Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОНУВОНИ ОЯНДАСОЗ
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ба баланд бардоштани савияи дониши мардум, ҳифзи арзишҳои ниёгон, дарёфти чеҳраҳои донишманду сухандон нигаронида шудааст, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид. Дар соли дувуми баргузории озмуни мазкур Нилуфар Одинаева, як тан аз мухлисони каломи бадеъ, иштирокчии фаъоли он аз рӯи номинатсияи хондан ва азёд кардани ашъори адибони муосири тоҷик буда, дар даври ниҳоӣ, сазовори ҷойи сеюм гардидааст.
Нилуфар дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Аз овони мактабхонӣ шавқу ҳаваси зиёд ба фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, география, биология ва технологияи иттилоотӣ дошта, барои рӯзномаи «Баҳористон»-и ноҳия мақолаҳо менавишт ва ин ҳамкории эҷодиро дар овони донишҷӯӣ ҳам идома бахшид. Нилуфар соли 2011 дар олимпиадаи фаннии мактаббачагон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар сатҳи ҷумҳурӣ сазовори медали биринҷӣ гардида, ҳамин тавр, дар асоси тавсияномаи вазири маориф ба факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Давоми донишҷӯӣ дар мавзӯъҳои «Муқоисаи дубайтиҳои Лоиқ Шералӣ аз дубайтиҳои Иқболи Лоҳурӣ» кор карда, баъдан рисолаи дипломии худро дар мавзӯи «Худшиносии миллӣ дар ашъори Лоиқ Шералӣ» ҳимоя мекунад. Соли 2016 донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда, ба ноҳия баргашта ва фаъолияти омӯзгориро дар мактаби деҳаашон оғоз менамояд. Соли 2020 дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳия аз рӯи номинатсияи хондан ва азёд кардани ашъори адибони муосири тоҷик иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал мегардад. Ҳамин тавр фаъолии худро аз даст надода, дар даври вилоятӣ ҷойи дувум ва дар даври ниҳоӣ сазовори ҷойи севум гашт.
- Номгӯи адабиётҳои пешниҳодкардаи ман дар ин озмун 200 асари насрӣ, 105 ғазал аз адибони муосири тоҷик, 125 рубоиву дубайтӣ, 200 байт аз достони «Ҷони ширин»-и Мирзо Турсунзода, 48 повест, 10 роман ва 200 байт аз жанрҳои гуногунро ташкил медод, - иброз дошт Нилуфар Одинаева. - Аз осори адибони муосири тоҷик бештар ба ман аз Лоиқ Шералӣ, Мирзо Турсунзода, Акбар А, Озар Салимиён, Озарахш, Муҳаммад Ғоиб, Аскар Ҳаким писанд аст.
- Ҷиддияти озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар он буд, ки ҳайати доварон аз шахсиятҳои бо илму фарҳанг иборат буд. Бинобар ин дар ҷамъбасти озмун вақте натиҷагирӣ мешуд, боварам намеомад, ки дар ҳама даврҳои ин озмун аз миёни беҳтаринҳо маҳз маро низ ғолиб донистаанд. Зеро дар даври ниҳоӣ мо 267 нафар будем, аз ҷумла дар номинатсияе, ки ман иштирок доштам, 65 ё 67 нафар ҳамагӣ беҳтарин довталабон буданд, - қисса мекунад Нилуфар.
- Дарвоқеъ иштироки ҳар нафар довталаб дар ин озмуни сатҳи баланд мояи ифтихори оилаву устодону шогирдон ва ҳамкорону дӯстони ӯ мебошад. Дар даври ниҳоӣ дар ҷумҳурӣ соҳиби ҷойи 3-юм гашта, бо диплому нишони фахрӣ ва 15000 сомонӣ маблағ қадрдонӣ шудам. Баъди аз озмун баргаштанамон моро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия даъват намуда, бо маблағи 500 сомонӣ ва дар вохӯрӣ бо раиси вилоят муҳтарам Қурбон Ҳакимзода 5000 сомонӣ қадрдонӣ намуданд.
-Дар ин роҳи пурифтихор тайнамудаи Нилуфар Одинаева се нафар муаллима Сатторова Ҷумъагул, сарвари китобхонаи марказии ноҳия Эътибор Юсупова ва модари ӯ раҳнамову мададгораш буданд. Гарчанде модарам ба ҷуз мактаби миёна дигар ҷое таҳсил накарда бошад ҳам, аммо ба забон ва адабиёт завқи зиёд дошта, пайваста маро ба китобхонӣ ташвиқ мекунанд, - мегӯяд муаллима.
Барои ӯ ки дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ба тарбияи фарзандони худ саргарм аст, иштирок дар чунин озмунҳо кори саҳлу осон набуд. Аммо новобаста ба мушкилу маҳдудияти вақт барои китобхонӣ боз ҳам шабҳо баъди хоб рафтани фарзандони кӯчакаш рӯ ба китоб меорад. Чун дар баробари шавқу ҳаваси беинтиҳо ба мутолиаи китобҳои бадеӣ орзу дорад, ки дар оянда боз дар ин озмун ширкат варзида, маҳорату малакаи худро дар номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони классики форсу тоҷик тақвият диҳад.
Тавре ки дар суҳбат ба мо иброз дошт, ҳоло дар баробари омодагии худ ба ин озмун Нилуфар Одинаева назди худ мақсад гузоштааст, ки 20 нафар шогирдони худро барои иштирок дар озмуни мазкур омода намояд. Теъдоди бештари шогирдони вай хонандагони то синфи 6-умро дар бар мегирад, аз ин рӯ, бештари шогирдонаш ба адабиёти бачагона руй оварда, баъзеи дигари онҳо хоҳиши иштирок аз рӯи номинатсияи адабиёти классикӣ мебошанд.
- Пас аз ғолибият дар озмун ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳузури декани факултаи филологияи тоҷик, устод Сироҷиддини Эмомалӣ омадам ва маро ҳамчун унвонҷӯ қабул карданд. Ҳамчунин, бо тавсияҳои устод Рустами Ваҳоб мақсад гузоштам, ки ба ҳимояи рисолаи номзадӣ ҷиддан машғул шавам, - ифтихормандона изҳор медорад Нилуфар.
Гулзода НАҶИБУЛЛО, ноҳияи Абдураҳмони ҶомӣДобавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 15:48Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд 15:03Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд 16:48Ҷ. Балхӣ. Корхонаи ордбарорӣ дубора эҳё мешавад 15:36Беш аз 1000 нафар бо ҷои кор таъмин шуд 15:44“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо” 14:51Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30
Серхонандаҳо
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад
Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид