Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПИРИ РАВШАНЗАМИР
Бузургмарде барҳақ панд додааст:
Ҳарчи дар оина ҷавон бинад,
Пир дар хишти хом он бинад.
Пири ботадбир, инсони равшанзамир, омӯзгори ботаҷриба, сокини деҳаи Шулубтуи Ҷамоати деҳоти Қарақамиши ноҳияи Темурмалик Сайдалӣ Бароти Кангуртӣ 92 сол дошта, соли 1929 дар рустои Саргазони ноҳияи Данғара чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аз таърих маълум аст, ки Кангурт макони шоирхез ва гурдони баору номус буд. Сайдалӣ Бароти Кангуртӣ. Ин ном аз эҳтиром ва садоқати ӯ ба Кангурти бостон миёни ҳамдеҳагон ва ин деҳоти ноҳияи Темурмалик шуҳратёр гардидааст. Агар ба зиндагиномаи ӯ дида дӯзем то синфи 8 - ум дар деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ рӯзона таҳсил карда, синфи 8-10-ро дар дабистони рақами 8-и деҳаи Кангурт (шабона) хатм кардааст. 8 сол дар ин боргоҳи маърифат (солҳои 1960-1968) ба сифати муаллими таълими меҳнат ифои вазифа карда, то соли 1982 сарвари бригадаи сохтмонии хоҷагии «Кангурт» буд. Аз зиндагии якҷоя бо ҳамсари зиндаёдаш Холмоҳ Тиллоева соҳиби 11 нафар фарзанд гардиданд, ки имрӯз фарзандони ин пири хирад дар вазифаҳои гуногун баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол содиқона ифои вазифа доранд.
Дар синни 12-солагӣ бори вазнин зиндагӣ бар дӯши Сайдалии наврас бор мешавад. Зеро модараш аз дунё мегузарад, падарашро ба баталёни коргарӣ мегиранд ва соли 1941 бародаронаш Муродалӣ ва Қувваталӣ ба ҷанг мераванд. Рӯзгори пурдаҳшат, азобу гуруснагии солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳифаҳои талхи миллати тоҷикро низ фарогир буд. Сайдалӣ Бароти Кангуртӣ барои таъмини аҳли оила бо маводи ғизоӣ ба шуғли дуредгарӣ мепардозад. Рӯзгори оиларо ба сомон меорад. Чун аз хурдӣ дар дилаш шавқу шури шеър гуфтан туғён мекард, оқибат ин шуъла фурӯзон гардид ва ӯ бо гузашти солҳо тараннумгари Ватан ба камол расид. Ин аст, ки дар шеъри «Тоҷикистон» инсонро ба дӯстдории обу хоки сарзамин даъват кардааст:
Эй Ватан, ман дӯст дорам, дашту кӯҳсори туро,
Деҳаву шаҳри базебу ҳам дилорои туро.
Шуҳратат бодо фузун дар ҳар куҷо,
Чунки ҳастӣ модари ман, дӯст медорам туро…
Эй Ватан, ҷонам туӣ, ҳам нури имонам туӣ,
Қувваю неруи ман, ҷонам туӣ, ҷонам туӣ.
Дар зодгоҳи Сайдалӣ Бароти Кангуртӣ чанд нафар бузургони аҳли сухан тарбият ёфтаанд ва аз ин миён шоир, хаттоти машҳур Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро метавон ёдовар гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки Сайдалӣ Бароти Кангуртӣ мактаби ин суханвари шинохтаро давом дода, то имрӯз ду маҷмӯаи ашъор таҳти унвони «Ҷилои шавқ» (2009), «Панди зиндагӣ» (2012) интишор намуда, пешкаши аҳли адаб гардонидааст. «Суфраи хотирот»-и Сайдалӣ Бароти Кангуртӣ соли 2019 таҳия ва нашр гардида, дар он шеърҳо дар мавзӯъҳои Ватан, Тоҷикистон, парчами миллӣ, сулҳ ва ғайра шоирона тараннум гардида, фарогири меҳру муҳаббат ба Ватан ва дигар муқаддасот мебошанд. Ин самимият дар шеъри «Қалби ман» хуб эҳсос мешавад:
Қалби ман баҳри Ватан,
Дар ҷӯш бошад доимо.
Аз барои ин Ватан,
Лозим шавад, ҷонам фидо.
Ҳар гиёҳи ин Ватан,
Дорую дармони ман аст,
Ин Ватан, ин марзу бум,
Умеду ормони ман аст.
Вай бо Ватан ифтихор намуда, худро дар оғӯши бињиштосояш осоишта, ором, мебинад ва дар ҷойи дигар мефармояд:
Бебаҳо бошад ба дунё кишварам,
Ман варо аз дилу љҷон мепарварам.
Меҳри ӯ андар дилам маъво гирифт,
Ҳамчу шири сап-сафеди модарам.
Воқеан, ҳар мисраи шеъри шоир пурмазмун, тарбиявию ахлоқӣ буда, хонанда аз мутолиаи он беҳтарин хислатҳои ҳамидаи инсониро ба худ касб менамояд.
Ин пири равшанзамир дар шеъри «Ба қадри китоб бирас» хонандаро ҳушдор медиҳад, ки китоб ягона дӯсти вафодори инсон буда, тавассути он шахс ба муроди худ мерасад ва мо бояд китобро азизу муътабар дорем.
Китоб бо мо ҳамнафас,
Ба қадри китоб бирас.
Худро нагир дар канор,
Аз китоб баҳра бардор…
Сайдалӣ Бароти Кангуртӣ ошиқ аст, ошиқи манзараҳои зебо, дилбастаи гулҳои рангоранге, ки ҳар ваҷаби сарзамини Тоҷикистони азизи моро тароватбахш гардонидааст. Хело дилчасп ба риштаи назм кашидааст, барои тақвияти суханон шеъри «Душанбе шаҳри зебо»-и шоирро мисол меорем.
Душанбе шаҳри зебо,
Шукуфта ҳар ҷо гулҳо.
Растаҳо қатор-қатор,
Аҷаб шаҳри нотакрор…
Дар ин фишурда кӯшидем то чанд шеър аз китоби «Суфраи хотирот»-и устод Сайдалӣ Бароти Кангуртӣ ёдовар шавем. Умед аст, ки хонандаи закӣ баъд аз мутолиаи китобҳои шоир ба худ ғизои маънавие пайдо хоҳад кард.

Азам МИРЗОЕВ, муовини директор оид ба корҳои таълиму
тарбияи Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР