Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОҒОЗИ ТОЗАКОРИҲО
Баҳор. Бо фарорасии ин фасли дилангезу муждаовари эҳёву зебоиву сарсабзиҳои олам, ки инсоният онро бесаброна интизорӣ мекашад, вақт ва табиати сеҳрангези диёр барои мо, мардуми шарифи Тоҷикистон, паёми гармиву нуру сафо меорад. Бахусус, баҳори имсола фарқкунандаву пурсафо асту накҳату таровати дигар дорад. Тавре ҳамагон огаҳӣ дорем, аз оғози соли ҷорӣ дар кишвари мо сироятшавии сокинони бемории ҳамагири КОВИД-19 ба қайд гирифта нашудааст, ки ин натиҷаи тадбирҳои муассири Роҳбарияти олии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ аз ин беморӣ мебошад.
Бо фарорасии фасли баҳор дар қатори дигар орзуву ормонҳои наврӯзии хеш умед бар он мебандем, ки дигар хотираҳои аз мавсими баҳори соли гузаштаро, ки мардум дар ташвишу таҳлука ва тарсу ваҳми хуруҷи вируси сирояткунанда ба сар мебурданд, барои ҳамешагӣ фаромӯш намоем.
Хушбахтона, соли 2021 барои мардуми Тоҷикистон соли воқеан ҳам муҳиму таърихист. Зеро имсол мо ҷашни фархудаи миллат- 30-солагии Истиқлоли кишварро истиқбол менамоем, ки ба ин хотир кулли сокинони шарифи Тоҷикистон омодагии ҳамаҷонибаву ҷиддӣ дида истодаанд. Дар вилояти Хатлон, ки калонтарин вилояти кишвар ва ҳам истеҳсолкунандаи мазсулоти кишоварзӣ маҳсуб меёбад, барзгарони вилоят хеле барвақт ба ҷашнҳои баҳору Наврӯз омодагӣ мегиранд. Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар вилояти мо аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони боғу токзор афзун гардида, номгӯи зиёди дарахтони сояафкану ороишию мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо ва даҳҳо намуди дигари гулҳо шинонида мешавад, ки ин ҳама шукӯҳу ҷалоли Наврӯзро бештар менамояд. Маҳз кишоварзони хатлонӣ аз аввалинҳо шуда дар миқёси кишварамон маҳсулоти сабзавоти барвақтиро пешкаши мардум намуда, дар фаровонию ғанигардонии бозорҳо саҳми худро мегузоранд. Дар радифи ин дастовардҳо дар шаҳру навоҳии вилоят дар арафаи ҷашнҳои миллӣ даҳҳо иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, кӯчаву хиёбонҳо гулпӯшу сабзкорӣ мегарданд.

Бинобар ин, ба фасли нозанини баҳор рост омадани ҷашнвораву дигар иду маросими мардумии мо фоли нек арзёбӣ мегардад. Оре, баҳор, ки шабеҳи бонувон пурасрору нозанин аст, бо 8-уми март- Рӯзи модарон, яъне санаи арҷгузорӣ ба зан-модар, сарчашмаи ҳаёти инсонӣ оғоз меёбад. Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бонувони кишвари мо сарфарозу хушбахт аз онанд, ки тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занон дар ҷомеаи мо мақому манзалати баландро соҳиб гардидаанд. Чуноне ки дар Паёми навбатии Сарвари давлат таъкид гардидааст: «Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад».
Наврӯзи хуҷастапайк бо муждаи шодию муҳаббат, покию садоқат, зебоию тароват ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон нишоту хуррамӣ оварда, аз баракати қадамҳои пурфайзу бобаракаташ оламу одам дигар мешавад. Боғистону чаманҳои рангоранг гулпӯш, талу теппаҳои сарсабзу махмалин табиати Наврӯзи Ватани моро зебову дилафрӯз менамояд. Мардум дар тараддуди амалӣ намудани анъанаву суннатҳои неки ниёгон ба тоза кардани кошонаю кӯчаву хиёбонҳо, пухтупази суманаку дигар анвои наврӯзӣ фасли баҳору мавсими кишту корро пешвоз мегиранд. Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ имрӯзҳо дар ҳамаи минтақаҳои вилояти Хатлон базми наврӯзӣ барпо намуда истодаанд. Мардум бо шодию хуррамӣ ва орзуву ормонҳои навин фасли баҳорро истиқбол менамоянд, то дар ин сол бо заҳмату талоши пайваста ба дастовардҳои шоёни меҳнатӣ ноил гардида, ба ин васила сатҳи зиндагии хешро беҳтар намоянд ва саҳми бештаре дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз бигузоранд.
Наврӯзи ҷаҳонӣ ба ҳамдиёрон хуҷаста бод!
Латофати МИРЗОСАИД
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД



