Бойгонӣ

Матбуот – оинаи зиндагӣ

Ҳамасола 11 - уми март дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи матибуоти тоҷик таҷлил мегардад. Ба муносибати 109-солагии матбуоти тоҷик дар Идораи  телевизиони вилоят намоиши идона ва ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардида, ғолибони озмуни вилоятии «Неруи сухан» қадршиносӣ гардиданд.
  109 сол мешавад, ки баъди интишори аввалин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Бухорои Шариф» матбуот хизматгузори халқу меҳан аст. Матбуоти тоҷик роҳи печ дар печ ва пуршарафро тай намудааст.
   Ба шарафи иди матбуоти тоҷик дар Идораи телевизиони Хатлон намоиши идонаи рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ баргузор шуд. Зимни боздид аз намоишгоҳи идонаи рӯзномаю маҷаллаҳо раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ҳар як рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва вилоятӣ таваҷҷуҳ намуда, бо сармуҳаррири нашрияҳо аз наздик суҳбату мулоқоти судманд анҷом дод ва баҳри пешравии корашон дастуру ҳидоятҳои муфид пешниҳод намуд. 
    Ҷамъомади тантанавиро ба шарафи Рӯзи матбуоти тоҷик муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ифтитоҳ намуда, аз нақш ва мақоми матбуот, журналистон дар таҳкими давлатдории миллӣ, пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлолӣ андеша баён кард. Дар назди аҳли қалам раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо маърузаи таҳлилӣ баромад кард. Ӯ дар оғоз дар симои намояндагони ВАО тамоми журналистон ва сокинони вилоятро ба 109-солагии матбуоти тоҷик самимона шодбош гуфт. Нақши рӯзноманигорон, журналистони телевизион ва радиоро дар пешрафти Тоҷикистон, таҳкими давлатдории миллӣ, пос ва эҳтиром доштани арзишу муқаддасоти миллӣ арзанда арзёбӣ дошт. Имрӯз бузургони ин миллат матбуотро чашму гӯши халқ, солномаи таърихи миллат арзёбӣ дошта, нақши журналистонро дар ҷомеа дар замони бархурди фикру ақоиди гуногун, ҷаҳони пуртазод муҳим баҳогузорӣ кард. Таъкид шуд, ки имрӯз дар вилоят чор шабакаи телевизионӣ, 48 номгӯи рӯзнома ва панҷ номгӯи маҷалла дастраси мардум гашта истодааст. Аҳли қалам ҳамдаму ҳамнафаси  мардуманд. Дар рӯзҳои душвори хуруҷи бемории хатарзои COVID – 19, таҳдиди хатари беморию гуруснагӣ журналистон бо мардум буданд. Онҳоро ба солим нигоҳ доштани худ ва аҳли оила, захираи маводи ғизоӣ, ватандорию ватандӯстӣ ҳимоятгар буданд. Аз нигоҳи дигар рӯзномаю расонаҳои иттилоотиро зарур аст, ки аз умумигӯию такрори маънӣ ба куллӣ даст кашида, сухани нав бигӯянд. Сиёсати давлатдориро ҳамаҷониба ташвиқ намуда, дастовардҳои ҳамватанонро васеъ тарғиб карда, муаррифгари миллати худ бошанд. Барои зиёд намудани теъдоди нашри рӯзномаю маҷаллаҳо талош варзанд, таҳлилу танқиди беғараз, асоснок ва созанда намоянд. Бештар аҳли меҳнат, инсонҳои оддиро тарғиб кунанд.
 Озмуни «Эъҷози Истиқлол», ки тибқи қарори раиси вилояти Хатлон дар рӯзҳои таҷлил аз 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад, ба хотири тарғиби дастовардҳои соҳибистиқлолии Ватан мебошад. Ҳамчунин таъсиси ҷоизаи вилоятии «Соҳиб Табаров» ба олимон ва мунаққидон ҳар сол тақдим карда мешавад. Раиси вилоят пешниҳод намуд, ки ба номинатсияи озмуни «Неруи сухан» минбаъд «Беҳтарин наворбардор, беҳтарин саҳифабанди рӯзнома, беҳтарин котиби матбуотӣ» илова гардида, собиқадорони хизматнишондода дар соҳаи матбуот ва телевизион қадршиносӣ гарданд. Падидаи тибқи қарори раиси  вилояти Хатлон таъсиси Шӯрои ВАО барои мусоидати ҳамоҳангсозии Шӯро бо дигар ташкилот ва ВАО заминаи мусоид фароҳам меорад.
 Шарофат Отаева ва Муҳаррами Сорбонзод сазовори ҷоизаи ба номи «Шамсиддин Шоҳин» гардиданд.
 Ҷоизаи «Носири Хусрав» дар соҳаи наср бошад ҳам, ба касе дода нашуд, зеро асарҳои пешниҳодшуда ба талабот ҷавобгӯ набуданд.
 Ҷоизаи навтаъсиси ба номи «Соҳиб Табаров» шаҳодатнома ва панҷ ҳазор сомонӣ барои китоби «Соғари Саҳбо» ба фарзанди устоди зиндаёд Ҳасани Муродиён такдим гардид.
  Ба озмуни «Неруи сухан» 68 довталаб 400 мавод пешниҳод карда буданд. Аз рӯи номинатсияи пешниҳоди мақолаи таҳлилӣ, беҳтарин барномаи телевизионӣ, беҳтарин барномаи радиоӣ, беҳтарин рӯзномаи шаҳрию ноҳиявӣ, беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ, беҳтарин лавҳаи телевизионӣ  ва ҳунарӣ, беҳтарин сомонаи интернетӣ ғолибон бо Сипосномаи  раиси вилояти Хатлон ва аз 500 то  1500 сомонӣ қадршиносӣ шуданд. Як гурӯҳ масъулини матбуот, собиқадорони соҳа ва ҷавонон бо Сипосномаи раиси вилояти Хатлон ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо нишони сарисинагии «Аълочии матбуоти тоҷик» қадр гардиданд. Дар ин радиф як гурӯҳ журналистони дигар бо нишони «Аълочии матбуот», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», медали «Садсолагии матбуоти тоҷик» ва гурӯҳи дигари журналистон бошад, бо Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сазовор шуданд. Дар поёни ин ҳамоиш шоирони халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ, Ҳақназар Ғоиб, собиқадори матбуоти тоҷик Давлат Султон баромад карда, бори дигар аз рисолати журналист дар ҷомеа андеша баён карданд. Ин рисолат рисолати ватандорист. Таклиф ба миён оварда шуд, ки дар маркази вилоят хонаи матбуоти вилоят бунёд гардад ва бо гузоштани лавҳа ба хотири 20 нафар журналистони шаҳид рӯҳи онҳо шод гардонида шавад.
           Саидзода Шералӣ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019