Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҳунаристони Тозагул
Тозагул Самадова аз соҳибкорзанони номовари ноҳияи Кӯшониён аст, ки фаъолияти гуногунҷабҳаи худро аз сифр оғоз карда, дар марҳилаи аввали фаъолият барои дарёфти қути лоямут ба садҳо нафар модарону духтарони хонаводаҳо дасти кумак расонидаву то имрӯз бешумор занону духтарони деҳоти ноҳияро бо шуғ
лҳои даромаднок фаро гирифтааст.
Ӯ соли 1951 дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Аз зодгоҳу дудмони бобоӣ чизеро дар хотир надорад, зеро замоне, ки аҳли хонаводаи онҳо аз Балҷувон ба водии Вахш муҳоҷир мешуданд, Тозагул ҳамагӣ се сол дошт. Пайроҳаи тақдир ба мисли онҳо садҳо хонаводаҳои муқими кӯҳистонро ба ноҳияи Вахш овард, ки дар он солҳо аз лиҳози ҷуғрофӣ бузургтарин ноҳияи кишвар маҳсуб меёфт. Барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои ба тозагӣ азхуднамудаи ин водии зархез неруи бузурги корӣ лозим меомад, ки ба ин хотир сокинони минтақаҳои кўҳистони Тоҷикистонро ба ин сарзамин муҳоҷир мекарданд.
Ҳамин тавр, бо гузашти солҳо аз ҳисоби марзҳои беканори Вахш ноҳияи имрўза Кўшониён таъсис ёфту мавзеи зисти аҳли оилаи Тозагул Самадова ҳам ба ҳудуди маъмурии ин ноҳияи навбунёд шомил карда шуд. Айёми тифлии ӯ дар муҳите сипарӣ мешуд, ки мардуми ба тозагӣ аз кӯҳистон муҳоҷиршуда дар баробари заҳмати фидокорона дар саҳро саргарми хонасозию корҳои ободонии барзанҳои навбунёди хеш буданд. Баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия зодмандон ӯро ба ҳаёти мустақилона гусел карданд.
Солҳо пайи ҳам сипарӣ мегашт. Дар замоне, ки гардиши айём ба сари мардуми Тоҷикистон, бахусус, сокинони водии зархези Вахш рӯзҳои сангину даҳшатбор оварда буд, бонуи Тозагул ба ҳайси мураббии боғчаи бачагонаи деҳот кору фаъолият менамуд. Баъди хотимаи ҳаводиси шаҳрвандӣ мардуми аз ғурбат ба Ватан баргашта, ғизои кофӣ чӣ, сарпаноҳи одие надоштанд, ки дар сардию гармиҳои рӯзгор дар он панаҳ бибаранд. Тозагул, ки аз овони наврасӣ ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ шавқу рағбати беандоза дошт, ба гулдӯзию омода намудани асбобу ороишоти либоси занона пардохта, нахустин дастранҷҳои худро ба бозор баровард.
- Ҳанӯз аз овони дар синфи 3-4 таҳсил доштанам ба ҳунарҳои дастӣ шавқу мароқ зоҳир намуда будам. Нахустин тоқиҳои духтаронаи дӯхтаи ман «чамандагул» ном дошт, ки аз ҳисоби фурӯши онҳо музди хубе ба даст меовардам, - ба хотир меорад гузаштаро Тозагул Самадова. – Ин буд, ки дар солҳои баъди ҳодисаҳои шаҳрвандӣ ба хотири раҳоӣ аз фақру нодорӣ якчанд нафар занону духтарони деҳаамонро ба гулдӯзиву дӯхти сарулибоси занона ташвиқ намудам. Дар он солу замонҳо духту ба фурӯш баровардани як тоқӣ ё шерозаву дигар дастранҷҳои ҳунарӣ барои бонувони деҳоти Меҳнатободи ноҳияи имрӯза Кӯшониён аллакай муваффақият буд.
