Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Аз рӯзгори олимони ҷавон
Нақши ҷавонон дар таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол бағоят бузург буда, ҷомеа ба ин неруи ақлониву созанда эътимоду боварии комил дорад. Чун намуна зиндагиномаи як ҷавони соҳибмаълумоти меҳандӯст ва соҳибназари замонро, ки ба сифати муовини директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи махсусгардонидашуда» - и шаҳри Бохтар ифои вазифа дорад, саҳфагардон мекунем. Аъзам Мирзоев соли 1989 дар деҳаи Шайидони Ҷамоати деҳоти Сарихосори ноҳияи Балҷувон дар оилаи хизматчии давлатӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш Шариф Мирзоев солҳои зиёд ҳамчун хизматчии давлатӣ дар вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда ифои вазифа намуда, имрӯз давлати пирӣ меронад. Модараш Ҳалима Мирзоева (рӯҳаш шод бод) зани кадбонуву кушодачеҳраи хонадон ин олами фониро падруд гуфтааст.
Аъзам соли 2006 – ум муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 – и ноҳияи Балҷувонро хатм кард. Аз аввалин устодаш Азимхуҷа Розиқов ва устодони минбаъдааш як ҷаҳон самимияту миннатдорӣ баён кард, ки бо ҳидояти онҳо ва падару модари дилбандаш ба ин мартаба расидааст. Бо ихтисоси фаъолияти гумрукии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳозира Донишгоҳи молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон) – ро соли 2011 хатм карда, фаъолияти меҳнатиашро аз Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар шаҳри Душанбе ба сифати ассистент – коромӯз, ассистент муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ, муовини декан оид ба корҳои таълимӣ то соли 2015 идома бахшида, солҳои 2015 – 2016 дар Донишгоҳи молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи фаъолияти гумрукӣ ифои вазифа менамояд.
Аъзам Мирзоев аз меҳру муҳаббати бепоён бо Меҳринисо Мирзоева оила барпо намуда, соҳиби фарзанди дӯстрӯ гардиданд. Ба хотири эҳтироми номи модар духтари нозанини худро Ҳалима ном гузоштанд. Ҳамсари Аъзам бону Меҳринисо дорои ду маълумоти олӣ буда, дар коллеҷи мазкур дарс мегӯяд. Ҳампешагон аз ин ҷуфти хушбахт муваффақиятҳои эҷодию фатҳи қуллаҳои нави илму донишро интизоранд.
Аз соли 2017 то имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи махсусгардонидашуда» - и шаҳри Бохтар ба ҳайси муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбия фаъолият менамояд. Ҷавон ҳам бошад, миёни омӯзгорону донишҷӯён обрӯ ва эҳтироми хоса дорад.
Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи махсусгардонидашуда» - и шаҳри Бохтар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқдоми Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ таъсис ёфта, самти асосии фаъолияташ тайёр намудани мутахассисони миёнаи касбии соҳаи кишоварзӣ мебошад. Муассисаи зикргардида, аз факултети амнияти озуқаворӣ ва иқтисоди аграрӣ, кафедраҳои заминсозӣ ва таъминоти барқи соҳаи кишоварзӣ, ҳисоби муҳосибӣ , таҳлилу назорат ва фаъолияти тиҷоратӣ, тибби байторӣ, агрономӣ, гуманитарӣ ва забонҳо иборат мебошад. Дар ин ҷо бо ихтисосҳои фаъолияти тиҷоратӣ дар саноати комплекси аграрӣ, агрономӣ, таъмини истифодабарии техникаи кишоварзӣ, ташкили кори хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ, таъминоти барқии соҳаи кишоварзӣ, агрохимия, тухмипарварӣ ва ҳифзи растанӣ, байтор, ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат, заминсозӣ ва тибби байторӣ ва дар шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ бошад, мутахассисони системаи компютерӣ ва интернет - технология, ҳисобдор (бо донистани компютер) ҷангалбон ва устои меваю сабзавоткорро ҳамчун мутахассисони баландпоя барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тайёр менамояд. Саҳми олими ҷавону умедбахш Аъзам Мирзоев дар омодасозии мутахассисон, баланд бардоштани мақому мартабаи коллеҷи мазкур калон аст.
