Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ГУЛПАРВАР
Ҳамаи зебоиҳои оламро дар мисоли гул ба риштаи тасвир мекашанд. Зеро он бо рангорангию назокаташ инсонҳоро мафтуни худ карда, бо бӯйи муаттараш ба табиат таровати тоза мебахшад. Аз ин лиҳоз гулро ҳамагон дӯст медоранд. Агар парвариши он барои аксарият шуғли дӯстдошта бошад, барои сокини шаҳри Бохтар Матлуба Машрабова василаи дарёфти ризқу рӯзӣ низ ҳаст.
Ин зани зебоипараст беш аз 40 сол мешавад, ки гулпарварӣ мекунад. Ӯ дар замини наздиҳавлигиаш се гармхона дорад, ки дар ҳар кадом гулҳои гуногун парвариш карда мешавад. Гулҳои навруставу шукуфтаи сурху сафед, бунафшу зард ва сарсабзию хуррамии саҳни ҳавлии Матлуба Машрабова манзараи дилфиреб буда, табъи касро болида мегардонад. Ин ҷо 20 намуди гул - садбаргҳои гуногунранг, бобуна, наргис, савсан, амараллис ва гулҳои хонагӣ парвариш карда мешаванд. Хонуми гулпарвар ҳамроҳи писараш Олимҷон барои фурӯш гулдастаҳо низ омода мекунанд.
Ин пешаро Матлуба Машрабова аз бобои фарзандонаш омӯхтааст. Падарарӯси ӯ гулпарвари номӣ буд. Ҳатто дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ гулҳои тару тозаро аз ҳамин ҷо тариқи ҳавопаймо ба Москав мебурданд, - мегӯяд М. Машрабова. - Он вақт талабот ба гул хеле зиёд буд. Одамон на танҳо дар иду айём ва тӯю сур гул мехариданд, балки ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат ба ҳамдигар гулдастаҳо тақдим мекарданд, - ба ёд меорад бонуи гулпарвар.

Гул, ки хеле нозук аст меҳрро меписандад. Аз ин лиҳоз аз субњ то шом аз пайи онем. Писарам Олимҷон бештар ба ин кор шуғл меварзад. Мо гулҳои шукуфтаро гирифта, барои гулдаста омода менамоем. Ҳам ба бозор мебарорему ва ҳам аз хона мефурӯшем. Ҳеҷ бекор нестем. Чор фасли сол дар гармхонаамон гул ҳаст,-иброз медорад Матлуба Машрабова.
Олимҷон Машрабовро низ дар шаҳри Бохтар ҳамчун гулпарвари асил мешиносанд. Вай аз наберагони гулпарварони асил аст, ки умри бобаракати худро дар ин соҳа бахшидаанд. Олимҷон нозукиҳои парвариши ҳар як гулро хуб медонад. Вай ҳамеша кӯшиш мекунад, ки навъҳои нодири гулҳоро дарёбад ва парвариш карда, номгӯи онро бештар намояд.
- Аз Россия, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо тухмӣ ё қаламчаи гулҳои хушрангро дастрас карда, онро парвариш менамоям, - зикр менамояд Олимҷон Машрабов. - Зиндагӣ зебост ва бо рангорангии худ гуворост. Барои ҳамин ҳам кӯшиш менамоем, ки зебоӣ офарем ва ба одамон шодию нишот ҳадя кунем.
Олимҷон ва модараш Матлуба Машрабова бо ин касбу кори дӯстдоштании худ дар ҷомеа соҳибэҳтиром гаштаанду маҳсули дасташон фараҳбахшандаи одамон, зебдиҳандаи кӯчаву хиёбон ва ҳатто кошонаҳои сокинон гардидааст, ки он мояи сарфарозии ин гулпарварон мебошад.
Амонҷон МАҲКАМОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