Бо гузашти рӯзҳо сафи бонувони ҳунарманд бештар гардид ва Тозагул аз корҷӯён даъват ба амал овард, ки молу колои дар сандуқҳои арусӣ боқимондаашонро бароварда, аз ҷиҳозе, ки дигар барояшон лозим намеояд, сарулибоси кӯдакона дӯхта, ба бозор бароранд. Ҳамин тавр, рӯз аз рӯз кори бонувони ҳунарманд ранги дигар мегирифт ва рафта-рафта дастаи ҳунармандони Тозагул аз дигар шаҳрҳо молу матоъ оварда, сарулибоси гуногунтарҳ медӯхтанд.
Гарчанде ки Тозагул дар он солҳо аз нозукиҳои тиҷорат, гардиши молу маҳсулот ва умуман, дар бораи соҳаи иқтисодиёт маълумоти кофӣ надошт, аммо шуғлҳои гуногуни ҳунармандию тиҷорати онҳо намунае аз таҷрибаи нахустин фаъолиятҳои соҳибкорӣ дар минтақа маҳсуб меёфт. Дар шебу фарози фаъолияти соҳибкорӣ дар муҳити деҳот ӯ дар баробари мусоидат намудан дар пешбурди рӯзгори хонаводаҳо садҳо нафар занону духтаронро касбу кор омӯхтааст. Ҳанӯз чанд сол қабл теъдоди дастпарварони лоиҳаҳои омӯзишии ӯ дар ноҳияи Кӯшониён ва шаҳру ноҳияҳои атроф ба 400 нафар мерасид.
- Самараи кору фаъолияти гурӯҳҳои ҳунармандии моро дида, ташкилотҳои кумакрасон моро ба ҳамкорӣ даъват менамуданд. Ҳамин тавр, баъди бозомӯзиҳо ба таҳияи лоиҳаҳои грантӣ машғул шуда, бо дастгирии созмонҳои хайриявӣ чандин лоиҳаҳои хайриявиро дар самти дастгирии бонувони ноҳияи Кӯшониён амалӣ намудем,- иброз медорад Тозагул Самадова. – Баъдан, дар соли 2009 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст оварда, бо истифода аз маблағи он соҳиби бинои корӣ шудам. Ҳоло дар баробари амалӣ намудани лоиҳаҳои омӯзишӣ барои бонувони ноҳия дар чанд деҳу маҳаллаҳои ноҳия сехҳои дӯзандагиву хӯрокпазӣ, дуконҳои нонпазию қаннодӣ ташкил намудем, ки дар онҳо даҳҳо тан сокинон, аз ҷумла, занону духтарони хонашин бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Фаъолияти соҳибкории мо, бонувони деҳот, ки корро аз ширу чакаву тухмфурӯшӣ ва дигар тиҷорати майда-чӯйда оғоз намуда будем, таҷрибаи омӯзандае барои сокинони деҳот шуда метавонад. Зеро то вақте инсон ба қадри маблағи ночиз нарасад, дар оянда соҳибкори хуб шуда наметавонад. Дарвоқеъ ҳам, масали «Зарра-зарра ҷамъ шавад…»-ро дар ҳаёту фаъолияти соҳибкории худ таҷриба намудаам,- гузаштаро ба ёд меорад Т. Самадова.
Ҳунаристони Тозагул Самадова воқеъ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён ба мисол ороишгоҳи қашангу осорхонаи зебоеро мемонад, ки таваҷҷуҳи тамошобинро ба олами нотакрори ҳунару мероси фарҳангии ниёгон мебарад. Дару девори пур аз наққошиҳо, шерозаву намунаҳои ҳунарии пешаварони ноҳия ва гӯшаи ифтихорномаву дастовардҳои ҳунарии Тозагул Самадова бозгӯи хизматҳои шоистаи ин модари бузургвор аст, ки аз мушкилтарин лаҳзаҳои зиндагӣ ба ин муваффақияту комёбиҳои бузург расидааст.
Юсуфи СОБИР, ноҳияи Кӯшониён
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД