Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Рӯзгоре барои ибрат

Эмомалӣ Раҳмон
Воқеан, зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зан – модар ба ин неруи ақлонию зеҳнӣ, бунёдкору созанда, ташаббускору дилсӯзи давлату миллат бори дигар эътимоду эҳтиром ва боварии комили хешро изҳор дошт.
Дар кӯчаи «Ваҳдат»-и ҷамоати шаҳраки Шаҳритуси ноҳияи Шаҳритус чунин як зани оқилаву ташаббускор бо номи Шаҳодат Алиқулова кору зиндагӣ дорад, ки миёни аҳли ҷомеа ҷой ва мақоми хосаи худро дорост. Шаҳодат фарзанди духтури машҳур, собиқ сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён, собиқ директори Коллеҷи тиббии ноҳияи Шаҳритус, ҷарроҳи варзида Мамадрасул Турақулов ва модари меҳрубон собиқ корманди боғча Ҳалима Пайғомова мебошад. Ӯ дар ҳамин оилаи бомаърифат дар деҳаи Сайёди имрӯза ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар МТМУ рақами 7–и деҳаи Сайёд то синфи 4 – ум таҳсил карда, дабистони рақами 1 – и маркази ноҳияи Шаҳритусро соли 1992 бомуваффақият хатм намудааст. Шаҳодат аз муаллими аввалинаш Маҳмадназар Иззатов ва дигар устодонаш ба некӣ ёд мекунад, ки аз онҳо сабақи одаму одамгарӣ омӯхтааст.
Шаҳодат Алиқулова аз бобою бибиаш, аз падару модараш, аз гузаштагони бонангу номусаш, ки ин гӯшаи диёрро обод карданд, насли ояндасози миллатро ба камол расониданд, пайи солимии мардум қувваю донишашонро дареғ надоштанд, ифтихор дорад.
- Бобоям зиндаёд Алиқул раиси хоҷагӣ буданду солҳои зиёд роҳбарӣ карда, роҳ сохтанд, мактабу кӯпрук бунёд карданд, дасти мардум гирифтанд, бибикалонам София аввалин муаллима аз деҳаи Сайёд, ба фарзандони халқ аз фанҳои забон ва адабиёти рус сабақ медоданд. Солҳои баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ обод кардану соҳибмаълумот шудан, наслро тарбия кардан осон набуд,- ба ёд овард аз гузаштаи пурифтихори аҷдодон Шаҳодат Алиқулова.
Шаҳодат Алиқулова ба Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) дохил шуда, баъди як сол ба таври гузариш таҳсилро дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Шаҳритус давом дода, соли 1994 ин боргоҳи маърифатро хатм мекунад. 4 сол дар Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус ба сифати ҳамшираи шафқат дар шуъбаи ҷарроҳӣ, қабули беморон ва шуъбаи гӯшу гулӯю бинӣ фаъолият дошт. Аз устодони варзида, ба монанди номзади илмҳои тиб Бобоқамбар Авазов нозукиҳои касбро меомӯзад.
- Шаҳодат Алиқулова дар куҷое набошад, дар кадом вазифае кор накунад, ӯ шогирди мост,- мегӯяд Бобоқамбар Авазов. Ӯ дар ҳақиқат, зани ростқавл, масъулиятшинос, дидадаро ва ташаббускор мебошад, ки ин фазилатҳояш ӯро миёни мардум соҳибэҳтиром гардонидааст.
Ин зани оқила вобаста ба талаботи давру замон муддате ба соҳибкорию тиҷорат пайваст. Аз соли 1999 то соли 2017 дар бозори «Пайванд» - и ноҳияи Шаҳритус ба савдо машғул шуд, зиндагиашро ба сомон овард, аз дигарон низ кумаки хешро дареғ надошт.
Аз соли 2014 то имрӯз ба сифати раиси Кумитаи падару модарон ва омӯзгорони дабистони рақами 1–и ноҳия ва ба сифати ҳамшираи шафқати Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 содиқона ифои вазифа дорад. Барои заҳматҳояш борҳо бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳал, шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус қадршиносӣ гардидааст. Дар ҳама чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкати фаъолона намуда, ноҳияро муаррифӣ мекунад. Зани хушмуомилаву дидадарост.

Устодону толибилмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 – и ноҳияи Шаҳритус аз Шаҳодат Алиқулова саҳми ӯ дар ободонии мактаб, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия изҳори сипос менамоянд.
- Бароям мояи ифтихору сарфарозист, ки тӯли умри хеш берун аз ҷумҳурӣ ба шаҳрҳои Федератсияи Россия, Ӯзбекистон ва Афғонистон сафар кардам. Дари ҷаҳони нав ба рӯям боз шуд, вале Тоҷикистони азизи худро мамлакати биҳиштӣ дарёфтаму аз обу хокаш аз сарвари бохирадаш, аз мардуми созандаву бунёдкораш танҳо ва танҳо шукргузор бояд буд,- бо нигоҳи ватандорӣ арзи дил намуд Шаҳодат Алиқулова.
Дар ҳақиқат, Шаҳодат Алиқулова бо пайравӣ аз гузаштагон аз бобои бунёдкораш зиндаёд Алиқул кӯпруки бунёдкардаи бобояшро азнавсозӣ карда, 10 нафар фарзандони оилаҳои камбизоатро хатнасур намуд, бо сарулибос таъмин кард ва дар назди худ мақсад гузоштааст, ки боз дигар амалҳои инсондӯстонаро минбаъд ҳам анҷом бахшад.
Шаҳодат Алиқулова хоҷагидор ҳам мебошад. Ӯ замини файзбахшро рӯзирасони ҳар як оила медонад. Аз ин нигоҳ дар 4 гектар замини хоҷагии деҳқонии «Ҳалимабибӣ» ҳар сол 2 – 3 ҳосили хуби гандум, маккаи дон, сабзавот бардошта сатҳи зиндагии худро ба сомон меоранд. Дар баробари ин дар хоҷагии ёрирасони назди ҳавлӣ парвариши чорво, ниҳолҳои мевадиҳанда ва мурғпарвариро ба роҳ монда, ба миқдори даркорӣ маводи ғизоӣ захира намудаанд.
Аз зиндагии хушу хуррамона бо шодравон шавҳараш, собиқ корманди мақомоти милитсия ва «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Ҳоким Хоҷаев соҳиби се фарзанд гардиданд, ки имрӯз фарзандони хонадон Диловар, Фаридун ва Шабнам дар вазифаҳои масъул пайи ободии диёр софдилона кор карда истодаанд.
Фарзандони оила аз модари худ ифтихор мекунанд, ки дар пешрафту ободии ҷомеа ҳиссагузор мебошад, соҳибэҳтиром асту мардум ба қадраш мерасанд.
Наберагону фарзандон дар рӯҳияи баланди ватандорӣ, инсондӯстӣ, илму донишандӯзӣ ба камол мерасанд, ки ин солимӣ ва бомаърифатии оиларо нишон медиҳад.
Ба Шаҳодат Алиқулова зани соҳибмаърифату бунёдкор, дилогоҳи мардум, ватандори асил ва аҳли оилаи ӯ тани сиҳату саодати рӯзгорро таманно дорем.
Саидзода ШЕРАЛӢ
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 15:48Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд 15:03Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд 16:48Ҷ. Балхӣ. Корхонаи ордбарорӣ дубора эҳё мешавад 15:36Беш аз 1000 нафар бо ҷои кор таъмин шуд 15:44“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо” 14:51Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30
Серхонандаҳо
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
ДАСТОНИ ПУРҲУНАР
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад