Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДУХТАРЕ АНДАР МИЁНИ КИШТЗОР...

- Нафосати табиат, рангорангии зиндагӣ ва шуълаи ишқ дар тахайюл маро нимашаб ба қаъри дарёи пурэъҷози сухан мебарад, то шеър гӯяму онро рӯи авроқи сафед орам, – мегӯяд Малоҳат Толибова, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.
Ӯ соли 2019 аз рӯи номинатсияи- шоирӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва соли 2020 дар даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи шоирӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гашт.
Малоҳат дар мактаб аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ва алифбои ниёгон дарс мегӯяд. Ин бонуи хушгуфтор аз овони хурдӣ шеър менавишту онро ба таври худ бо оҳанг месуруд. Ба девони ғазалиёти Саъдию Хоҷа Ҳофиз, Камолу Ҳилолӣ ва Лоиқ мароқи зиёд дошта, эҷодиёти онҳоро пайваста мутолиа менамуд. Маҳз ҳамин меҳру муҳаббати шеърдӯстию шеърнависӣ буд, ки тақдир ин духтараки навҷӯю хушзавқи деҳотиро соли 2007 ба шаҳри Душанбе бурд. Баъд аз хатми риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо рӯзномаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию адабӣ муддате ҳамкорӣ намуда, оид ба мавзӯъҳои мубрам мақолаҳои пурмуҳтаво ба нашр мерасонд.
Чакидаҳои ӯ саршор аз тараннуми ватандорӣ аст. Ашъори Малоҳат Толибова бештар ба падару модар, диёру миллат ва зиндагии осоишта, хуррамию сарсабзӣ ва ишқи поки инсонӣ бахшида шудаанд. Зеро Малоҳат дар доираи илму адаб ба воя расида, падараш ӯро ҳамеша ба донишомӯзӣ ҳидоят намудааст.
-Зодрӯзи модарам буд, мехостам туҳфаи муносибе барояш омода кунам, зеро ӯ сазовори ҳамагуна ҳадяҳо ва меҳрубониҳост,- мегӯяд Малоҳат. - Қалам ба даст гирифтаму аввалин бор дар васфи модарам эҷод кардам:
Шукуфтанҳои гулро дида, ёдат мекунам модар,
Садои булбулон бишнида, ёдат мекунам модар.
Чу дарёе, ки он аз чашмаҳо тавлид меёбад,
Зи арши кӯҳҳо шорида, ёдат мекунам модар.
Маро гӯянд гар рӯзе, ки мисли модарат ҳастӣ,
Зи номи поки ту нозида, ёдат мекунам модар.
Агар донам, ки рӯзе қадри номатро намедонанд,
Зи дасти нокасон ранҷида, ёдат мекунам модар.
Гули гулдони ту дар тоқи хони ман шукуфон аст,
Ман он гулро ҳамебӯйида, ёдат мекунам модар.
Агар рӯзе вуҷудам бенасиб аз як дуо монад,
Ба роҳи зиндагӣ бозида, ёдат мекунам модар.
Аё модар, ту ҳастӣ, ки бароят шеър мегӯям,
Азизи қалбу нури дида, ёдат мекунам модар.
Чу дарёе, ки он аз чашмаҳо тавлид меёбад,
Зи арши кӯҳҳо шорида, ёдат мекунам модар.
Маро гӯянд гар рӯзе, ки мисли модарат ҳастӣ,
Зи номи поки ту нозида, ёдат мекунам модар.
Агар донам, ки рӯзе қадри номатро намедонанд,
Зи дасти нокасон ранҷида, ёдат мекунам модар.
Гули гулдони ту дар тоқи хони ман шукуфон аст,
Ман он гулро ҳамебӯйида, ёдат мекунам модар.
Агар рӯзе вуҷудам бенасиб аз як дуо монад,
Ба роҳи зиндагӣ бозида, ёдат мекунам модар.
Аё модар, ту ҳастӣ, ки бароят шеър мегӯям,
Азизи қалбу нури дида, ёдат мекунам модар.
Малоҳат Толибова дар арафаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” маҷмӯаи шеъру ғазал, рубоию дубайтӣ ва достонҳояшро бо номҳои “Резаашкҳо” ва “Сипоси меҳр” ба нашр расонид, ки фарогири мавзӯъҳои гуногун мебошанд. Ҳоло ӯ дар тараддуди чопи боз як китоби наваш аст, ки ният дорад номи онро “Фурӯғи субҳи доноӣ...” гузорад.
Вай иброз менамояд, ки озмуни номбурда дар ҳақиқат таконбахши маънавиёти халқ буда, садҳо наврасону ҷавонон ва ҳатто калонсолонро ҳам ба майдони илму адаб овард. Ин аст, ки аз ҳар вақта дида, бештар имрӯз хурду бузург ба китобхонӣ майлу рағбат намуда, бо донишу малака ва бардоштҳои адабии худ ба дигарон низ ғизои маънавӣ бахшида истодаанд.
Ба гуфтаи Малоҳат баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” як инқилоби бузурги фарҳангӣ буд. - Мо бори дигар ба ҷаҳониён ҳушдор додем, ки ворисони Ҳофизу Саъдӣ, Ибни Синою Фирдавсием. Аз мактаби бузурги онҳо панд гирифтаем, - бо ифтихор таъкид менамояд Малоҳат.
Ин духтараки хушбаён мегӯяд, ки дар даври ҷамъбастии озмун устодони сухан, шоирону нависандагон бахусус аъзои ҳакамон достони “Деҳқондухтар”-и ӯро маъқул дониста, ба мазмуну муҳтавои он баҳои хуб доданд.
Духтаре андар миёни киштзор,
Аз саҳар то нимаҳои шоми тор.
Бо дили саршори илму маърифат,
Кор мекард ҳамчу фарди бурдбор.
Доимо ҳамрози хоки сард буд,
Дар дили покаш ҳазорон дард буд.
Ҳамраҳаш бутричаи об дар бағал,
Зери лаб мехонд ӯ садҳо ғазал.
Аз саҳар то нимаҳои шоми тор.
Бо дили саршори илму маърифат,
Кор мекард ҳамчу фарди бурдбор.
Доимо ҳамрози хоки сард буд,
Дар дили покаш ҳазорон дард буд.
Ҳамраҳаш бутричаи об дар бағал,
Зери лаб мехонд ӯ садҳо ғазал.
Малоҳат Толибова китобро муқаддас дониста, қадру манзалати онро воло мешуморад. Ӯ дар тавсифи каломи бадеъ аз суханрониҳои Сарвари муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид мекунад, ки китоб бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст.
Имрӯз бону Малоҳат дар дабистон ҳамчун шамъ ба қалби толибилмон нур мебахшад ва онҳоро низ дар масири худ таълиму тарбия дода, бо сад орзую ниятҳои нек мепарварад.
Малоҳат Толибова аз он меболад, ки эътибори китобу китобхон дар ҷомеа баланд асту ӯ бо килки сабзи худ васфи ободию шукуфоӣ ва тинҷию амонии меҳанро мекунад. Ин бонуи хирад орзуи онро дорад, ки ба бахти ӯву ҳамдиёрон Тоҷикистони азиз доимо тараққӣ кунаду ҷаҳониён боз ҳам ба тамаддуну сулҳофариямон қоил бошанд.
Амонулло БАХТИЁРЗОДА
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