Бойгонӣ

РӮЗГОРИ ФАЙЗБОР

Хушбахтона, дар ҷомеа шахсиятҳоеро вомехӯрем, ки бо кору пайкори нек, ахлоқи ҳамида, масъулиятшиносии баланд ва хислатҳои наҷиби инсониашон байни мардум обрӯманд гардида, дар пешравию ободонии Ватан саҳм мегузоранд.Тағай Иброҳимов аз зумраи нафаронест, ки тамоми донишу истеъдод ва умри худро сарфи хизмати халқу Ватан намудааст.
Шаби 9 майи соли 1945 вақте ки муждаи ғалабаи халқҳои собиқ Шӯравӣ бар фашизм расид, дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи амаки Азиз тифле ба дунё омад, ки Тағай номаш ниҳоданд. Бо мурури солҳо таҳсилоти миёнаро хатм карда, ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуд. Баъди маълумоти олӣ гирифтан бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ноҳияи Вахш ба кор рафт. 
Муддате ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Вахш фаъолият намуд. Бо дониши баланд ва заҳматҳои пайваста миёни шогирдон ва мардум обрӯю эҳтиром пайдо кард. Дониши баланду масъулиятшиносӣ ва истеъдоди касбиашро ба инобат гирифта, ӯро муовини сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 таъйин намуданд. Заковату дониши баланд, муносибати самимӣ бо ҳамкорон, қобилияти хуби роҳбарӣ ва ташкилотчигиаш байни ҳамкорону аҳли маорифи ноҳия соҳиби иззату эҳтиром гардид. Баъдтар бо зарурати зиндагӣ ва вазъи оилавӣ ба ноҳияи ҳозираи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кӯчида, ҳамакнун то имрӯз дар ин ноҳия кору фаъолият дорад.
Баробари дониши баланди касбӣ Тағай Иброҳимов истеъдоди баланди эҷодӣ  дорад. Ҳамин буд, ки ӯ якчанд сол дар рӯзномаи ноҳиявии «Зафар» ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъба фаъолият намуд.
- Ифтихор аз он дорам, ки ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ бо Шоири Халқии Тоҷикистон, инсони бузург Ҳақназар Ғоиб дар як курс таҳсил мекардам, - иброз дошт дар оғози суҳбат Тағай Иброҳимов.
Ба қавле, ки «Камоли ҳамнишин бар ман асар кард» Тағай Иброҳимов  чун узви маҳфили эҷодии «Гулранг»  ҳамроҳи Ҳақназар Ғоиб шеърҳои тозаэҷоди худро пешкаши устодону донишҷӯён менамуд. Дар конференсияҳои илмию эҷодӣ иштирок карда,  аз устодони назми тоҷик Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқу Гулрухсор ва Бозор Собир тавсияву маслиҳат мегирифт. Ҳамчун ходими адабии рӯзномаи ноҳиявӣ ва рӯзноманигор доир ба мавзӯъҳои гуногуни сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мақолаҳои пурмазмуну ҷолиби диққати хонандагон менавишт. Мавзӯъҳои асосии навиштаҳояш масъалаҳои мубрами рӯз буд, ки мавриди таваҷҷуҳи мардум қарор мегирифт. Дар ин миён чанд сол ба корҳои ҳизбию хизмати давлатӣ пардохта, дар Кумитаи ҳизби коммунистии ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамчун мудири шуъбаи ташвиқоту тарғибот фаъолият намуд. Фаъолияти хубу пурсамар, кордонию дигар зарфиятҳояшро омӯхта, ӯро дар соли 1991 ба вазифаи сарвари омӯзишгоҳи касбӣ – техникии №17 (ҳоло коллеҷи техникӣ) таъйин намуданд. 
Дар давраи бесарусомониҳо ва нооромиҳои кишвар ҳар кас аз уҳдаи иҷрои роҳбарии ин муассисаи бонуфуз баромада наметавонист. Тағай Иброҳимов бо қобилияту кордонии ба худ хос ва матонату ҷасорат 10 сол вазифаи омӯзишгоҳро аз дилу ҷон ва бо сари баланд иҷро кард. Гурӯҳҳои силоҳбадаст бо зӯрӣ дар як қисми бинои омӯзишгоҳ ситод ташкил намуда, баъзан вақт онҳо ба раванди таълиму тарбия халал ворид месохтанд. Бо зӯри силоҳ ба роҳбари омӯзишгоҳ шартҳои бемавриду ғайриқонунӣ пешниҳод карда, асбобу таҷҳизот, мебел ва дигар ашёҳои муассисаро азони худ карданӣ мешуданд. Кор ба ҷойе расида буд, ки фурсатталабон хоҳони хусусӣ кардани  як қисми заминҳои омӯзишгоҳро доштанд, вале Тағай Иброҳимов ҷасурона мавқеъгирӣ мекард, ки ягон ваҷаб замини муассисаи таълимиро ба ихтиёри дигар кас дода наметавонад. Ҳамин тавр, баъдан бо ташаббуси ӯ ва бо мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ситоди силоҳбадастон фаъолияти худро қатъ намуд.
Бо мурури таъмини тинҷию осоиштагӣ ин роҳбари кордону ташаббускор раванди таълиму тарбия ва касбомӯзии хонандагони омӯзишгоҳро дар сатҳи хеле баланд ба роҳ монд. Бо ташаббуси ӯ мувофиқи талаботи бозори нави меҳнат дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ ихтисосҳои ресандагӣ, ҷуроббофӣ, ошпазӣ, қаннодӣ, дуредгарӣ, занбӯриасалпарварӣ таъсис дода шуд. Бо саъю талошҳои зиёд ашёҳои зарурӣ ва мутахассисони пуртаҷрибаро аз пойтахти кишвар ба омӯзишгоҳ меовард. Бо туфайли роҳбарии оқилона ва ташаббусҳои созандааш садҳо нафар ҷавондухтарону ҷавонписарон омӯзишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, соҳиби касбу ҳунарҳои гуногун гардиданд. Дар як қисми замини муассиса боғи хеле зебо бунёд намуд, ки ҳоло ҳам дарахтонаш ҳосили хубу фаровон медиҳанд.
Баъдан, Тағай Иброҳимов тӯли солҳои 2000-2004 дар вазифаи роҳбари шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия фаъолият намудааст. Дар ин ҷода ҳам таҳти роҳбарии оқилона ва ташаббусҳои созандааш дар ҳамаи 8 ҷамоатҳои деҳот ва ҷамоати шаҳраки Москва озмунҳои «Табиат хонаи мост», «Муҳити зистамонро тозаю озода нигоҳ медорем» гузаронида мешуд. Ҳамасола дар мавсими кабудизоркунӣ қад-қади роҳҳои байни деҳаҳо ва кӯчаҳои маркази ноҳия ҳазорҳо бех ниҳолҳои мевадору сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида мешуд.
 Хизматҳои содиқонаву қобилияту малакаи роҳбариашро ба назар гирифта, соли 2005 Тағай Иброҳимовро ба вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия таъйин намуданд. То соли 2012 дар ин вазифаи пурмасъулият фаъолият дошта, дар ин муддат дар  ҷобаҷогузории кадрҳо ва пешбарии мутахассисони поквиҷдону ботаҷриба ба вазифаҳои гуногуни роҳбарии ташкилоту муассисаҳо саҳми муассир гузоштааст. 
Инчунин шахсиятҳои ба халқу Ватани худ содиқ дар кадом симате набошанд, вазифаву масъулиятҳои ба зимма доштаашонро сарбаландона иҷро мекунанд. Азбаски дар соли 2012 фаъолияти нашрияи ноҳиявӣ дар сатҳи паст қарор дошт, Тағай Иброҳимовро ҳамчун нафари кордону донишманд ба вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Зафар»  таъйин намуданд. Дар муддати кӯтоҳ қаламкашони боистеъдоду касбӣ ба ҳамкорӣ даъват гардида, дар саҳифаҳои рӯзнома матлабҳои ҷолибу хонданӣ пайдо шуд.Ин буд, ки ин нашрияи маҳаллӣ ба зудӣ миёни сокинони ноҳия маҳбубият пайдо кард. Ҳамин сон, Тағай Иброҳимов то лаҳзаи ба нафақа баромаданаш шикастанафсию хоксорӣ ва дигар хислатҳои наҷиби инсониро ҷавҳари кору зиндагии худ дониста, бо кори неку номи нек дар ҷомеа соҳиби иззату эҳтиром гардидааст. Тавре ки худ иқрор меояд, шоҳбайти Соиби Исфаҳониро шиори худ дар зиндагӣ медонад:
Агар номи баланд аз чарх хоҳӣ, сабр кун, Соиб, 
Зи пастӣ метавон рафтан ба бом оҳиста-оҳиста.

Тағай Иброҳимов тамоми донишу малака ва ҳастии худро барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, тарбияи насли наврас, дастгирии ниёзмандон ва мусоидат дар ҳалли мушкилоти  мардум сарф намудааст. Барои фаъолияти пурсамари корӣ соҳиби унвонҳою мукофотҳои зиёд гардида, ба синну соли худ нигоҳ накарда, ҳоло ҳам лаҳзае бекор истода наметавонад. Ба боғпарварию зироаткорӣ машғул буда, аз замини наздиҳавлигиаш ҳосили фаровон ба даст меорад. Аз ҳаёти гузаштаву рӯзгори файзбораш қаноатманд буда, ифтихор аз он дорад, ки дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадре ҳам бошад саҳми худро гузоштааст.
                              Аъзам БОБОЕВ, рӯзноманигор  

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019