Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
РАҲНАВАРД
Давлатҷон Султонов аз зумраи рӯзноманигорони маъруфи Хатлонзамин аст, ки ба қавле як умр бо нӯги қалам нон хӯрдааст. Ӯ шахсиятест, ки дар собиқаи беш аз 50 солаи рӯзноманигорӣ бо эҷодиёти гуногунжанру пурмазмун, самимияту меҳру муҳаббати бепоёнаш ба хоку обу мардумони ин диёр ва бо хислатҳои неки инсониаш миёни дӯстону пайвандон, ҳампешагону дигар доираҳои ҷомеа соҳиби обрӯву эҳтиром гардидааст.
Ӯ ба пешаи пурифтихори рӯзноманигорӣ ҳанӯз аз овони дар синфи панҷум таҳсил доштанаш меҳру муҳаббат пайдо мекунад. – Он солҳо дар Ветнам ҷанг мерафту рӯзе омӯзгори фанни адабиёт порчаеро ба мазмуни «Аз Ветнам даст кашед» барои мо, хонандагон қироат кард,- ба хотир меорад он рӯзҳоро Давлатҷон. – Маҳз он баёнияи саропо аз гуфтори пурмазмуну эҳсосбарангез дар афкори мо хонандагон такони ҷиддие бахшида, бароям собит кард, ки неруи сухан дар тарбияи маънавии инсонҳо чи нақше дошта метавонад.
Ҳамин тавр, баъди пурсишу посухҳо миёни шогирдону муаллими фанни адабиёт мо аз сирру асрори эҷодиёт ва эъҷози сухан каме огаҳӣ пайдо кардем. Баъди муддате устоди раҳнамо нахустин чакидаи эҷодии маро бо номи «Ватан, эй гулшани доимбаҳорам» ба рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» фиристод. Гарчанде шеъри аввалинамро чоп накарда бошанд ҳам, вале маҳз номаи ҷавобии редаксия, ки хусусияти рӯҳбаландкунанда дошт, шавқи маро ба эҷодиёт, бахусус рӯзноманигорӣ бедор кард , - мегӯяд Д. Султонов.
Дар он давру замон рӯзномаву рӯзноманигорон дар миёни сокинони рустоҳо обрӯи баланд доштанд. Омаду рафти толибони матбуоти даврӣ ба идораи почтаи маҳалла, ки дар рӯ ба рӯи мактаби деҳа воқеъ буд, таваҷҷуҳи Давлатҷонро ба худ ҷалб намуд. Дар дил орзу мекард, ки тезтар бузург бигардад, то имкони ба он даргоҳи барояш муқаддас ворид шуданро пайдо намояд. Вақти дар синфи 7-ум таҳсил намуданаш ба ҳайси мухбири ҷамоавии рӯзномаи онвақта «Коммунисти Қӯрғонтеппа» пазируфта шуд, ки нахустин матлабаш дар ин ҷода «Самараи меҳнати ҳалол» ном дошт.
- Нахустин ҳаққи қалами гирифтаам, як сомону 40 дирам буд, ки бо он маблағ чанд тан ҳамсабақонро дар ошхонаи мактаб зиёфат дода будам. Баъдан ҳамкориҳои ману дӯсти қаринам Аловуддин Додарбеков бо идораи рӯзномаи «Коммунисти Қӯрғонтеппа» густариш ёфту маро ба редаксияи мазкур даъват намуданд. Баъди дидору вохӯрӣ бо мудири шуъбаи мактубҳои рӯзнома шодравон Шарофиддин Қосимов шавқу рағбатам ба пешаи рӯзноманигорӣ дучанд зиёд гардид. Воқеан ҳам, дар он солҳо мактаби мухбирони ҷавони назди идораи ин рӯзнома дар тарбияву ташаккули зеҳнии эҷодкорони наврас нақши муассир дошт.
Ба толеи хуши Давлатҷон Султонов устоди дарси забону адабиёт ҳам нафаре, ки бо салиқаи беҳамтои хеш дар қалби шогирдон маъво гирифта буд. Ташкили суҳбату вохӯриҳо бо адибону шахсиятҳои шинохтаи кишвар ва роҳнамоии шогирдон ба чорабиниҳои илмӣ- фарҳангӣ заминае баҳри омодагии рӯзноманигори оянда мегардид. Боре дар яке аз чунин вохӯриҳо шоир Боқӣ Раҳимзода намунаи эҷодиёти Давлатҷонро бо худ ба пойтахт бурда, онро дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ мерасонад. Ҳамин тавр, соли 1970 Д. Султонов МТМУ №29 ноҳияи Кӯшониёнро хатм карда, фориғултаҳсили шуъбаи рӯзноманигории имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегардад.
Овони донишҷӯӣ бо рӯзномаи вақти «Комсомоли Тоҷикистон» имрӯза «Ҷавонони Тоҷикистон» ҳамкорӣ дошт. Дар яке аз мавсимҳои таътил бо роҳхати рӯзномаи мазкур ба Отряди ҷавонони бинокор пайваста, озими шаҳри навбунёди Гагарини вилояти Смоленски Руссия гардид. Маҳз дар ин сафар ӯро дидору суҳбатҳои хотирмон бо ҳамсару модари нахусткайҳоннаварди олам Юрий Гагарин муйяссар гардид.
Баъди хатми Донишгоҳ Давлат Султоновро дар асоси роҳхат ба рӯзномаи он давра «Байрақи дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун фиристоданд. Тавре ӯ худ иқрор меояд, дар ин ноҳия ҳамагӣ чанд рӯз фаъолият кардаасту халос. – Чаро ки бо дархости роҳбарияти онвақтаи рӯзномаи «Коммунисти Қӯрғонтеппа» маро ба нашрияи мазкур ба кор гузарониданд,- иброз дошт дар идомаи суҳбат Д.Султонов. Ин пешниҳодро ба хушнудӣ пазируфтам, чаро ки ин боргоҳи маонӣ дар тарбияву ташаккули донишу истеъдоди мо, ҷавонони навқалам нақши бузург бозида буд ва бо номаи камол ба ин даргоҳи муқаддас баргаштан орзуи деринтизори ман дар зиндагӣ буд.
Давлат Султонов тӯли солҳои 1975 – 1979 дар рӯзномаи шаҳрӣ фаъолият мекунад. Баъди ташкилёбии собиқ вилояти Қӯрғонтеппа дар соли 1979 рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» таъсис ёфту ҳамин сон кормандони рӯзномаи шаҳрӣ дастаҷамъона ба нашрияи вилоятӣ ба кор мегузаранд. Оғози кор дар нашрияи вилоятӣ масъулияти аҳли эҷодро дучанд афзуда, назди қаламкашони воситаҳои ахбори оммаи вилоят муҳимтарин рисолат – таҳия ва омода намудани матлабҳои нишонрасу ҷавобгӯи талаботи қишрҳои гуногуни ҷомеро мегузошт.
Аз байн 21 сол гузашт дар ин миён ҷомеаи Тоҷикистон шоҳиди ҳодисаҳои сангин ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ гардид. Аммо дар ин ҳама фуруду фарози зиндагӣ қаламкашоне мисли Давлатҷон Султонов дар иҷрои рисолати касбии хеш содиқ буданро собит сохтаанд. Арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни фотеҳони ин сарзамини зархез аз бахшҳои аъзами рӯзноманигори варзида буд. Матлаби «Гиряи абри баҳор»-и ӯ, ки ба хотираи неки ҳамқаламаш Олимҷон Ёрасенов бахшида буд, сабаб гардид, ки вайро ба рӯзномаи «Садои мардум» ба кор даъват карданд. Ҳамин тавр, аз соли 2000-ум то ба синни нафақа расиданаш ба ҳайси мухбири ин рӯзнома дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон фаъолият кард. Давлат Султонов дар овони бознишастагӣ ҳам лаҳзае аз эҷодиёт фориғ нест, чаро ки ба қавли ӯ илҳому истеъдоди шеъру ҳикоянависӣ ва рӯи сафҳа овардани маҳсули андешаҳо дар вуҷуди инсон бо хуну шири модар омадаву фақат ба ҷон бадар хоҳад шуд.
- Гӯё дирӯзакак буд, ки даст ба дасти бародари бузург осемасар ба синфи якум мешитофтам, - овони тифлиро ба хотир меорад Давлатҷон Султонов - Он рӯз дар сӯрохии шафати толори мактаб поям дармонда хуншор шуд, аммо ба дарди бадан аҳамият надода, охирин дарсро хондам. Зеро мо кӯдакон ворид шудан ба дабистонро, ки бузургтарину зеботарин бино дар маҳаллаи мо ба ҳисоб мерафт, дер боз орзу доштем. Имрӯз худро хушбахттарин кас мешуморам, ки он шавқу шӯри овони худшиносӣ, саъю талошҳо ба хотири илму донишандӯзӣ ва хоҳишу таманнои чизе офаридан то кунун дар зеҳну замирам пайдост. Танҳо андешаи бедору завқи эҷодӣ ва ҷидду ҷаҳди ҳадаферо ба сомон расонидан зиндагиро рангину ба инсон саодату хушбахтӣ меорад.
Бедории завқу рағбати илму ҳунаромӯзӣ ҷавҳари асилест андар зеҳну замири инсон, ки он аз асолати ниёкони хирадманду маърифатпарварамон сарчашма мегирад. Басо ганҷи беназире, ки Давлатҷон Султонов аз зодмандони пурдилу поксиришташ мерос гирифтааст, ҳамин шавқу ҳаваси беандоза ба мутолиаи китоб асту эҷоди шеър. Айни замон писари хурдии ӯ Сулаймон идомабахши кору пайкори падар мебошад, ки бемуҳобот аз рӯзноманигорони фаъоли вилояти Хатлон маҳсуб меёбад.
Ю. Ҷамол
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД