Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХОҶАМУЪМИН – МАКОНИ САЙЁҲӢ
Навоҳии минтақаи Кӯлоб бо табиати рангорангу хазинаҳои пурасрори худ дар миқёси кишвар ва хориҷ аз он шуҳрат дорад. Бахусус, намаккӯҳҳои ҳайратовари ин сарзамин садсолаҳо боз таваҷҷуҳи донишмандони риштаи бостоншиносиро ба худ ҷалб намудааст. Аз кӯҳи Хоҷамуъмин асрҳо боз намаки аз лиҳози экологӣ тоза истихроҷ мешуд.
Сайёҳи машҳури ҷаҳонӣ Марко Поло (асри XIII), ки ба сарзамини биҳиштосои мо омада буд, дар ёддоштҳои худ овардааст: «То даме, ки дунё вуҷуд дорад, намаки ин кӯҳ ба аҳолии кураи арз басанда аст». Ин аз аввалин мушоҳидаҳои донишмандони илми ҷуғрофиё буд, вале таҳқиқи ҷиддии ин манбаи бузурги намак танҳо дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ оғоз ёфта буд, ки дар ин ҷода корҳои тадқиқотии табиати кӯҳи Хоҷамуъмин ҷамъияти ҷуғрофии Иттиҳоди Шӯравӣ (соли 1929) саҳми арзанда гузоштааст. Гуфта мешавад, ки омӯзиши асрори ин намаккӯҳи Тоҷикистон то кунун идома дорад.
Хоҷамуъмин дар бистучорумин километри самти ҷанубу ғарбии шаҳри Кӯлоб, дар соҳили чапи дарёи Ёхсу доман паҳн кардааст. Танҳо мавзеи кӯҳи намак ба 6000 га мерасад. Хоҷамуъмин асосан аз намаксанг, ки дар илми минералогия бо номи галит (намаки ошӣ) машҳур аст, иборат аст. Паҳнои бораи намак ба 200-240 метр ва жарфнои он то кунун муайян карда нашудааст. Тибқи иттилои мутахассисон, захираи намаки Хоҷамуъмин тақрибан ба 40-50 милиард тонна баробар аст.
Академик Р.Б.Баротов оид ба таърихи пайдоиши намаки Хоҷамуъмин чунин менависад: «140 миллион сол қабл аз ин дар охири давраи дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон теъдоди бешумори кӯлҳои шӯр вуҷуд доштаанд, ки намаки онҳо тадриҷан таҳшин мешуд. Бо мурури ҳазорсолаҳо қабатҳои намакро дигар ҷинсҳои кӯҳӣ аз қабили регу гаҷ пӯшониданд. Баъдан аз асари фишори ҷинсҳои кӯҳӣ намак заҳида боло баромадааст».
Яке аз ҳодисаҳои ҷолибу шавқангез дар кӯҳи Хоҷамуъмин ин карст аст, ки дар натиҷаи он ғорҳои гуногун ба вуҷуд омадаанд. Тибқи мушоҳидаҳо аз ҳама ғори дарозтарин дар самти шимолу шарқии ин мавзеи кӯҳистон воқеъ аст, ки он миёни сокинони маҳаллӣ бо номи Ғори Паланг машҳур аст. Дарозии ғори мазкур 400 метр, баландии он беш аз 15-20 метрро ташкил медиҳад. Ба ҳусни ғорҳо шушаҳои намак, ки дар деворҳои онҳо овезонанд ва онҳоро минерологҳо сталактит ва сталакмит мегӯянд, ҳусн зам мекунанд. Аҷобати ғорҳои кӯҳи намак дар он аст, ки аз онҳо садои мисли улосси ҳайвонот ба гӯш мерасад.

Яке аз тадқиқотчиёни аввалини ғорҳо А.И.Дзенс-Литовский чунин навишта буд: «Ҳатто аз масофаи аз баромадгоҳи ғор дур ҳам ҳангоми шамоли на он қадар сахт садои мусиқиро эҳсос кардан мумкин аст, баробари шиддат ёфтани бод садо ҳам баландтар мегардад. Аз ин лиҳоз, он на ба ғавғо, балки ба оҳанги тозаи мусиқии бодӣ шабоҳат дорад».
Бинобар маълумотҳои Б.Ш.Елизаров аз доманаю нишебиҳои кӯҳи Хоҷамуъмин 163 чашмаю наҳрчаҳои шӯр ҷорӣ мешаванд. Кӯҳи Хоҷамуъмин таваҷҷуҳи олимони набототшиносро низ ба худ ҷалб намудааст. Олами набототи ин маҳал дар муқоиса ба мавзеъҳои ҳамшафат бою рангоранг аст. Дар ин мавзеъ садҳо намуди растаниҳо аз ҷумла, писта, бодоми бухороӣ, дулонаи дарвозӣ, арча, лолаҳои гуногун, сиёҳгӯш, сархасҳо, зираи форсӣ, пиёзҳои кӯҳӣ ва монанди инҳо месабзанд. Олами ҳайвоноти Хоҷамуъмин аз мавзеъҳои гирду атроф фарқ мекунад. Дар ин ҷо даҳҳо намуди паррандагон-кабк, шоҳин, каргас, аз оилаи ширхӯрон ҷайра, гӯсфанди кӯҳӣ ва морҳои заҳрдору дигар намуди ҳайвоноти бемуҳра мавҷуданд.
Мутаассифона, солҳои охир ландшафти кӯҳ ба таври сунъӣ куллан тағйир ёфтааст. Олами набототи кӯҳ хусусан арча, шулаш, бодом, писта гиёҳҳои пиёзакдор несту нобуд мегарданд. Аз ин ҷост, ки зиёда аз 20 хели растаниҳои Хоҷамуъмин ба Китоби Сурхи Тоҷикистон дохил карда шуданд. Аз ҷумла: лола, сияҳгӯш, зира, заъфарон, пиёзи кӯҳӣ, дулонаи дарвозӣ, эремурус (ширеш) ва амсоли инҳо.
Хоҷамуъмин яке аз мавзеъҳои муҳими истироҳату сайёҳат маҳсуб меёбад. Тавре дар боло ишора шуд, намаккӯҳи мазкур манзараҳои аҷоиб ва фаромӯшнашаванда дорад. Тамошои ғорҳои намакин, манзараи қуллаҳои ҳайратангези ин кӯҳсорон ба кас рӯҳу тавоноии дигар мебахшанд. Азбаски, Хоҷамуъмин ёдгории геологӣ эълон шудааст, бояд барои он бонигоҳи (куруки) комплекси (маҷмӯъ) таъсис дода шавад.
Билоли Шамс, минтақаи Кўлоб Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ
120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони беморхонаи Кӯлоб барқарор карда шуд