Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Даргузашти шахсияти нотакрор
Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯ,Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.
Бедил
Собиқадори ҷангу меҳнат Мирзо Бекматов соли 1924 дар замони таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Зардолуваки ноҳияи зебоманзари Шӯрообод ба дунё омадааст. Дар 10-солагӣ ятим монда, аввал дар мактаб-интернати ноҳияи Шӯрообод ва сипас, дар Комбинати педагогии шаҳри Кӯлоб таълиму тарбия мегирад.
Дар ин ҷо ӯ то соли 1937 таҳсил намуда, баъдан, то соли 1940 дар техникуми роҳсозии шаҳри Сталинобод илм омӯхта, ҳамзамон дар сохтмони роҳи автомобилгарди «Сталинобод – Хоруғ» ширкат варзид. Сипас, соле дар донишгоҳи муаллимии шаҳри Тошканд таҳсил кард, аммо ҷанги дувуми ҷаҳонӣ монеи идомаи илму донишандӯзиаш гардид. Ҳамин тавр, Мирзо дар синни 17-солагӣ бо ихтисоси омӯзгор ба собиқ ноҳияи Шӯрообод фиристода мешавад. Моҳи январи соли 1943 ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ даъват шуд ва то соли 1945 дар ҳайати бригадаи танкии Витебск ҳамчун қумандони гурӯҳи зенитчиён бар зидди душман ҷангид. Дар рафти муҳорибаи таърихии «Багратион», дар 20-солагӣ Мирзо Бекматов ҳамчун номзад ба аъзогии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфта шуд.
Соли 1946 аз сафи Қӯшунҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ баргашта, фаъолияти худро дар бонки амонатгузории ноҳияи Шӯрообод идома дод. Соли 1947 ӯро котиби ташкилоти комсомолии ноҳияи Шӯрообод интихоб намудаанд. Солҳои 1948-1950 дар Мактаби олии комсомолии шаҳри Москва назди Кумитаи Марказии ВЛКСМ таҳсил намуда, баъди хатми он ба вазифаи котиби Кумитаи комсомолии вилояти Кӯлоб таъйин мешавад. Солҳои 1952-1964 дар вазифаҳои мудири Раёсати маданияти вилояти Кӯлоб, котиби Кумитаи партиявии шаҳри Кӯлоб, раиси комиҷроияи шаҳри Кӯлоб фаъолият кардааст.
Баъд аз хатми факултаи таърихи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе соли 1964 ӯро ба шаҳри Москва ба Мактаби олии Комитети Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ равон карданд. Аз соли 1965 то аввали соли 1974 котиби якуми Комитети ҳизби коммунистии шаҳри Кӯлоб фаъолият намуда, пасон то соли 1986 раиси Комитети назорати халқии вилояти Кӯлоб буд.
Мирзо Бекматов 2 маротиба вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Шӯрои вилояти Кӯлоб интихоб шудааст. Ӯ Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Кӯлоб ва Собиқадори шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Анҷумани ХХIII Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ва аъзои Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буда, барои хизматҳои шоёнаш дар майдонҳои ҳарб ва арсаҳои гуногуни хизматӣ сазовори нишонҳои «Инқилоби Октябр», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Нишони Фахрӣ» дар умум ба 20 медалу 60 ифтихорнома сарфароз гардонида шудааст. Иштирокчии ҳамоишҳои бахшида ба ҷашнҳои 50-солагӣ ва 65-умин солгарди Ғалаба бар фашизми гитлерӣ дар шаҳри Москва мебошад. Ҳамчунин, соли 2010 бахшида ба 65-умин солгарди Иди Ғалаба аз тарафи собиқадорони ҷанги 2-юми ҷаҳон Мирзо Бекматовро барои иштирок дар тантанаҳои идона ба кишвари Фаронса даъват намуданд. Мирзо Бекматов солҳои охир ба ҳайси раиси Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон фаъолият кард. Дар баробари фаъолияти пурсамари меҳнатӣ давоми солҳои пурбаракати ҳаёташ ба омӯзиши асарҳои бузургони адабиёт ва олимони намоён шуғл варзида, чун ходими намоёни сиёсию давлатӣ ба эҷоди асарҳои илмию бадеӣ ва нигоштани хотираҳо машғул гашт. Давоми солҳои бознишастагӣ як силсила асари ӯ, аз қабили «Таърихи ташкилёбии Ҳокимияти Шӯравӣ дар шаҳру ноҳияҳои гурӯҳи Кӯлоб», «Комбриг Томин», «Раиси комитети инқилобӣ Саидҷон Назаров», қиссаи ҳуҷҷатии «По зову времени», «Паҳлуҳои зиндагӣ» ва «Умри босамар» пешкаши хонандагон гардидааст.
Бо ҳама саъю талошҳои шабонарӯзӣ ва 97 соли умри пурбаракаташ чун дигар шахсиятҳои маъруф корҳои зиёдаш анҷом наёфта буданд. Инсоне, ки бар замми масъулияти муҳими ҷамъиятиву сиёсӣ умри бобаракати худро ба мутолиаи китоб сипарӣ намудааст, афкору андешаҳои зиёди ногуфтаеро бо худ бурд.
Барои хизматҳои шоёнаш дар тӯли 50 соли фаъолияти роҳбарӣ ва заҳмати софдилонаву содиқонааш бо нишону медалҳо ва ифтихорномаҳои зиёд қадрдонӣ шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ташриф ба шаҳри Кӯлоб борҳо бо ин марди наҷиб вохӯрда, аз тандурустиву зиндагиаш бохабар мешуданд.
Иштироки садҳо нафар мардумони заҳматкаш, кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва сиёсатмадорону зиёиёни кишвар дар маросими дафни Мирзо Бекматов бозгӯи қадрдонию эҳтироми бузург нисбати ин фарзанди вафодори Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Дар рӯзи маргаш мардум аз лаҳзаҳои хотирмони рӯзгори ин фарзанди фарзонаи миллат ёдовар шуда, ҳаёту фаъолияти пурсамари ӯро достони ибратомӯзе барои наслҳои имрӯзу фардои шаҳри бостонии Кӯлоб гуфтанд.
Билоли ШАМС, шаҳри Кӯлоб
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ 08:291147 НАФАР АЗ МУАССИСАИ ИСЛОҲИИ №3/6-И НОҲИЯИ ЁВОН БА ОЗОДӢ БАРГАШТАНД 14:41
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
АЗ УМЕД ТО ХАТАР


