Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ситорае дар айни зуҳур
Қубодиёни куҳандиёр бо фарзандони некному номбардори Ватан, кишоварзони заҳматкашу ҳунармандону косибони хушсалиқааш дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ маълуму машҳур аст. Чун фарзандони асили ин диёри бостонӣ дар ҷодаҳои гуногуни хоҷагии халқ заҳмат кашида, саъю талош доранд, ки бо дастоварду комёбиҳои меҳнатиашон нуфузу обрӯи сарзамини аҷдодии худро баланд бардоранд.
Муштарӣ Бобогулова, як тан аз зодагони ин диёри бостонист, ки ҳамакнун дар ҷодаи варзишгарӣ гомҳои нахустин мегузорад, назди худ мақсад гузоштааст, ки чун дигар қаҳрамонони риштаи варзиши кишварамон Дилшод Назарову Мавзуна Чориева парчамбардори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бошад. Бо ҳамин азму мароми устувор Муштарӣ баҳри расидан ба қуллаи мақсуд пайваста саъю талош дорад.
Ӯ ҳамагӣ ду сол мешавад, ки ба варзиши сабук ҷиддӣ машғул шудааст. Аммо Муштарӣ бо нишондиҳандаҳои худ дар ҳаво додани диск таваҷҷуҳи устодони ин риштаи варзишро ба худ ҷалб намудааст. Нахустин қадамҳои ӯ баҳри ширкат дар мусобиқаҳои сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ буд, ки дар соли сипаригардида бо дастовардҳои шоёни таҳсинаш дар намуди варзиши сабук дискпартоӣ ӯ ба унвони «Варзишгари беҳтарини сол» дар вилояти Хатлон эътироф гардида, сазовори туҳфаҳои раиси вилояти Хатлон гардид.
Муштарӣ Бобогулова солҳои 2019-2020 дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук, дар намуди ҳаво додани (диск) лаъличапартоӣ) иштирок намуда, дар ҳамаи ин мусобиқаҳо сазовори ҷойи аввал гаштааст. Аз натиҷаҳои варзишии ӯ бармеояд, ки дар ин синну сол ва доираи ҳамсолону ҳамвазнонаш аз ин намуди варзиш ягон варзишгаре ба вай баробар шуда наметавонад. Зеро дар қиёс нисбат ба ҳарифонаш афзалияти хеле ҳам фарқкунанда дорад. Дар мисоли охири мусобиқаи лаъличапартоӣ агар дигар иштирокчиёни мусобиқа дискро ба масофаи 25- 26 метр ҳаво дода бошанд, пас Муштарӣ Бобогулова лаъличаро то масофаи 35-37 метр ҳаво додааст.
-Ин дар ҳолест, ки бинобар натиҷаҳои баландаш дар ин намуди варзиш ӯ дар баъзе мусобиқаҳо нисбат ба гурӯҳи писарон ҳам нишондиҳандаҳои баланд дорад, - мегӯяд Дилшод Азимов, мураббии Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Хатлон.
Муштарӣ Бобогулова дар баробари варзиш ба илму донишандӯзӣ низ таваҷҷуҳи зиёд дорад. Ӯ соли 2017 тариқи имтиҳонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дохил гардида буд. Баъди як соли донишҷӯӣ тариқи гузариш таҳсилро дар факултаи химия-биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав идома дода, феълан донишҷӯи курси сеюми донишгоҳи мазкур мебошад.
- Ба варзиш аз овони мактабхонӣ майлу рағбат пайдо намуда, қаблан дар муҳити хонаи худамон машқу тамрин мекардам. Азбаски дар рустоҳои дурдаст, кам ба назар мерасад, ки духтарон ба ин ё он навъи варзиш машғул бошанд, баъзан истеъдодҳои наврас аз миёни духтарбачаҳо аз мадди назари устодони варзиш дур мемонанд. Шахсан вақте дар донишгоҳ ба гурӯҳи волейболбоздухтарон шомил шудам, зимни мусобиқаву тамринҳо устодон чусту чолокӣ ва дигар зарфиятҳои ҷисмонии маро дида, маслиҳат доданд, ки ба варзиши сабук ҷиддӣ машғул шавам,- ба хотир меорад айёми наврасиро Муштарӣ.
Бо мурури иштирок дар машқу тамринҳо мураббиёни Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Хатлон дар симои ӯ варзишгари ояндадореро мебинанд, ки дар сурати дастгирӣ ёфтан, метавонад дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳам парчами Тоҷикистонро боло бардорад. Зеро, ки новобаста аз синни ҷавону оғози тамринҳояш дар ин ҷода нишондиҳандаҳои Муштарӣ ба меъёрҳои иштирок дар олимпиадаҳо баробар аст. Тавре устодонаш изҳор медоранд, айни замон натиҷаҳои нишондодаи Муштарӣ дар риштаи варзиши сабук ба нишондиҳандаҳои варзишии беҳтарин варзишгарони Ҷумҳурии Қазоқистону дигар ҷумҳуриҳо баробар аст. Муштарӣ бо ворид гардиданаш ба арсаи варзиш ситораи айни зуҳурро мемонад, ки бо дастгирӣ ёфтанаш тобонтару дурахшон мегардад. Тавре мураббии Муштарӣ Дилшод Азимов иброз дошт, барои дастгирии ин варзишгари умедбахш стипендия таъйин гардидааст.
Ҳамин тавр, бо умеди комёбиву музаффариятҳо дар мусобиқаҳои ояндаи байналмилалӣ имрӯзҳо Муштарӣ Бобогулова омодагии ҷиддӣ дида истодааст. Ба гуфтаи мураббиёни ин навъи варзиш агар Муштарӣ имконияти тамрин бо мураббиёни дараҷаи байналмилалии ин намуди варзишро пайдо кунад, бешубҳа дар оянда, ба муваффаққиятҳои бузург ноил мегардад.
Зарфиятҳои фавқулодаву маҳорати волои Муштарӣ аз муҳити хонаводаву диёри бостонии Қубодиён маншаъ мегирад. Ӯ дар муҳити як оилаи солиму хушбахте тарбияву ба воя расидааст, ки зодмандонаш фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстию арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ ба камол расонидаанд. Падараш Бобогулов Ҷурамурод роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобогулов Ҷасурбек», модараш Зоирова Мақсуда собиқ омӯзгори мактаб буда, аз 7 нафар фарзандони хонадон панҷ тан духтар ва ду писар мебошанд. Азбаски Муштарӣ духтари хурдии ин оила буд, дар бештар мавридҳо падараш ӯро ҳамроҳи худ ба саҳро сӯи марзҳои хоҷагии деҳқониашон мебурд.
- Дар хурдӣ хулқу атвори писарбачаҳо писандам буд. Бинобар ин, ҳамеша кулоҳ ба сар, сарулибоси хоси писарон пӯшида, дар курсии пеши мошини падарам менишастам,- аз овони кӯдакиҳо қисса мекунад Муштарӣ. – Чолокиву зеҳни тезамро мушоҳида намуда, падарам ба ман тарзи идора кардани мошинро омӯхта буд, аммо ба ҳеҷ гоҳ иҷозат намедоданд, ки дар синну соли ноболиғ буданам сари чамбараки мошин нишинам. Бинобар ин баъзан мавсими тобистон, ки дар нисфирӯзӣ ҳама истироҳат мекарданд, ман бо баҳонаи мошиншӯӣ мошинро аз хона бароварда, гирди деҳа чарх мезадам. Ҳамин тавр, бо гузашти солҳо аз мошинсавориву дигар шуғлҳои хоси бачагон обутоб меёфтам, ки ин барои омодагиам ба мусобиқаҳои варзишӣ нақши ниҳоят муҳим гузошт.
Муштарӣ орзу дорад, ки дар оянда дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат намуда, чун дигар варзишгарони машҳури кишварамон номбардори Ватан дар арсаи дунё бошад. Бо ҳамин орзуву ҳадафҳои бузург Муштарӣ пайваста машқу тамрин намуда, ба мусобиқаҳои дарпешистода омодагӣ мегирад. Ҳамчун намояндаи насли ҷавони Тоҷикистон хоҳони он аст, ки ҳамсолонаш неруву тавоноии худро ба корҳои неку ояндасоз бахшида бошанд.
Бо вуҷуди таҳсил ва машқу тамринҳо ӯ барои мутолиаи адабиёти бадеӣ вақт ҷудо намуда, аз қироати рубоиҳои Умари Хаём баҳрабардорӣ мекунад.
Бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз бо баҳои хубу аъло таҳсил дошта, барои иштирок дар мусобиқаҳои оянда омодагии ҷиддӣ мебинад. Зеро ғолибият дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонро ҳадафи асосии худ дар зиндагӣ мешуморад. Ҳамчун намояндаи насли ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлол аз он ифтихор дорад, ки ҷавонони кишвари мо ба дарки масъулияти муҳими ватандорӣ мутаҳҳид гардида, баҳри ободиву шукуфоии ояндаи Тоҷикистон бо майлу иродаи шикастнопазир ҷидду ҷаҳд хоҳанд намуд.
САФО
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД