Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Модар – сафои зиндагӣ
Модарро пас аз Парвардигор дувумин офарандаи инсон мешуморанд. Зеро аз лаҳзаи эҳсоси модар будан, ӯ ҳама ҳастии худро ба ояндаи фарзанд бахшида, ба хотири ӯ зиндагӣ хоҳад дошт. Модар бо тифли офаридааш хонаро мунаввару ба қалбҳо хушнудиҳои беназир меорад. Заҳмату нақши ҷовидонаи модар дар ҳаёти инсонҳост, ки ҳузури модар таскиндиҳандаву нусратбахши рӯҳияи мо фарзандон аст. Офаридӣ ту маро, то зи ҷаҳон баҳра барам,
Баҳра бурдан зи ҳама баҳру барам ҳадяи туст.
Дар ситоиши зан- модар ҳарчанд волотарин суханҳо, шеъру рубоиҳои бешумор гуфтаанд, аммо дар мавзӯи модар чун арзиши муқаддас ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар боқӣ мемонад. Ин аст, ки мо андар симои зан –модар тимсоли ҳусни дилнишину зебоипарастӣ, шуҷоату далерӣ, кадбонуи ҳунарманду неруи озодманишу адолатпарварро тасаввур менамоем.
Фарзанд неъмати илоҳист ва аз лаҳзаи ба дунё омаданаш ба меҳр, навозиш, муҳаббат, шири сафед, аллаи дилнишини модар ниёз дорад, ки модар ҳамаро барояш бо сад орзуҳои нек эҳдо мекунад. Эҳдо мекунад, то нахли умеду орзуҳояш ба камол расад, орзу мекунад, то навниҳоли орзуҳояш сарсабзу дар нумӯ бошад. Дасти дуои модар ҳамеша ба хотири ниёиши фарзандон аст, то насли барӯманди ӯ фарди худогоҳу мояи ибрати мардумон бошад. Маҳз ҳамин пайвастагии ногусастании орзуву ниёишҳои модар ва ранҷу заҳмати шабонарӯзии ӯ дар тарбияи фарзанд аст, ки инсони комил дар тӯли зиндагии хеш назди модар ва меҳани худ қарзи фарзандиро эҳсос намуда, мекӯшад то ин ки идомадиҳандаи вазифаҳои муқаддасу рисолати ҳаётии модар ва аҷдодони худ бошад. Яъне, дарку эҳсоси ин арзишҳои муқаддас дар ниҳоди инсон аз шири поку тарбияи маънавии модарон маншаъ мегирад.
Бо фарорасии фасли баҳору мавсими шукуфтанҳо, ки ба арафаи таҷлил аз рӯзи модарон рост меояд, месазад аз як тан офарандагони инсоният ва зебоиҳои ҳаёт аз модари бузургворе ба мисли Саодат Қаюмова мисол биёварем, ки имрӯз дар ҳалқаи фарзандони солеҳу дар рӯҳияи инсондӯстию ватанпарварӣ тарбия бинмудааш давлати пирӣ меронад.
Модари азиз Саодат соли 1947 дар як хонаводаи маърифатпарвари шаҳри бостонии Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
- Дар овони наврасӣ мо чунин андеша надоштем, ки ҳоло хурдсолему баъдан, ки ба камол расидем, он вақт ҳунар хоҳем меомӯзем. Ин буд, ки ба мисоли модарам нонпази моҳиру дорандаи дигар ҳунарҳои беназири мардумӣ шудан, аз орзуҳои кӯдакии ман буд,-ҳароратангез аз айёми наврасиҳои худ қисса мекунад Бибӣ- Саодат.
Ин зани зебову чеҳрахандонро бо хушгуфториву қиссапардозиҳои дилнишин ва ҳисси зебопарастиҳояш ҳамагон дар маҳалла дӯст медоранду эҳтиромаш менамоянд. Ҳар суханаш панд асту рафторҳои накуяш намунаи ибрат барои ҷавонон. Саодат Қаюмова модари 7 духтару 1 писар, бибии меҳрубони 18 набераву 8 абера ба ҳисоб рафта, ҳамеша даст ба дуои нек нисбати наслҳои тарбиянамудааш зисту зиндагонӣ дорад. Бо шукргузорӣ ва қаноатмандӣ аз сарнавишти хеш худро хушбахт мепиндорад, ки барояш тарбияву ба воя расонидани фарзандони соҳибмаълумоту ватандӯст муяссар гардидааст. Ҳамакнун дар синну соли бознишастагӣ ҳам субҳу шом ба хотири тинҷию осудагии Тоҷикистони азиз ва тансиҳативу пешрафту дастовардҳои наслҳои имрӯза даст ба дуо мебошад.
Зиҳӣ модар, офарандаи инсону сарчашмаи ҳама офариниш!
Махфират ШОИМОВА
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД


