Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Наврўз – дурдонае аз хазинаи тамаддун
“Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст”Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз аз куҳантарин идҳои офаридаи инсон дар рӯйи замин ба ҳисоб рафта, то ҳанӯз падидаҳои зебои бостонии худро ҳифзу нигоҳдорӣ карда, тӯли қарнҳои ҷадид аз насл ба насл вогузорӣ намудааст. Бостоншиносони шинохтаи дунё бар он ақидаанд, ки аз минтақаҳои зисти халқҳои ориётабор, ҳудуди ҳазорсолаҳои IV-II пеш аз милод, ки мавриди ҳафриётҳои бостоншиносон қарор гирифтаанд, ашёҷои зиёде ба даст овардаанд, ки аз мавҷудияти рукнҳои оини наврӯзӣ далолат мекунад. Ин бозёфтҳои олимон бештар ба шикастпораҳои сафолин, масолеҳи хоҷагӣ, ҳайкалчаҳои гуногун ва оташкадаҳо иборат буда, ба фарорасии Соли нав, яъне Наврӯз ҷамъи асбобу анҷоми хона нав карда мешуд. Бо орзую умеди фардои хуш хонавода тамоми анҷоми доштаашро иваз менамуд.
Ҷашнгирии оғози Соли нави наврӯзиро ба шоҳи чоруми сулолаи асотирии Пешдодиён – шоҳ Ҷамшед, писари Таҳмурас нисбат медиҳанд, замоне, ки ба нашъунамои маданияти ориёиҳо рост омадааст. Дар замони шоҳигарии Ҷамшед ҷашнгирии ин иди асосии ориёиҳо – Наврӯз оғоз ёфтааст ва умри онро донишмандон беш аз 6000 сол мешуморанд. Мувофиқи ривоятҳои асотирӣ Ҷамшед 700 сол ҳукмронӣ карда будааст. Маҳз дар ҳамин давра чаҳор табақаи ҷомеа ташаккул ёфтааст ва шоҳ Ҷамшед ба як воқеа алоқаманд будааст. Ихтирои аксари лавозимоти ҳарбӣ, рушди иқтисодии ҷомеа ва тақсимоти он ба табақаҳо ба ӯ тааллуқ доштааст. Навгониҳои асосии Ҷамшед аз омезиши хок, кулолгарӣ, рушди сохтмон, тавлиди илми тиб, оғози истифодаи аробаи дучарха иборат будааст. Шоҳ Ҷамшед дар давраи муайян кардани оғози Соли нав аз донишҳои ситорашиносӣ истифода мебарад ва оғози соли навро 21-уми моҳи март муқаррар менамояд. Яъне соли нави наврӯзӣ асоси илмӣ дорад – илмҳои ситорашиносӣ ва табиатшиносӣ.
Куруши Кабир (550-530 п.а.м.) Наврӯзро дар соли 538 (п.а.м.) бо маншури махсуси худ ҷашни миллӣ эълон кард. Вай дар ин рӯз чунин корҳоро иҷро медод: рутба додан ба сарбозон, поку тамизу озода намудани маскану маконҳои ҳамагонӣ, хонаҳои хусусӣ, афви зиндониён. Дар замони Дориюши Бузург (522-486 п.а.м.) маросими Наврӯз дар “Тахти Ҷамшед” мутантану пуршукӯҳ ва бо як арҷгузории вижа сурат мегирифт. Дар сангнавиштаҳои мерос аз даврони Ҳахоманишиён ба таври мустақим ишорае дар бораи баргузории ҷашнвораи Наврӯз нашудааст, аммо пажўњишҳои бостоншиносону муаррихон ва уламои дигар риштаҳо собит мекунанд, ки Ҳахоманишиён бо ҷашни Наврӯз ошно буданду онро бошукўҳ барпо мекарданд. Дар даврони Ҳахоманишӣ, ҷашни Наврӯз дар фосилаи миёни 21-уми Исфанд то 19-уми Урдубиҳишт баргузор мешуд.
Дар замони ҳукмронии Ашкониёну Сосониён ҷашнҳои зиёд ва гуногуне дар тӯли як сол баргузор мешуд, ки муҳимтаринашон Наврӯз ва Меҳргон ба шумор мерафт. Ҷашни Наврӯз барои мардум ва шоҳон азизу муътабар буд. Ин аст, ки Хусрави Анушервон дар муддати даҳ рӯзи ҷашни Наврӯз сафири императори Румро ба мулоқот напазируфт.
Яке аз хусусиятҳои Наврӯз он аст, ки ин идро аз шаҳр берун – дар ҷойҳои кушод, теппаҳо, деҳаҷойҳо, яъне дар табиат қайд менамуданд. Дар рӯзҳои иди Наврӯз ҳама сайругашт, аловпарак, обшапак мекарданд.
Аз замонҳои пеш то ба имрӯз дастархони наврӯзиро бо ҳафт намуд хӯроки бо ҳарфи “син” – сабзӣ (сабза), себ, сирко, санҷид, сумах (барбарис), сир, суманак ва бо ҳарфи “шин” – шамъ, шароб, шакар, шир, ширинӣ, шарбат, шира (сироп) меоростанд.
Ҳаким Умари Хайём дар “Наврӯзнома”–аш сабаби Наврӯз ном ниҳоданро чунин шарҳ медиҳад, ки дар ҳақиқат Офтоб дар хати ҳаракати худ (эклиптика) аз 12 бурҷ: Ҳамал, Савр, Ҷавзо, Саратон, Асад, Сунбула, Мизон, Ақраб, Қавс, Далв, Ҷадӣ, Ҳут мегузарад ва ҳаракати Офтоб 365 рӯзу 5 соату 48 дақиқаю 24 сонияро ташкил мекунад. Ҳамон рӯзу ҳамон вақт, ки ба бурҷи Ҳамал ворид мешавад, ин ба рӯзи аввали моҳи Ҳамал баробар аст ва ҳамин рӯзро Наврӯз гуфтаанд:
Ибтидои Ҳамал зи Наврӯз аст,
Ёд дораш, ки сиву як рӯз аст.
Ва ин фикрро байти Ашрафии Самарқандӣ тақвият медиҳад, ки
Чу ояд ба сӯи Ҳамал офтоб,
Ҷаҳонро шавад тоза аҳди шубоб.
Дар ситоиши Наврӯз Одамушшуаро Рӯдакӣ, ҳамосаофарин Фирдавсӣ, маънигустар Хайём ва волисуханон Фаррухию Манучеҳрӣ, лисонулғайб Ҳофиз, Ҷомиву Бедил ва дигарон ашъори баланду дилписанд гуфтаанду ҳадиси Наврӯз боз ҳам идома дораду хоҳад дошт.
Наврӯз вожаи мураккабест, ки аз ду ҷузъ “нав” ва “рӯз” ташкил ёфтааст ва ҳамон гуна, ки дар луғати форсӣ ифодаи маъно мекунад, мафҳуми “рӯзи нав” аз он бармехезад ва бар нахустин рӯз моҳи соли хуршедӣ тааллуқ мегирад. Дар ин рӯз, он гоҳ ки офтоб бар бурҷи бара интиқол меёбад ва фасли баҳор оғоз мегардад, рӯзи наве аз соли ҷадид низ шурӯъ мешавад. Асли паҳлавии ин вожа “нук руҷ” ё “нӯк рӯз” будааст (Ризо Шаъбонӣ. Одоб ва русуми Наврӯз, Душанбе, 2001, с.43).
Аз ривоятҳо ва дигар далелҳои аз забон ба забон расидани мардумӣ метавон хулоса кард, ки ҷашни Наврӯз ҳанӯз аз ибтидои пайдоишаш ба ягон дину мазҳаб робита ва пайванде надошт. Воқеияти пайдоиши он бевосита аз табиат, падидаҳои марбут ба он, аз ҷумла заминдорӣ марбут буда, то ба имрӯз ин падидаҳо асолати худро аз даст надодаанд.
Хӯрокҳои анъанавии Наврӯзӣ аслан аз ғизоҳоянд, ки аз маводи ғалладона пухта мешаванд. Дар ноҳияи Ҳисор аз орди гандум, нахӯд, лӯбиё, райҳон, пудина, шулха ва ғайраҳо гандумкуча мепазанд, дар Кӯлоб далда, дар Бадахшон кашк ва боҷ, дар Панҷакент куча, дар Шаҳринав оши куча ва ғайраҳо мепазанд.
Дар айёми Наврӯзӣ мардумон ҷашни баҳорро дар боғу чаманҳо, лаби чашмаву рудхонаҳо, ки бо номи “идгоҳ” ва ё “сайргоҳ” маъруф буданд, таҷлил мекарданд. Ин гуна зодгоҳҳо дар Самарқанд мавзеи Оби Раҳмат, дар Бухоро–Чашмаи Аюб, дар Кӯлоб–Тамошотеппа, дар Ҳисору Хуҷанд, Истаравшану минтақаи Қаротегину Бадахшон навоҳии дигар дар лаби рудхонаҳо ва атрофи чашмаҳои маъруфу ҷойҳои хушбоду ҳаво интихоб шуда буданд (Мирраҳим М. Ҷашни Наврӯз, Теҳрон,1999,с.105).
Таърих шаҳодат медиҳад, ки мардуми ориёнажод аз қадим мардуми соҳибтамаддун буданд ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашну маросимҳои худ хусусан ҷашни Наврӯз мекӯшиданд ва Наврӯзро ба маънои “рӯзи нав”, “фарорасии баҳори хуррам”, “зиндашавии табиат”, “оғози кишту кор”, “баробаршавии шабу рӯз” мешумориданд.
Таърих ифодакунандаи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии инсоният аз қадим то ба имрӯз мебошад ва мо мардуми эронитабор ба фарҳанги бою пурғановати аҷдодонамон ифтихор мекунему дар роҳи ҳифзу густариши он талош меварзем.
Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва қадршиносӣ нисбати фарҳангу тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик барои ҷаҳонӣ гардидани ҷашни Наврӯзи Аҷам, бо якҷоягии давлатҳои Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон ба Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод кард ва ин пешниҳод мавриди пазироӣ қарор гирифт ва дар таърихи 23 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Қатъномаи генералии СММ, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, Ќатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид. Дар қарорнома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад. Боиси хушнудист, ки баъди қабули Ќатънома давлатҳои бисёре ин ҷашнро таҷлил намуда истодаанд. Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баргузор намудани ҷашни Наврӯз ду масъулиятро ба уҳда дорад: якум, ҳамчун давлати соҳибҷашн, дуюм, ин ки ҳамчун субъекти байналхалқӣ ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил намудани он талош меварзад.
Бо ҳамин боз як ҷузъи муҳими тамаддуни мардуми форсзабон ва онҳое, ки ба Наврӯз робитаи бевосита доранд, ҳамчун дурдона ба хазинаи тамаддуни умумиҷаҳонӣ ворид гардид.
Давлаталӣ АЛИМОВ,
доктори илмҳои таърих,
мудири кафедраи таърихи умумии
ДДБ ба номи Носири Хусрав

Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД