Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Амонатгузор
Дукони Қорӣ Мираҳмадҷон- устои сандуқсоз аз ду ҳуҷраи дарун ба дарун иборат буд. Дар як тарафи дукон, сандуқҳо бо андоза ва рангубораш чида шуда буданду дар тарафи дигар гаҳвораву арғунчакҳо. Дар байни ҳуҷраи дарунӣ сандалӣ ва дар паҳлуяш кӯрпачаҳо партофта шуда буд. Дар як тарафаш кати худи Қориамак меистод, ки дар болояш кӯрпаву болин ҷойгир буд. Аз тарафи дасти чап миз дар болояш лавҳ бо китоби Қуръон ва китобҳои таърихӣ бо ҳуруфоти арабӣ навишта, меистод. Ӯро тамоми сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа ва атрофи он эҳтиром менамуданд.
Рӯзе ба дукони амаки қорӣ Мираҳмадҷон ду марди ширакайф даромаданд. Амаки қорӣ-Мираҳмадҷон, ки бо писаронаш Одилҷону Қобилҷон бо шавқ ба кор банд буданд, баъди овоз рӯшан кардани яке аз мардони ношинос онҳоро ба дукон таклиф намуданд. Қориамак асбобҳои дасташро як сӯ гузошта, онҳоро ба ҳуҷраи дигар даъват намуд.
- Амак! Корафтодаем, - гӯён марди фарбеҳе, ки Нозим ном доштааст, ба сухан даромад. - Духтарамро ба шавҳар дода истодаему як сандуқи садсума лозим шудааст.
- Ин қадар коре ҳам набудааст-ку! -Қориамак аз миз дафтари қайдҳояшро гирифта, ба навиштан оғоз кард.
- Номам Рӯзибой. Дар таърихи 17 марти соли 1980, яъне 3 рӯз пас омада сандуқро аз дукон мегирам, - бо ғурур маблағро ба пеши Қориамак гузошт Рӯзибой.
- Амак! Мо нисфи маблағро пешпардохт намуда, барои оҷилан иҷро шудани дархостамон 25 сум зиёдатӣ медиҳем. Зеро якшанбе тӯй дорем, - гуфт марди лоғаре, ки худро Рӯзибой ном гирифт.
- Хуб шудааст, танҳо аз вақти фармуда дер накунед, - гуён Қориамак маблағи пешпардохтро ба сандуқи оҳанин ҷо кард. Вай аз пайи кор шуду он ду марди маст аз дукон берун шуданд.
Давоми рӯз чашми Қориамак ба сумкаи сиёҳе бархӯрд, ки зери кат афтода буд. Як лаҳза ба андеша фурӯ рафту сумкаро накушода, дар ҷойи эҳтиёт гузошт. Усто се рӯзи дигар сумкаро ҳамроҳ ба хона мебурду меовард. Вақте сандуқи кандакории фармоишгарон омода шуд, Қориамак хурсанд буд, ки амонати фаромӯшшударо ба соҳибаш бармегардонад. Аммо он рӯзу чанд рӯзҳои дигар аз он ду мард хабаре набуд. Қориамак маъюсу хаста менамуд, зеро интизори соҳибони сандуқу сумкаи фаромӯшшуда шабҳо хобаш намебурд. Аз ин пас, устои худотарс лаҳзаҳои фориғ аз кандакориро беруни дари дуконаш интизори он мардҳо мегузаронд ва сиррашро ба касе ошкор намекард.
–Писарам Қобилҷон, дар хотират ҳаст, ки ҳашт сол пеш ду нафар марди маст ба мо сандуқ фармуда буданд, - билохира ба писараш он сирру асрори дар дилаш нуҳуфтаро кушод Қориамак.
- Падарҷон, беҳуда ғаму ғусса нахӯред, умр боқӣ рӯзе соҳибони сумка ба суроғамон хоҳанд омад, - гӯён Қобилҷон падарашро таскин медод.
Аз байн чандин солҳо гузаштанд. Он ду мард гӯё ба қаъри замин фурӯ рафта бошанд, ки аз худ дарак намедоданд. Қориамак пиронсол ҳам бошад, хотираи беҳад мустаҳкам дошт. Рӯзе ӯ дар беруни дукон мӯйсафедеро дид, ки ситорааш гарм менамуд. Қориамак аз Қобилҷони писараш хоҳиш намуд, ки он раҳгузарро ба дукон даъват намояд.
Баъди як пиёла чой гирифтану аҳволпурсӣ намудан Қориамак пурсид:
- Нозим, оё боре ба дукони ман омада, сандуқ фармуда будед?
- Бале, ҳашт-нуҳ сол пеш бо Рӯзибойи ҳамкорам барои тӯйи духтарчаам сандуқ фармуда будем, – бо ҳаяҷон ҷавоб дод Нозим.
- Шумо аз нисф зиёди маблағро ҳам пардохт карда будед? – хотирнишон намуд Қориамак.
- Бале, – сарашро пойин фароварда ба сукут рафт Нозим.
- Пас, чаро барои гирифтани амонати худ барнагаштед? – гилаомезона пурсид Қориамак.
-То ин дам ман дар маҳкама будам, амакҷон, - гуфт Нозим ва суханашро идома дод. – Барои камомади маблағи дар хазина ниҳодҳои назорати молу мулки давлатӣ маро ба маҳкама кашиданд.
Қориамак оҳ гӯён ба писараш ишора намуд, ки он сандуқи интизорро назди меҳмон биёрад.
Қориамак дар ҳузури писару соҳиби бор сандуқро кушода, аз дохилаш сумкаро бароварда гуфт:
- Худованд фармон медиҳад, ки амонатҳоро ба соҳибонаш баргардонед. Бозгашти шумо бори вазнинеро аз дӯши ман бардошт.
Нозими ҳайратзада саросема сумкаи барояш шиносро кушоду аз он варақи даромади хазинавии собиқ коргоҳашро баровард, ки дар он маблағи аз хазина гирифтааш дарҷ гардида буд. Нозим амонати гумкардаашро бе каму костагӣ дарёфта, аз шодӣ дастони Қориамакро мебӯсиду намедонист, ки чӣ гуна ба ин марди порсо миннатдорӣ баён кунад.
- Ин маблағҳоро, ки баробар кардам, акнун ҳаққи ҳалолам аст, гуфту чанд бандча пулҳои 50 суммаро назди Қориамак гузошт.
Аммо Қориамак тақдими Нозимро рад намуда, гуфт:
- Шумо 25 сӯми боқимондаи арзиши сандуқи фармудаатонро пардохт намоед, кифоя аст.
-Амак, шумо ба сад баробари ҳаққи хизмататон ҳақ доред, - гуфта Нозим хурсандона чанд бандча пули дигарро назди Қориамак гузошт.
- Не писарам, ба ман ин маблағҳо лозим нест! Агар ин қадар хайр кардан хоҳед, ба ниёзмандон мадад расонед.
Қориамак баъди чанд соли интизорӣ бори аввал чунин хушбахт менамуд. Ин ҳама солҳое, ки соҳибони сумкаи пури пул дар маҳбас буданду амонати онҳо дар сандуқи фармудаашон дар дукони Қориамак нигоҳ дошта мешуд, ҳатто фарзандони ӯ боре дари сандуқро накушода буданд. Зеро усто фарзандонро тавре тарбия намуда буд, ки ба амонат хиёнат намекарданд.
Абдумалик ҲАКИМОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


