Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Родмарде дар талоши ободии Ватан.
Насиҳату васиятҳои падар
Оилаи Мунавваровҳоро дар қатори бисёр сокинони ноҳияи кӯҳистони Сангвор охири солҳои 50-уми асри гузашта, ба ноҳияи Қубодиён (хоҷагии «50-солагии СССР») муҳоҷир карда оварданд. Падари бузургвораш Идибек Мунавваров инсони шарифе буда, бо меҳнатдӯстӣ, ҳалолкорӣ ва хислатҳои наҷиби инсонӣ аз дигарон фарқ мекард. То вақти ба нафақа баромаданаш дар соҳаи кишоварзӣ заҳмат кашида, бо меҳнати ҳалол 8 нафар фарзандонро ба воя расонид.
Додарбек Мунавваров, ки баъди хатми бомуваффақияти техникуми савдои шаҳри Душанбе дар яке аз идораҳои бонуфузи ноҳия сарбаландона фаъолият менамуд, бинобар муташанниҷ шудани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ дар охирҳои солҳои навадуми асри гузашта, иҷборан бо хешону пайвандонаш ба Давлати Исломии Афғонистон ҳиҷрат менамоянд. Баъдан, бо нахустин даъвати Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргашта, баҳри ободонию хонаву маҳалли зисти хеш камари ҳиммат мебанданд. Падари Додарбек пайваста ба фарзандонаш таъкид менамуд, ки шахси дар ғурбат уфтода ба сони мурдаро мемонад, ки то ба Ватани хеш баргаштан умеду боварие ба зиндагӣ пайдо намекунад. Бинобар ин, ҳарчӣ барвақттар ба Ватан баргаштану зиндагиро сомон бахшидан ягона амали оқилона мебошад. Чаро ки оромише, ки дар Ватан насиби инсон мегардад, онро дар ягон гӯшаи дунё пайдо наметавон кард.
Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ Додарбек Мунавваров дар кишварҳои Қазоқистон, Руссия ва Чин ба тиҷорат машғул шуда, ҳамроҳи бародаронаш дар шаҳри Екатеринбург соҳиби якчанд марказҳои тиҷоратӣ шуданд. Дар ҳамон солҳои сафарҳои тиҷоратӣ панду насиҳатҳои қиблагоҳ ва даъватҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар лаҳза ба хотираш мерасид: «Ватани азизамонро ба ғайр аз худи мо касе обод карда наметавонад. Аз ин рӯ, ҳар як шахси бонангу номус бояд ҳамеша дар пайи ободкорию созандагиҳо ва рушди босуботи Ватан бошад». Бо ҳамин даъвату суханони пурҳикмату дорои як ҷаҳон маънӣ ин ҷавонмарди ватандӯсту боору номусро дубора ба Ватан овард.
Оғози бобарор ва бунёди корхонаи «Дук»
Ба зодгоҳаш –ноҳияи Шаҳритус баргашта, бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия корхонаи истеҳсоли ширро, ки дар ҳолати вайрону валангор қарор дошт, харидорӣ кард. Корхонаро, ки наздики 4 гектар замин масоҳат дошт, таъмиру тармим намуда, дар гирду атроф ва ҳавлию роҳравҳои он садҳо дарахтони мевадору сояафкан ва гулу ниҳолҳои ороишӣ шинонид. Ҳамчунин, дар атрофи корхона майдони 7 гектар замин барои парвариши пилла ниҳолҳои тутро заминӣ (навъи хитоӣ) шинонида, соли 2011 аз Ҷумҳурии Чин тухми кирмаки хушсифат оварда, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус ва Носири Хусрав тақсим кард.
Бо мурури замон дар ҳамкорӣ бо ширкати саноатии HANGZ HOUTEXTILE MACHINE RYCO. LTD дар ноҳияи Шаҳритус корхонаи саноатии «Дук», ки ба истеҳсоли абрешими хушсифат машғул буд, бунёд намуд. Дар корхона 55 нафар коргарон, ки аксарияти онҳоро занону духтарони маҳаллӣ ташкил мекарданд, ба ҷойи кор таъмин шуданд. Мутахассисони саноати абрешим аз Чину Ветнам ва аз шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд ба корхона даъват карда шуда, нозукиҳои касби атласбофию адрасбофиро ба коргарони маҳаллӣ меомӯзониданд. Дар корхона тавассути истифодаи таҷрибаи пешқадам ва технологияи наву замонавӣ дар як сол ду маротиба (охирҳои моҳи апрел ва охирҳои моҳи август) ҳосили пилла ҷамъоварӣ карда мешуд.
Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 75 тонна навъи якуми пиллаи хушк ва 18,5 тонна нахи аълосифати абрешимро ташкил медиҳад. Нахи абрешим асосан ба кишварҳои Туркия ва Эрон содирот карда мешавад. Баъдан, дар заминаи корхонаи «Дук» коргоҳи истеҳсоли атласу адрас бунёд карда шуд, ки иқтидори солонаи он 13 000 метр атласу адрасро ташкил медиҳад.
«Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст»
Соли 2014 Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз корхонаи саноатии «Дук» дидан намуда, ба фаъолияти корхона аз наздик шинос гардид. Ба коргарону роҳбари корхона, соҳибкори муваффақ Додарбек Мунавваров баҳои баланд дод.
- Ёд дорам, ки якчанд сол пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат ба олимони соҳаи кишоварзӣ рӯй оварда гуфта буд: «Барои чӣ шумо мегуфтед, ки аз кирмак соле як бор ҳосил гирифта мешавад. Рафта таҷрибаи роҳбари корхонаи «Дук»-и ноҳияи Шаҳритус ҷавонмарди кордону меҳнатдӯст Додарбек Мунавваровро омӯзед. Дар як сол аз кирмак ду маротиба ҳосили баланд ба даст меорад».
Аз суҳбат бо Додарбек Мунавваров маълумамон гардид, ки ин марди наҷиб дар ҳаёту фаъолияти пурсамари хеш шоҳбайти Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро шиори худ медонад;
То накашӣ кӯҳ, басе, даст ба лаъле нарасад,
То сӯйи дарё наравӣ, гавҳару марҷон набарӣ.
Додарбек Мунавваров пайваста аз навигариҳои илму технологияи замонавӣ ва рушди бемайлони иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон бохабар аст. Бо дарназардошти мавсимӣ будани фаъолияти корхонаи «Дук» дер боз нақша дошта, ки боз як корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шириро бунёд намояд. Хушбахтона, бо дастгирии барномаи USAID ин корхона дар рӯзҳои наздик ба кор оғоз мекунад. Ин корхона дар оянда имкон медиҳад, ки бозорҳои дохилии кишварро бо маҳсулоти ширии аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намояд.
Додарбек аз пешрафту комёбиҳо дар ин ҷода қаноатманд нашуда, назди худ мақсад гузоштааст, ки боз дар заминаи корхонаи «Дук» коргоҳи истеҳсоли пашмро бунёд намояд. Айни замон корҳои сохтмонию технологӣ дар ин самт бомаром идома дошта, сохтмони корхонаи истеҳсоли пашм дар арафаи анҷомёбист.
- Бунёди ягона корхонаи хурди коркарди пашм дар вилояти Хатлон бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияи нав рӯи кор омад, -мегӯяд Додарбек Мунавваров. Гарчанде ки даҳҳо хоҷагиҳои чорводорӣ ва аҳолӣ ба парвариши гӯсфандони қароқулӣ машғул буда, солона аз як сар гӯсфанд 10-15 киллограм пашми хушсифат мегиранд, аммо то кунун бинобар набудани корхонаи коркарди пашм чорводорон ин маҳсулоти хушсифату қиматбаҳоро фурӯхта наметавонанд. Ҳамакнун, дар корхонаи коркарди пашми Ширкати “Дук” бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва технологияи нав аз пашми хушсифати гӯсфандони қароқулӣ ришта калоба намуда, ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад. Аллакай, дар ин самт шартномаҳои пешакӣ бо кишварҳои Ҳиндустон, Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба тасвиб расиданд,- иброз медорад ӯ.
Ба ҷои охирсухан
Воқеан, дар симои ин марди фозил инсони ҳалиму хоксор, инсони поксиришту меҳрубонро дарёфтам. Бо ташаббусу кумакҳои бевоситаи ӯ дар назди МТМУ №38-и ноҳияи Қубодиён барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбияи насли наврас 4 синфхонаи иловагӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Аз ташаббусу пешниҳодҳои пурарзишаш оид ба корҳои созандагию бунёдкорӣ баҳри шукуфоӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони маҳбуб пай мебаред, ки Додарбек Мунавваров ба халқу Ватани хеш садоқати беандоза дошта, меҳани азизашро гаҳвораи нанг, маъмани умеду ормонҳои тоҷикистониён медонад.
Аъзам БОБОЕВ, рӯзноманигор
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД