтар аз ӯ касе набуд. Вале ба назар асло пир наметофт. Ришу мӯйҳои қатронвор сиёҳе дошт. Ин тоифа пиронсолонро дар халқ «сияҳпир»  мегӯянд. Ана ҳамин тавр сияҳпир буд бобои Шокир. Одами сода буд. Басе сода, гуфтораш аҷоиб, рафторашу кирдораш ғароиб. Хоҳ дасти холӣ бошад, хоҳ дар пушторааш сад ман бор дошта бошад, дар роҳ бо як маром қадам мезад. Ба оҳистагӣ, бидуни осемасарӣ.
     Ҳар рӯз дар пушторааш ба хона ҳезум ё алаф меовард. Ҳамдеҳагон рафторашро, ки медонистанд, дар роҳ манъаш карда, қасдан ба гап мегирифтанд. Дар пушторааш алаф ё ҳезум соатҳо рост истода суҳбат мекард. Хастагиро намедонист. Бисёр вақтҳо дар байни  одамон хомӯш менишаст. Гоҳи  дигар дар танҳоӣ худ ба худ гап мезад. Худро ситоиш ва ё коҳиш мекард. 
    Хонааш дар мобайни деҳ воқеъ буд. Дар пушти хонааш майдончае дошт. Ана ҳамин майдонча қароргоҳ ва суҳбатгоҳи мардони деҳа гашта буд. Ҳар рӯз баъди кор дар ҳамин ҷо ҷамъ омада, то фарорасии торикӣ чақ-чақ мекарданд, пасон ба хонаҳояшон мерафтанд. Онҳоро дида, бобои Шокир ҳам ба кӯча мебаромад. Бо ҳамон оҳистагӣ, гӯё хаёлӣ, мисле, ки побанди ҳалли ягон масъалаи ниҳоят ҷиддию зарурӣ бошад, омада дар як гӯшае хомӯш менишаст.
   Баъзан куртааш як остин надошт. Лекин худи ӯ ба ин ҳеҷ аҳамияте намедод.
 - Бобои  Шокир, - мепурсиданд ҳамдеҳагонаш, - о, як остини куртаатро куҷо кардӣ?
  - Барқасд канда партофтам, -бо як бепарвоии ба худ хос ҷавоб медод ӯ, -камтар шамолам занад гуфтам.
   Ҳамарӯза аз дашт овардани чанд пушта ҳезум ё алафро вазифаи асосии худ қарор дода буд. Дар хона дигар ягон коре намекард. Кору бори ҳота ва саҳроро писарони калони хонадораш ба ҷо меоварданд. Писаронаш ҳарчанд хоҳиш ва коҳишаш мекарданд, ки ин корро накунад, зарур бошад, онҳо ҳезуму алафро бо мошинашон меоранд, бобои Шокир гӯш намекард. Ҳамин, ки рӯз мешуд, банд, дос ё табарро мегирифту ба дашт мебаромад. Ин кирдори ӯ нангу номуси писаронашро  меовард.
    Оқибат ба қароре омаданд, ки як хар ёфта диҳандаш, то кораш осону бораш  сабук шавад. Хар бо бобои Шокир ҳаммонанду рафиқи наздик шуд. Ҳамроҳи хараш мисли одам суҳбат мекард. Харро гоҳҳо меҳрубонӣ  мекард, баъзан сарзаниш. Агар хар ба фармонҳояш надарояду «харигарӣ» кунад, ҳатто халачӯбкӯбаш менамуд. Баъди ин то чанд вақт бо хараш «гап намезад», «қаҳрӣ» мешуд. Ҳар саҳар пеш аз ба дашт рафтан чанд дақиқаи вақташро ба «насиҳат»-и хараш мегузаронд. Мегуфт, ки боинтизом бошад, дар роҳ бе ягон нағма рост рафта ояд, соҳибашро азоб надиҳад, зиқ накунад, харигариашро партояд. 
     Он солҳо  пахтачинӣ як маъракаи  бениҳоят муҳиму ҷиддӣ буд. Дар ҷамъоварии он хурду калон, пиру ҷавон иштирок мекарданд. Аз ҷумла бобои Шокир ҳам. Баъд ин ки он айём ҳар оила соҳиби хар буд. Чунки ин ҷонвар воситаи асосии савории мардум ва бор бурдану бор овардан маҳсуб  меёфт. Ҳангоми пахтачинӣ  мардуми хардор харҳояшонро дар саргаҳи қитъа қатор мебастанд. Бобои Шокир ҳам. Боре чунин ҳолат рӯй  додааст, ки хари Бобои Шокир аз банд раҳо шуда, ба хари дигаре ҳуҷум овардааст. Чанд кас давида, базӯр халосашон карда, хари Бобои Шокирро бурда дар ҷойи аввалааш бастаанд. Бобои Шокир ин ҳолро дида, аз миёни пахтазор вазнин-вазнин  қадам ниҳода назди хараш меояд.
    -Ҳа-а, муштамзӯр!,- ба хараш хитоб мекунад ӯ, - ин чӣ кори кардагиат буд? Ҳамин саҳар ман ба ту кам насиҳат карда будам? О, ту падарлаънат, маро дар байни ин қадар одам шарманда кардӣ-ку? Чӣ, ту маро ба мисли худат бенангу номус гумон мекунӣ? Агар фикрат ҳамин бошад, хато кардӣ, ҷӯра. Ман нангу номус дорам, мисли ту хар нестам. Аз ин кирдорҳоят нангам меояд. Агар, эй ҷӯра, як бори дигар чунин нӯхтаканию ҷангкуниатро бинам, бо ту муносибатамро тамоман тағйир медиҳам. Инро фаҳмида мон!
   Ҳамин тариқ, бобои Шокир дар лаби ҷӯ харашро хеле сарзаниш кард.
   Инро шунида, қаҳру ғазаби бобои Шокир ҷӯш мезанаду сӯи оғил -  
   Бобои Шокир боз як одате дошт. Дар давоми рӯз бояд ҳатман бо касе ҷанг мекард. Фарқ надошт, ки бо кӣ ҷанг мекунад. Бо зан ё мард, кӯдак ё калонсол. Агар, дар сурате, ки ин ҳолат рух намедод, шаб хобаш намебурд. Ҷангаш ҷанги занозан набуд. Ҷанҷол буд. Ҷанги даҳанбадаҳан мекард.
   Боре барои хабаргирии духтару наберагонаш ба кадом деҳаи як ноҳия меравад. Ӯро хуш қабул мекунанд. Домодаш гӯсфанд мекушад ва бегоҳ ба хотири меҳмон ҳаққу ҳамсояҳоро даъват мекунанд. Ҳама аҳли деҳа ва хонавода иззату ҳурматаш  мекунанд. Лекин рӯзи дигар раги ҷангкунии бобои Шокир ба ҳаракат даромадан мегирад. Чунки «Одат чу қадим бувад табиат гардад» мегӯянд. Бобои Шокир дам ба дам бетоқат мешавад. Мехоҳад бо касе ҷанг кунад. Вале сабабу баҳонае намеёбад. Рӯзи сеюм ба духтараш мегӯяд, ки ман бояд ба хона равам.      
    Ба муқобилати духтару домодаш нигоҳ накарда, бобои Шокир ба роҳ мебарояд. То шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа тинҷу осуда мерасад. Аз он ҷо бояд ба мошини дигар нишаста ба Қӯрғонтеппа (имрўза Бохтар) ояд. Дар кабини мошини калони боркаше менишинад. Дар роҳ аз тобу тоқат мемонад. Пайт меҷўяд, ки бо ронанда ҷанг кунад. Вале ба тақдири бобои Шокир ронанда як марди рустабори фарбеҳ, камгап ва басе оромтабиат будааст. Дар роҳи сафар ба бобои Шокир нигоҳ намекунад ва ҳарфе ҳам намезанад. Аммо бо вуҷуди ин бобои Шокир раҳораҳ нақшаи ҷангро мекашад.
  «Аз мошин, ки фуромадам, ба ронанда мегӯям, ки пул намедиҳам, - аз дил мегузаронад бобои Шокир, -ана мешавем ҷанг».
     Ба истгоҳи зарурӣ расида, бобои Шокир мошинро бозмедорад. Барқасд, бо басе оҳистагӣ аз мошин мефарояд. Ронанда ҳамоно хомӯш. Ҳамин ки пойҳояш ба замин расиданд, бобои Шокир рӯ ба ронанда оварда нидо кардааст. «Пулат намедиҳам!»
   -Бобоҷон, -гуфтааст ронанда бо забони русӣ, -ман аз шумо пул напурсидаам. Агар медодед ҳам намегирифтам.
    Бобои Шокир чунин муомилаи одамгаронаи ронандаро мунтазир набуд. Ӯ ҷанг мекофт.
   -Ҳе, бар падарат…, -ба унвони ронанда ҳақорат дод бобои Шокир.
    -Бобо, чӣ ҳақоратам  медиҳед, -бо ҳамон ботамкинию мулоиматӣ гуфт ронанда. –О, ман ба шумо ягон гап нагуфтам, пул ҳам напурсидам. Даркор нест пулатон, ба роҳатон рафтан гиред!
    Дид, ки боз нақшааш нагузашта истодааст, даст дароз карда, ронандаро заданӣ шуд, бобои Шокир. Ронандаи тануманд гирифту нарангушти бобои Шокирро тоб дод. Нарангушт  аз ҷояш  баромад. Бобои Шокир беҳуш шуда, ба даруни ҷӯи беоб афтод. Ронанда мошинашро ҳай карда рафт. Маълум нест, ки бобои Шокир дар даруни  ҷӯй чқ қадар беҳуш хобида бошад. Ба ҳуш омада, оҳувоҳкунон ба деҳа меравад.  Аҳли деҳ аз воқеа хабар ёфта, ба хонааш меоянд.
- Бобои Шокир,- мегӯянд ҳамдеҳагон,- о, ту он ронандаи русро мисли мо ҳамдеҳагонат гумон  кардӣ? Охир, мо хотиратро мебинем, ба ҷангу ҷанҷолҳоят гузашт мекунем. О, вай марди рус хотирбиниро аз куҷо медонад? Гуноҳи худат аст, ки бо як одами бегона сарбасар шудаӣ.
Ана ҳамин хел хислатҳо дошт бобои Шокир. Гуфтем, ки  одами содаи сода буд. Як вақт Зокири писараш барои дар гармиҳо пӯшидан барои худаш сандал мехарад. Онро дар хона гузошта, худ ба куҷое  мебарояд. Нохост чашми бобои Шокир ба сандал меафтад. Сандалро ба даст гирифта, худ ба худ писарашро сарзаниш мекунад.
- Ба ин бачаҳои беақл чӣ мегӯӣ,- мегӯяд ӯ, - кӯрӣ, ки пойафзоли даридаро аз бутун фарқ намекунӣ?
Баъд  як маҳсии кӯҳнаашро  ёфтаю бурида, пойафзоли тобистонаро поргӣ мекунад. Ин амали хандаовараш ҳам дар деҳа паҳн мешавад.
Бо ҳама гуфтору рафтори наҷибонааш одами басе хоксор, беозор, заҳматкаш, дилсоф буд – бобои Шокир, касеро бад намекард. Ғайбатро намедонист. Умри дароз дид. Касоне, ки дар вақташ ӯро мешинохтанду медонистанд, то ҳол танҳо бо некӣ ёдаш мекунанд.
Ҳусейн МАЛИКОВ


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019