Ҳадафи асосии устодони ин боргоҳи ҳунар тарбияи ҷавонони навҷӯю эҷодкор дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, маданияти баланди муошират бо аҳли ҷомеа ва маҳорати баланди касбӣ бо доштани назарияи донишҳои замонавӣ арзёбӣ мегардад, ки миёни онҳо Аъзам Мирзоев мақоми хосаро дорост.
- Дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи махсусгардонидашуда»- и шаҳри Бохтар аксаран устодони ҷавону умедбахш ва омӯзгорони навҷӯву ихтироъкоре ба мисоли Аъзам Мирзоев кору фаъолият доранд. Ӯ дар остонаи ҳимояи рисолаи номзадӣ қарор дошта, бо як эътимоду боварӣ ба фардои дурахшони муассиса содиқона рисолати касбии худро идома дода истодааст, - мегӯяд директори коллеҷи мазкур Савзалӣ Амиров.
Аъзам Мирзоев дар пайравӣ аз иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ифтихори таҷлил аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ ва чорабиниҳои гуногун, санаҳои муҳими таърихӣ ва дигар мавзӯъҳои гуногуни илмию фарҳангӣ конфронсу озмунҳо ва суҳбату мизҳои мудаввар баргузор менамояд.
Бо ибтикори як зумра омӯзгорон дар ин муассисаи касбомӯзӣ ба соҳаи китобу китобдорӣ ва ҷалби касбомӯзон ба ганҷинаи пурғановати адабии бузургон маҳфилу мизи мудаввар таҳти унвони «Нури маърифат», «Ҳусни ту дар китоби туст», «Китоб дӯсти беғараз» ба роҳ монда шудааст. Омӯзгор Аъзам Мирзоев бо ҳисси ифтихори миллӣ аз ташкилу баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва нашри асари гаронарзиши аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» донишу малакаи худро сайқал медиҳад. Соли 2016 дар Донишгоҳи молия ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз курси пурраи «Маҳорати педагогӣ» ва худи ҳамон сол аз курси пурраи технологияи информатсионӣ ва ҳамчунин хатми пурраи курси махсуси педагогию иқтисодӣ дар Донишгоҳи Гентӣ Шоҳигарии Белгия соҳиби сертификатҳои гуногундараҷа гардид. Барои хизматҳои шоён дар ҷодаи омӯзгорӣ бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва сипосномаи раиси шаҳри Бохтар қадршиносӣ гардида, ҳамчун олими ҷавон муаллифи як воситаи таълимӣ ва зиёда аз 60 мақолаю фишурдаҳо мебошад.
Маҳз азму талош ва заҳмату кӯшишҳои пайвастаи чунин омӯзгорон мебошад, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи махсусгардонидашуда»-и шаҳри Бохтар дар озмуну чорабиниҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ғолибият ба даст меорад. Мавриди зикр аст, ки имрӯз коллеҷи мазкур дорои шароитҳои бозгӯи талаботи замон мебошад. Чун вилояти Хатлон калонтарин вилояти аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, барои саноатикунонии босуръати кишвар, расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ чораю тадбирҳои муҳим роҳандозӣ мегардад. Бешубҳа, дар масири расидан ба ин ҳадафҳои муҳими стратегӣ ин гуна коллеҷҳои касбомӯзӣ бо омода намудани мутахассисон нақши ниҳоят муҳим мебозанд.
- Барои расидан ба ҳадафҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як фарди ватандор аз кулли ҳамватанон даъват ба амал меорам, ки фарзандони арзанда ва мутахассисони варзидаро ба камол расонем, зеро ояндаи ҷомеа ва давлат аз неруи мо, ҷавонон вобастагӣ дорад. Барои сазовори боварии ҷомеа гардидан, мо ҷавононро мебояд, ки барои рушду нумӯи Ватани худ содиқона хизмат намоем,- бо итминон изҳор медорад Аъзам Мирзоев.
Саидзода ШЕРАЛӢ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



